Вайроншавӣ ва хусусиятҳои муоширатӣ
Оиди вайроншавӣ ва хусусиятҳои муоширатӣ
Кӯдакон бештар бо норасоиҳо ва вайроншавиҳои зерини муошират дучор мешаванд:
- Норасоиҳои нутқӣ/муоширатӣ - ин мушкилот дар дарк ва ё истифода бурдани нутқ барои мубодилаи идеяҳо
- Вайроншавии нутқ – ин мушкилоти талаффуз, якҷоя намудани овозҳо дар калимаҳо бо мақсади он, ки одамон тавонанд, онро фаҳманд
- Лакнат
- Мушкилиҳои овоз, ба монанди овози хирроснок, нафаскашии тез, овози тез ва ё беҳад баланд/паст, садои беҳад паст.
- Мушкилот/норасогии муоширати иҷтимоӣ.
Дастгирӣ ва табобати кӯдакони дорои норасогӣ ва ё хусусиятҳои муошират дошта
Дар баъзе кӯдакон, норасогӣ ва ё хусусиятҳои муошират он бо мурури синну сол аз байн мераванд, дар ҳоле ки дар кӯдакони дигар, мушкилоти муошират метавонад, нисбатан муддати тӯлонӣ идома ёбад.
Агар кӯдаки Шумо норасогиҳои муоширатӣ дошта бошад, дастгирӣ ва табобате, ки ӯ дар онҳо мӯҳтоҷ аст аз мушкилиҳое, ки ӯ дорад, вобаста аст.
Эҳтимол аст, ки мутахассиси инкишофи нутқ бо фарзанди Шумо кор хоҳад кард. Мутахассиси нутқ метавонад фарзанди Шуморо арзёбӣ намуда, роҳ ва усули беҳтаринро барои кӯмак дар инкишофи қобилияти муошират пайдо кунад.
Инчунин Шумо бояд бо мутахассисони дигар маслиҳат кунед, ба монанди:
- аудиолог
- омӯзгори махсус
- табиб - генетик
Сабабҳои вайроншавии муоширатӣ
Сабабҳои бештаре, ки ба хусусиятҳо ва вайроншавии муошират меоранд барои мо маълум нестанд.
Баъзе мушкилиҳои муоширатӣ метавоннанд вобаста ба ҳолати генетикӣ бошанд.
Баъзан кӯдакон танҳо ихтилоли муоширатӣ доранд, гарчанде, ки дигар мушкилиҳо дар инкишоф надоранд.
Баъзан кӯдакон дар баробари доштани дигар хусусиятҳои саломатӣ ва ё инкишоф, мушкилиҳои муоширатӣ низ пайдо шуда метавонанд. Ба монанди шароитҳои зерин:
- шикофии лаб ва ком
- гиреҳҳо дар мушакҳои овоз
- хусусиятҳои инкишофи зеҳнӣ
- осеби мағзи сар ва ё инсулт
- хусусиятҳои спектри аутистикӣ
- синдроми Даун
- фалаҷи майнаи сар
- хусусияти шунавоӣ