7-9 моҳагӣ- Кашфиётҳои нав

Агар ман ба Шумо гуфта метавонистам ... “Ман медонам, ки ман чиро мешиносам ва дар назди он чизе, ки ба ман шинос аст, ҳузур доштанро дӯст медорам. Ман худамро дар бехатарӣ эҳсос мекунам, вақте медонам, ки чӣ рух додааст ва чӣ мешавад. Ба ман инчунин чизҳои нав маъқул аст, бинобар ин ман онҳоро таҳқиқ намудан дӯст медорам ва дар бораи онҳо ҳама чизро донистан мехоҳам. Намедонам барои чӣ лекин акнун вақте, ки чеҳраҳои навро мебинам ё ин ки одами ношиносро мебинам, ман на ҳамавақт худро хушҳол эҳсос менамоям. Баъзан ба ман тарсовар аст. Вақте, ки ман хурдтар будам, ба ман ин одамон маъқул буданд. Акнун, вақте, ки ҳатто ба ман тарсовар бошад ҳам, наздикии Шумо, оғӯш ва калимаҳои меҳрубононаи Шумо ба ман кӯмак менамоянд, ки тарсамро дур кунам. Дигар чизҳои нав низ ба амал меоянд – ман номи худро медонам ва тоб мехӯрам, вақте, ки Шумо номи маро талаффуз кунед, ба Шумо нигоҳ мекунам. Ман дигар калимаҳоро низ медонам ва кӯшиш мекунам, ки баъзеи онҳоро талаффуз кунам. Бозиҳои ба монанди русшавакон, маро ба ҳаяҷон меоваранд ва ба ман кӯмак менамоянд, дарк кунам ки ашёҳо ва одамон метавонанд гум шаванд ва ба назди ман баргарданд. Хабарҳои хуш – ман нишаста, гавак кашида метавонам ва кӯшиши бархестан мекунам. Ҳоло воситаҳои зиёди таҳқиқ ва кашфиёт вуҷуд дорад.

Инкишофи кӯдак дар давраҳои аз 7 то 9 моҳагӣ

Муошират

Чӣ навигарӣ аст?

Аз 7 то 9 моҳагӣ кӯдак аксар вақт овозҳои кӯдакона талаффуз мекунад. Овози ӯ метавонад мисли гуфтугӯи воқеӣ бо истифодаи ритми нутқ садо диҳад, ҳатто агар Шумо калимаҳоро нафаҳмед. Дар ин давра, баъзе кӯдакон аллакай кӯшиш мекунанд, ки калимаи аввалини худро гӯянд, ки эҳтимол онҳо “ма-ма” ё “да-да” садо медиҳанд, ҳатто агар кӯдак ҳанӯз маънои дақиқи онро надонад. Дар ин синну сол, шумо мушоҳида карда метавонед, ки кӯдак баъзе калимаҳоро мефаҳмад – масалан, вақте, ки Шумо мепурсед: “Модар дар куҷост?” ё “Падарат дар куҷост?”, ӯ метавонад модар ё падари худро бо чашм ҷустуҷӯ кунад. Ё ин ки метавонад ҳангоми шунидани калимаи “не” кори кардаашро бас кунад.  

 

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Вақте, ки корҳои ҳаррӯзаро ба анҷом мерасонед, бо кӯдак сӯҳбат намоед. Ба ӯ шунидани сӯҳбати Шумо маъқул аст. Ин осон аст: ба ӯ гӯед, ки чӣ кор карда истодаед, кор кардан мехоҳед, ё ин ки ашёҳоеро, ки Шумо истифода мебаред ё дар гирду атрофи кӯдак аст, номбар намоед. Ин ба фарзанди Шумо барои пайваст намудани ашё бо номаш ва маънояш кӯмак менамояд. Вақте, ки кӯдаки Шумо садоҳои кӯдакона мебарорад, ба ӯ меҳрубонона ҷавоб диҳед. Масалан, агар вай овози “а-а-а”-ро ба себ нигоҳ карда барорад, Шумо метавонед, ба овозҳои ӯ тақлид намуда боз гуед: “О, ту себро дида истодаӣ? Бин ин себ аст!” Ба ғайр аз суҳбат бо ӯ, ҳар рӯз суруд хонед, бозӣ намоед, ҳикоя нақл кунед ва китоб хонед. Ин амалҳо ба кӯдак нишон медиҳад, ки Шумо ӯро то чӣ андоза дӯст медоред ва барои муошират намудан кӯмак менамоед.     

Ҳиссиёт

Чӣ навигарӣ аст?

