5-6 моҳагӣ - Таҳқиқоти шадид

Агар ман ба Шумо гуфта метавонистам ... “Нигоҳ кунед, ман чӣ кор карда метавонам! Ман аз шикам ба тахтапуш ва аз тахтапуш ба шикам ғелида метавонам. Ман то ашёҳои шавқовар дар тахтапуштам хобида дароз шуда метавонам. Ман инчунин метавонам онҳоро аз як даст ба дасти дигар ва ба даҳонам гузорам. Ҳамаи ин ба ман имкон медиҳад, ки таҳқиқ намоям ва маро хеле хушҳол мекунад. Ман хушҳолтар мешавам, вақте, ки Шумо ба ман менигаред, кӣ чӣ тавр ман ин амалҳои навро ба анҷом мерасонам ва вақте, ки Шумо бо ман бозӣ мекунед. Ман гуфта метавонам, ки ба Шумо низ ҳамаи ин писанд аст, чунки Шумо бо шавқ ба ман менигаред ва табассум мекунед. Шумо ба ман нақл мекунед, ки ба ман ба чӣ нигоҳ карда истодаам, чиро гирифта истодаам ва Шумо шарики хурсандии ман ҳастед. Ман дар ҷавоб овозҳо мебарорам ва Шумо ба ман ҷавоб медиҳед. Мо дар ҳақиқат вақтро ҳамроҳ хуб мегузаронем”.

Инкишофи кӯдак дар давраи аз 5 то 6 моҳагӣ

Муошират

Чӣ навигарӣ аст? 

Дар ин моҳҳо Шумо мебинед, ки фарзандатон бо Шумо бештар муошират мекунад. Шумо овози баланд, ғавғо ва садоҳояшро мешунавед – аксар вақт ӯ садонокҳои ба монанди “аааа” ва “ииии” талаффуз мекунад. Акнун эҳтимоли овозҳои ба калимаҳо монандро талаффуз карда тавонад (ба-ба, га-га). Аксар вақт ин ҷавоб ба он чизе, ки Шумо ба ӯ мегӯед, мебошад. Фарзанди Шумо инчунин метавонад кӯшиш кунад, ки ба садои Шумо ва инчунин чеҳраи руйи Шуморо, ки ӯ мебинад, тақлид намояд. Ниҳоят, дар ин сину сол ӯ эҳтимолан метавонад баъзе калимаҳоро дарк намояд (номи худ ё калимаи "не" ) ва ба он таваҷҷуҳ кунад.

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Кӯшиш кунед, ки барои муошират бо кӯдак муҳити мусоид фароҳам оваред.  - дар сатҳи рӯи кӯдак бошед, ҳангоми сӯҳбат ё ҳангоми гӯш кардани "сӯҳбат" -и ӯ бо шумо, тамос ба чашм намоед. Ӯро бо табассум ё такрори садоҳое, ки ӯ мебарорад, рӯҳбаланд кунед, то ин ки гуфтугӯи байни Шумо ҳар чӣ бештар давом кунад.

Бо фарзандатон ҳар рӯз гап занед. Муоширатро бо воситаҳои гуногун ташвиқ намоед – ба ӯ суруд хонед, суратҳоро дар маҷала якҷоя тамошо кунед, ашёҳои дар намоишгоҳ бударо тасвир намоед, бо овоз китобҳои оддиро хонед ё ин ки ҳикоя нақл кунед, овозҳои шавқовар талаффуз намоед (гурба “мяу” мегӯяд, гов “му-у-у” мегуяд”). Вақте, ки фарзанди Шумо ба ягон тараф нигоҳ мекунад, ба ӯ гӯед, ки ӯ чиро дида истодааст. Ба кӯдак ҳангоми синнамаконӣ ё ин ки омода намудани таом ягон сухан гап занед (“Ҳоло ман ба ту мева медиҳам”); ин яке аз воситаҳое, мебошад, ки ӯ каме интизор шудан ва тоқат карданро аз худ мекунад. Сухан ба бисёр чиз кӯмак менамояд!

