Таваҷҷуҳи мусбат аз рӯзҳои аввали ҳаёт

Ҳисси бехатарӣ ва муҳофизат дар ботини кӯдак дар заминаи муносибатҳои ғамхоронаву тарафайн бо шахсони калонсол ташаккул меёбад. Агар ҳангоми ба Шумо нигоҳ кардани кӯдак, Шумо ба ӯ табассум намоед, дар мавриди ғамгин будан ё тарсиданаш ӯро дилбардорӣ намуда ҳавасманд гардонед, ба чизҳои ҷолиби диққати ӯ таваҷҷуҳ кунед ва ӯро ба амалҳои дигар ҳавасманд намоед – кӯдак худро дар бехатарӣ эҳсос намуда барои таҳқиқи муҳити атроф омода мешавад.
Body

Тавсияҳо дар бораи чӣ гуна таваҷҷуҳи мусбат додан ба кӯдак аз рӯзҳои авали ҳаёт:

  • ҳангоми ба Шумо нигоҳ ё табассум кардани кӯдак Шумо низ табассум намоед;
  • дар мавриди гиря кардани кӯдак ӯро ором намоед;
  • ба овозҳои баровардаи кӯдак аксуламал нишон дода ягон чиз гӯед ё ба овозҳояш тақлид кунед;
  • ба чашмонаш нигоҳ карда сухан гӯед;
  • бо тағйир додани оҳанги овоз ё чеҳраи худ диққати кӯдакро ҷалб намоед;
  • кӯшиш кунед, ки оҳиста ва нарм сухан гӯед;
  • мушоҳида намоед, ки кӯдак ба чӣ диққат зоҳир мекунад ва ӯро ташвиқ намоед, ки муҳити атрофро тадқиқ намояд – гирад, дасташро барои гирифтан дароз кунад, чашад, партояд, ба ҳаракат дарорад, бо чашмонаш назорат кунад, кобад. Дар баробари ин ба ӯ табассум кунед, амалҳояшро бо сухан гуед, ӯро барои комёбиҳояш ҳавасманд намоед;
  • вақте, ки ба кӯдак муроҷиат мекунед, вақт диҳед то ин ки вай аксуамал нишон диҳад, пурсабр кунед ва кӯдаки худро ҳангоми муваффақ шуданаш бо табассум ва суханони нек рӯҳбаланд намоед.

Бигзор кӯдак дар ҳамаи равандҳо иштирок кунад. Вақте ки ӯ ифодаи чеҳраро иваз мекунад ё садо мебарорад, бо табассум ва суханони нарм рафтори ӯро ҳавасманд намоед.