Дар ин синну сол фарзанди Шумо ҳатто бе сухан метавонад, ба Шумо аниқ фаҳмонад, ки ӯ хушҳол аст ё озурдаҳол. Дар ин моҳҳо дар кӯдаки Шумо алоқа ва дилбастагии устувор нисбат ба Шумо, аъзоёни наздики оила ё ин ки парасторон ташаккул меёбад. Дар баробари ин дар ӯ нисбат ба дигар одамон тарс пайдо мешавад. Агар ба хонаи Шумо ҳамсояи хушмуомила ояд ҳам, фарзанди Шумо метавонад пинҳон шавад ё гиря кунад, гарчанде, ки чанд моҳ пеш оромона ба ин одам наздик мешуд. Ӯ аниқ медонад, ки шахсони наздиконаш киҳо ҳастанд ва таваҷҷуҳу кӯмаки онҳоро ҷустуҷу мекунад. Кӯдак аз имкониятҳои ҷисмонии худ истифода мебарад, то ин ки ба Шумо ё дигар шахси наздикаш ояд, ӯ табассум мекунад ва умедвор аст, ки Шумо ба ӯ ҷавоб медиҳед. Агар Шумо ба вақте на он қадар зиёд ҳам аз хона бароед, кӯдак метавонад, ғамгин шавад. Агар кӯдак аз чизе нороҳат шавад, вай мекӯшад, ки ӯро ба оғӯш гиранд ва ором кунанд.

 

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Дар хотир нигоҳ доред, ки рафтори муқаррарӣ дар ин синну сол мебошад ва он нишон медиҳад, ки кӯдак шахсони аз ҳама наздикашро дар ин ҷаҳон мешиносад ва медонад, ки то чӣ андоза онҳо нисбати ӯ ғамхорӣ мекунанд. Гарчанде, ки ин рафтор баъзан душвориҳоро пеш меорад, пуртоқат бошед ва ба кӯдак имкон диҳед, ки ҳангоми вохурдан бо одамони нав, ӯ  худро дар бехатарӣ эҳсос намояд. Аҳамият диҳед, ки фарзанди Шумо ба вазъият ва одамони нав чӣ гуна таасур дорад, чунки ин таасурот метавонад ҳар ҳафта иваз шавад. Агар одамони нав қисми ҳаёти ӯ бошанд, кӯшиш намоед, ки кӯдак ба онҳо одат намояд ва худро осуда эҳсос намояд. Эҳсосоте, ки Шумо дар фарзандатон пай бурдед, номбар намоед: “Бале ман дида истодаам, ки ту метарси. Ҳамааш хуб мешавад. Ман дар ҳамин ҷой ҳастам. Кани бинем, мо метавонем ба ту кӯмак намоем, то ин ки ту худро беҳтар эҳсос намои”.

Агар ба шумо мунтазам ба кор рафтан ва кӯдакро дар ҷое гузоштан лозим ояд, мисол, дар ширхоргоҳ ва ё бо доя, боварӣ ҳосил намоед, ки ашёҳои дӯстдоштаи кӯдак бо ӯст ва  кӯдак ба он шахсе, ки дар ин муддати вақт ба ӯ дояги менамояд одат кардааст. Агар имкон бошад кӯшиш кунед, ки дар ғайби Шумо ба кӯдак ҳамон як шахсон нигоҳубин намоняд.

Тафаккур

Чӣ навигарӣ аст?

Азбаски фарзанди Шумо гаваккаширо оғоз мекунад, эҳтимол ҳатто бо кӯмак меистад, барои ӯ қисми ҳаёти нав кашф мешавад. Ҳангоме, ки ӯ ашёҳои шавқоварро мегирад, акнун бо қапиши дақиқ гирифта бодиққат онро аз назар мегузаронад. Агар Шумо бозичаро бо матоъ пӯшонед, пас вай онро дар он ҷое ки бори охир дидааст, ҷустуҷӯ мекунад. Агар ӯ чизе партояд, бо чашмони худ пайравӣ мекунад ва ҷойе, ки ашё афтидааст, мекобад. 

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Бозиҳои “чашмпӯшакон” бозӣ кунед ё бозичаҳоро дар зери кӯрпа пинҳон карда, ба кӯдак нишон диҳед, ки ӯ метавонад кӯрпаро кашида бозичаеро ёбад. Ӯ бозиҳое, ки малакаҳои фикрронӣ ва бехатарии равонии ӯро инкишоф медиҳанд бо шавқ бозӣ мекунад. Ба вай инчунин партофтани ашё ба коса, онро гирифта боз партофтан ба он писанд меояд. (Бодиққат аз паси кӯдак назорат баред, чунки ӯ дар ин синну сол ашёҳоро таҳқиқ карда онро ба даҳонаш мебарад). Ба ӯ имкон диҳед, ки ба воситаи пешу қафо ҳаракат додани ашёҳои хурд бозӣ кунад. Ҳангоми бозӣ кӯдак мефаҳмад, ки ҳаракатҳои ӯ метавонанд ба натиҷаҳои муайян оварда расонанд (сабаб/натиҷа) – ин кашфиёти муҳим аст.

 

Ҳаракат

Чӣ навигарӣ аст?

