Муошират ва бозӣ бо кӯдаки хурдсол
Аз муошират ва суханронии кӯдак чиро интизор шудан мумкин аст
Дар кӯдакони хурдсол нутқ бо суръатҳои гуногун инкишоф меёбад - баъзеҳо зуд азхуд мекунанд ва баъзе кӯдакон метавонанд дертар гапзаниро ёд гиранд.
Вақте ки фарзанди Шумо сухан гуфтанро ёд мегирад, Шумо мешунавед, ки ӯ:
- садоҳои аҷибе мебарояд ва ғур-ғур мекунад;
- ҳиҷоҳои соддаро пайваст мекунад - масалан, "ба-ба";
- калимаҳоро такрор мекунад;
- сарашро ҷунбонда «не» мегуяд.
Дар синни 12-18-моҳагӣ, аксари кӯдакон аввалин калимаҳои худро мегӯянд. Аммо дар ин синну сол шояд танҳо Шумо ва дигар аъзоёни оила ба маънои ин суханон дарк карда тавонед! Ҳатто агар суханони кӯдаки Шумо то ҳол дуруст садо надиҳанд ҳам, ӯ ҳангоми суханронии Шумо хурсандона ғавғо карданро дӯст медорад. Вақте ки Шумо онҳоро номбар мекунед, ӯ инчунин аз нишон додани ашёҳои шинос ҳаловат мебарад.
Дар синни дусолагӣ кӯдаки Шумо хубтар ҳарф зада метавонад, аммо ба ҳар ҳол дуруст талаффуз кардани баъзе садоҳо, ба мисли "р" душвор хоҳад буд. Ба ҷои ин, ӯ метавонад бо "л"-ро истифода барад - масалан, фарзанди Шумо ба ҷои "сурх" "сулх" мегӯяд.
Кӯшишҳои суханронии кӯдаки худро ташвиқ кунед. Ин оддӣ аст - Шумо танҳо бояд ӯро гӯш кунед ва ба ӯ ҷавоб диҳед. Ба кӯдаки худ нақл кардани ҳикояҳо ва афсонаҳо, сурудхонӣ, хондани қофияҳо - ҳатто танҳо ба ӯ дар бораи рӯзи худ нақл кардан – ин ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки гап заданро такмил дода, инчунин алоқаи пайвандии байни Шуморо мустаҳкам кунад.
Забони модарии кӯдак
Агар Шумо дар хона бо забони модарии худ гап занед, ин барои кӯдаки Шумо аллакай оғози хуб аст! Агар ӯ гӯш кунад, ки Шумо бо ин забон гап мезанед, ин заминаеро мегузорад, ки баъдтар ба ӯ барои омӯхтани забони дуюм кӯмак мекунад (масалан, забоне, ки аксари мардуми кишвари Шумо истифода мебаранд). Ғояҳои дар зер овардашудаи бозӣ инчунин муфид хоҳанд буд, агар Шумо онҳоро бо кӯдаки худ бо истифода аз забони модарии худ бозӣ кунед ва ин ба фарзанди Шумо дар ташаккули ҳисси фарҳангиаш кӯмак мекунад.
Ғояҳои бозӣ барои ангезиш додани муошират
Чӣ қадаре ки кӯдакон калимаҳоро бишнаванд, ҳамон қадар калимаҳоро омӯхта метавонанд.
Якчанд машғулиятҳои ҷолиберо якҷоя иҷро кунед, то дар кӯдаки Шумо гап задан ва инкишоф додани нутқ муҳим бошад:
- Бо кӯдаки худ дар бораи корҳое, ки дар гирду атрофи хона иҷро мекунед, сӯҳбат кунед, ҳатто агар ин барои Шумо дилгиркунанда бошад - масалан, "Модар қолинро мерӯбад, то чанге, ки атсаи туро меорад, нест шавад".
- Ба кӯшишҳои кӯдаки худ барои гуфтани калимаҳо тақлид кунед, то ӯро ба муошират кардан ташвиқ кунед. Масалан, агар ӯ "модар" гӯяд, Шумо метавонед такрор кунед "модар". Шумо инчунин метавонед суханони кӯдаки худро такрор кунед ва дар бораи онҳо сӯҳбат кунед. Масалан, вақте ки кӯдак "қатора" мегӯяд, Шумо метавонед бигӯед: "Бале, ин қатораи калони сурх аст".
- Вақте ки кӯдаки Шумо гап мезанад ва ғур-ғур мекунад, таваҷҷӯҳ зоҳир кунед. Барои ин ба чашмони ӯ нигоҳ кунед ва ҳамеша табассум кунед.
- Ба чизҳои ҷолиби диққати фарзандатон ҷавоб диҳед ва дар бораи онҳо сӯҳбат кунед. Масалан, агар фарзанди Шумо бо бозичаи қаторамонанд бозӣ кунад, Шумо метавонед бигӯед: "тууу-тууу".
- Бо кӯдакатон якҷоя китоб хонда ба ӯ ҳикояҳо нақл кунед.
- Бо ӯ суруд хонед ва қофияҳои кӯдаконаро нақл кунед.
- Кӯдаки худро дар вақти гап заданаш таъриф кунед. Масалан, агар фарзанди Шумо ба саг ишора карда, ӯро даъват кунад, Шумо метавонед бигӯед: «Офарин, Дуруст! Ин сагбача аст!”.
- Иваз кардани уребча барои муоширати рӯ ба рӯ бо кӯдак вақти хуб буда Шумо метавонед вақти мазкурро истифода баред.
Нигарониҳо дар бораи чӣ гуна гап задани кӯдак
Агар Шумо дар бораи инкишофи нутқи кӯдаки худ нигарон бошед - масалан, фарзанди Шумо ғур-ғур намекунад, гӯё Шуморо намешунавад ё ҳангоми суханронии дигарон гӯш намекунад - инро бо табиби оилавӣ муҳокима кунед.