Ҳиссиёт

Чӣ навигарӣ аст? 

Дар ин давра аксар хурдсолон одамони шиносро аз қабили падару модар, дигар аъзоёни наздики оила, шиносоне ки ӯро нигоҳубин мекунанд ва аз муошират бо ӯ ҳаловат мебаранд, мешиносад. Фарзанди Шумо ба одамони наздик боварӣ ҳосил намуданро барои таскин шудан ва кӯмак ҷустан ёд мегирад. Ӯ медонад кӣ шинос ҳасту, кӣ ношинос – ӯ ҳатто метавонад дар назди шахсони ношинос ҳиссиёти тарс нишон диҳад. Фарзанди Шумо метавонад овозҳоро барои баён намудани ҳиссиёташ истифода барад. Хурсандӣ ва хушбахтии худро ӯ бо фарёдзанӣ ё дигар овози хурсандона баён менамояд. Ӯ метавонад овозҳоро барои баён намудани норозогӣ, хашм ё нафрат истифода барад.

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Фарзанди Шумо ба дастгирии эҳсосии Шумо ниёз орад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки Шумо ҳамроҳи  ӯ бошед, махсусан вақте атрофиён бегона ҳастанд. Ба ӯ наздик бошед, ӯро ба оғӯш гиред, ба ӯ табассум кунед ва бо овози таскинбахш бо ӯ сӯҳбат кунеду бо одамони нав шинос кунед.  Ҳамин тавр ӯ худро дар бехатарӣ эҳсос менамояду, алоқаҳои нав пойдор намуда метавонад. Рӯҳияи фарзанди худро дарк намоед. Вақте, ки ӯ рӯҳияи хуб дорад, машғулиятҳоро идома диҳед. Агар ӯ нороҳат боашд, каме дам гиред ва ӯро ором намоед.

Тафаккур

Чӣ навигарӣ аст? 

Тадқиқоти шадиди ӯ барои инкишоф додани малакаҳои фикррониаш кӯмак мерасонад. Ӯ бо кунҷковӣ ба ашёҳо ва ҳодисаҳои гирду атрофаш нигоҳ мекунад. Агар ягон чиз берун аз дастрасии ӯ бошад, кӯдак кӯшиш мекунад, ки онро дастрас намояд, то ин ки боз ҳам хубтар таҳқиқ намояд. Эҳтимол ӯ ашёҳоро аз як даст ба дасти дигар мегузорад ва ашёҳоро бо даҳонаш таҳиқ менамояд.

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Фарзанди Шумо тарзу усулҳои зиёди омӯзиши мустақилонаро дарёфт менамояд, аммо Шумо метавонед ба ӯ воситаҳои шавқовари гуногуни истифодаи бозичаҳо ё дигар ашёҳоро нишон диҳед: аз як даст ба дасти дигар гузоштан, таккондан, кӯфтан, тела додан ва партофтан. Бехатариро аз хотир набароред, хусусан вақте, ки фарзанди Шумо ашёҳоро бо даҳон таҳқиқ менамояд. Шумо инчунин метавонед бозиҳои фаъолро дар назди оина санҷед, то ин, ки кӯдак худро аз паҳлӯ бинад!

Вақте, ки фарзанди Шумо ягон ашёро афтонад, онро гирифта, ба ӯ баргардонед. Ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки дар бораи сабаб ва оқибат (“агар ман ин корро кунам, ин рӯй медиҳад”) ва фазои атрофро беҳтар дарк намояд.

Ҳаракат

Чӣ навигарӣ аст? 