Дар ин моҳҳо ҳодисаҳои ҷолиби диққат ба амал меояд. Дар ин давра дар кӯдаки Шумо малакаҳои нави моторикӣ инкишоф меёбанд, ки ба ӯ имкон медиҳад, ки аз олами атроф ҳаловат барад. Ҳар як кӯдак аз рӯи тақвими инфиродӣ инкишоф меёбад, лекин акнун ӯ на танҳо ба нишастан оғоз мекунад, балки ба гаваккашӣ ва тобхӯрӣ низ ҳаракат мекунад. Вай инчунин бо заҳмати бештар бо ангуштонаш ашёҳои хурдро меқапад ва меомӯзад, аз як даст ба дасти дигар мегузорад. Дар ин самти инкишоф мустақилии фарзанди Шумо инкишоф меёбад. Дар ин давра ва вобаста аз анъанаи худатон Шумо метавонед, кӯдакро ба хӯроки сахт одат кунонед.

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Фарзндатонро дар наздикии ашёи ҷолибе гузоред, ки  ӯ метавонад бехатар онро бигирад. То он даме, ки муҳити атроф бехатар бошад ва Шумо дар наздикии ӯ бошед, ба фарзандатон иҷозат диҳед, ки дар дохили утоқ озодона ҳаракат кунад. Боварӣ ҳосил намоед, ки тамоми ашёе, ки кӯдаки Шумо дар даст дорад, хурд набошад, ки ҳангоми ба даҳон афтодан нафаси кӯдак нагирад. Вазифаи Шумо аз он иборат аст, ки барои фарзандатон муҳите фароҳам оваред, ки барои омӯхтани он ба қадри кофӣ ҳавасмандкунанда бошад ва дар баробари ин  бехатар, то ин ки ба ӯ осебе нарасад. Агар фарзанди Шумо чизеро ёбад, ӯро бо табассум дастгирӣ кунед ё ин ки шарҳ диҳед (“Ана бин ту чӣ ёфтӣ-пиёла!  Манам инро бинам?”). Ҳамин тавр фарзанди Шумо инкишоф додани кунҷковиро ёд мегираду дар баробари ин худро дар бехатарӣ ва дар эминӣ эҳсос мекунад.

Агар ӯ ба истеъмоли хӯроки сахт оғоз намояд, ба ӯ имкон диҳед, ки тамъи гуногунро омӯзад ва маҳсулоти навро таҳқиқ намояд. Аксар кӯдакон дар ин синну сол кӯшиш мекунанд, ки мустақилона хӯрок хуранд (порчаҳои хӯрокро мегиранд ва худро мехӯронанд).

Барои дарёфти усулҳои дигари дастгирии инкишофи кӯдак тавассути бозӣ ба бахши “Ҳамроҳ бозӣ мекунем” гузаред.

Ташвиши падару модар дар бораи инкишофи кӯдак дар давраи аз 7 то 9 моҳагӣ

Азбаски ҳар як кӯдак ба таври мухталиф рушд мекунад, бинобар ин дақиқ пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кай ва чӣ гуна фарзанди Шумо маҳорати муайянро аз худ мекунад. Маҳоратҳои интизорӣ ва номбаршуда дар ин давра (давраҳои инкишоф) танҳо тасаввуроти умумӣ дар бораи тағйироте Шумо бо калоншавии фарзандатон умедвор ҳастед, медиҳанд. Хавотир нашавед, агар рушди кӯдак каме дигар хел равад.

Аммо агар Шумо дар фарзандатон яке аз аломатҳои зерини ақибмонӣ мушоҳида намоед, агар фарзанди Шумо баъзеи малакаҳоро гум кардааст, ки дар хурдсолиаш дошт ё ин ки дигар сабабҳое ҳастанд, ки  Шуморо хавотир месозанд, барои мутмаин шудан ҷиҳати инкишофи дурусти фарзандатон ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед:

  • ба чашматон нигоҳ намекунад ва ба ашёҳои ҳаракаткунанда бо  чашмаш назорат намебарад
  • садоҳои кӯдакона намебарорад (“мама”, “дада” ва ғ.)
  • ба манбаи овоз сарашро намегардонад 
  • ба он ҷое, ки шумо ишора мекунед, нигоҳ намекунад
  • ба одамони наздик дилбастагӣ зоҳир намекунад - ба онҳо табассум намекунад
  • вақте, ки Шумо ӯро ҷеғ мезанед, ба номаш эътино намедиҳад
  • шахсони шиносро намешиносад
  • ғелонда наметавонад
  • вақте, ки Шумо ӯро мебардоред, ӯ аз ҳад қаиш ва ё бениҳоят сахт аст
  • ҳатто бо кӯмак ва дастгирии нишаста наметавонад
  • ҳангоми истеъмоли хӯроки сахт душворӣ мекашад.
References and comments

Reference:

https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/7-8-months

https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/8-9-months

https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/9-10-months

Laura E. Berk (2006), Child development (7ht edition), Allyn & Bacon

Dr sci Nirvana Pištoljević (2016), Rani razvoj deteta: šta treba znati, Udruženje pedijatara Srbije, Beograd.