Афзоиши қади кӯдак дар 7-9 моҳагӣ

Афзоиши қади кӯдак дар нимаи дуюми соли аввал каме сусттар аст, аммо он ҳанӯз ҳам шадид буда, аз ғизо ва фаъолияти кӯдак вобастагии зиёд дорад.
Body

Шояд шумо пай бурда бошед, ки тақрибан моҳи чорум, афзоиши қади кӯдаки Шумо каме суст шудааст. Дар ин давра ҳам ӯ бо ҳамон шиддат афзоиш меёбад.

  • Дар ин давра, шири модар (ё ғизои кӯдакона) ягона ғизое нест, ки кӯдак мехӯрад ва ӯ оҳиста –оҳиста ба хӯрдани хӯрокҳои дигаре, ки дар асоси растанӣ ва ҳайвонот ба вуҷуд омадааст одат мекунад. Аз тарафи дигар, вай дар ҳаракат ва омӯзиши муҳити атроф фаъолтар мешавад, ки ин ба афзоиши қади ӯ таъсири назаррас хоҳад гузошт. Биёед ба худ хотиррасон кунем, ки кӯдак ҳангоми хоб кардан калон мешавад ва қади ӯ  аз он ки чӣ қадар хоб мекунад ва хобаш чӣ гуна аст вобастагӣ дорад.
  • Муҳим он аст, ки кӯдак минбаъд низ он суръати афзоишеро, ки дар ҳафтаҳои аввали ҳаёт муқаррар карда буд, риоя намояд.
  • Шумо метавонед интизор шавед, ки дар ин давра фарзанди Шумо 1,5-2 см калон шуда, аз 300 то 350 гр вазн илова мекунад. Агар кӯдак хурдтар ва серҳаракат бошад, барои ӯ дар моҳи нӯҳум аз 200 то 250 гр вазн илова кардан кофист.
  • Афзоиши мағзи сар босуръат идома дорад ва андозаи сари кӯдак ҳар моҳ тақрибан 0,5 см зиёд мешавад.

Кади ҳар як кӯдак беназир аст ва ӯро танҳо дар асоси ҷадвалҳои меъёрии афзоиш дар муқоиса бо хатҳои каҷи меъёрии афзоиши қад пайгирӣ намудан мумкин аст.