Дар ин муддат кӯдаки шумо, мумкин, бе ёрии шахси дигар сарашро бардорад ё ин ки дошта истад. Эҳтимол ӯ муддати муайян вақте, ки Шумо ӯро дошта меистед ё ин ки мустақилона ҳам, нишаста тавонад. Вай аз як тараф ба тарафи дигар ғел мезанад. Ҳамаи ин амалҳо ба кӯдаки Шумо назари навро ба ҷаҳон медиҳад – акнун ӯ метавонад, ҷойи худро иваз кунад, ашёҳое, ки ӯро гирд кардаанд омӯзад. Ӯ бодиққат ба ашёҳое ки ӯро гирд кардаанд назар мебарад. Дар ин муддат ӯ маҳорати ашёҳоро ба даст гирифтанро такмил медиҳад ва вақте ки ӯ ашёро ба даст мегирад, ӯ ба омӯзиши ин ашё шурӯъ мекунад. Ӯ ашёро ба даҳон меандозад ё ин ки аз як даст ба дигар даст интиқол медиҳад. 

Шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонед?

Ҳар рӯз бо кӯдак дар рӯи фарш бозӣ кунед. Дар вақти муқаррарии рӯз, ба кӯдак имконияти зиёд диҳед, ки муҳити атроф ва объектҳои шавқовари иҳотакардаашро омӯзад. Имкон диҳед, ки ба муҳити атроф ба тарзи гуногун бинигарад, бо роҳи дар мавқеи гуногун гузоштани ӯ.  Шумо метавонед ашёи дӯстдоштаашро каме дуртар гузоред ва ӯро барои ба он расидан ташвиқ кунед. Фикр кунед кадом ашёҳои бехатарро фарзанди Шумо метавонад омӯзад. Чиро кӯдаки шумо метавонад бардорад, расад ё ин ки тоб диҳад? Ҳамаи ин амалҳо малакаи ҳаракат карданро инкишоф медиҳад ва имкониятҳои навро барои таҳқиқи ҷаҳон мекушояд.

Барои он, ки дар бораи дигар воситаҳои инкишофи фарзандатон тавассути бозӣ маълумот гирифтан хоҳед, ба қисмати “Якҷоя бозӣ мекунем” гузаред.

Ташвиши падару модар оид ба инкишофи кӯдак дар давраи аз 5 то 6 моҳагӣ

Азбаски ҳар як кӯдак ба таври мухталиф рушд мекунад, бинобар ин дақиқ пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кай ва чӣ гуна фарзанди Шумо маҳорати муайянро аз худ мекунад. Маҳоратҳои интизорӣ ва номбаршуда дар ин давра (давраҳои инкишоф) танҳо тасаввуроти умумӣ дар бораи тағйироте Шумо бо калоншавии фарзандатон умедвор ҳастед, медиҳанд. Хавотир нашавед, агар рушди кӯдак каме дигар хел равад.

Аммо агар Шумо дар фарзандатон яке аз аломатҳои зерини ақибмонӣ мушоҳида намоед, агар фарзанди Шумо баъзеи малакаҳоро гум кардааст, ки дар хурдсолиаш дошт ё ин ки дигар сабабҳое ҳастанд, ки  Шуморо хавотир месозанд, барои мутмаин шудан ҷиҳати инкишофи дурусти фарзандатон ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед:

  • фарзанди Шумо доимо дуру дароз гиря мекунад ва ӯро ором кардан ғайриимкон аст
  • фарзандатон ба чашм нигоҳ намекунад ё ин ки бо чашм аз паси объектҳои ҳаракаткунанда назорат намебарад
  • овозҳои кӯдакона намебарорад ва ба тарафи садо тоб намехӯрад
  • намехандад ва чиррос намезанад
  • тоб намехӯрад
  • гардан ва калаи худашро идора намекунад
  • бо кӯмак ва дастгирии Шумо намешинад
  • ба ашёҳо даст дароз намекунад, ҳатто вақте, ки Шумо ӯро ҳавасманд менамоед
  • гирифтани чизҳое, ки ҳатто дастрасанд, кӯшиши гирифтан намекунад
  • бо душворӣ ашёҳоро ба даҳан мебарад.
References and comments

Reference:

https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/5-6-months

https://raisingchildren.net.au/babies/development/development-tracker-3-12-months/6-7-months

Laura E. Berk (2006), Child development (7ht edition), Allyn & Bacon

Dr sci Nirvana Pištoljević (2016), Rani razvoj deteta: šta treba znati, Udruženje pedijatara Srbije, Beograd.