Бозӣ барои кӯдак чи аҳамият дорад?
Бозиҳои беҳтарин барои кӯдак — бозиҳои ғайриқолабӣ ё озод мебошанд. Ин бозиест, ки ба таври ногаҳонӣ пайдо шуда танҳо аз шавқи лаҳзавии кӯдак вобастагӣ дорад. Ин ба кӯдак имкон медиҳад, ки тасаввуроти худро истифода бурда муҳитро ба худ мутобиқ намояд – дар мувофиқа бо хост ва шавқи худ. Дар мавриде, ки мо оид ба бозиҳои озод сухан мегӯем, бештар саҳнаҳои хаёлӣ ва нақшбозиҳо (иваз намудани либос, “тақлидкорӣ”) дар назар дошта мешавад. Бозиҳои озод инчунин сохтани чайла аз кӯрпа ё сохтани шаҳр аз қуттиҳо, навохтани мусиқӣ бо асбобҳои ҳақиқиву тахайюлӣ ва ғайра мебошад. Шахсони калонсол метавонанд дар ин бозиҳо иштирок намоянд ё иштирок накунанд.
Бозии қолабӣ – чизи тамоман дигар аст. Дар он қоидаҳои пешакӣ мувофиқашуда ва лаҳзаҳои ташкилӣ ҷой дошта, бозиҳои мазкурро одатан шахсони калонсол назорат мекунанд. Масалан: бозиҳои рӯимизӣ, варзишӣ, нақшбозӣ, муаммоҳо ва монанди инҳо.
Бо баробари калон шудани кӯдак тарзи бозӣ иваз мешавад, интихоби бозичаҳо, намуди бозиҳо ва иштироки калонсолону ҳамсолонаш дар бозӣ низ тағйир меёбад. Баробари афзоиши кӯдак барои бозӣ ҷойи зиёдтар лозим мешавад.
Волидайн бояд дар хотир дошта бошанд, ки бозӣ аз нуқтаи назари кӯдак – ҳама гуна кашфиёт, имкони ба таври нав истифодабарии чизҳои муқаррарӣ, шахси дилхоҳ будан (масалан ошпаз, кайҳоннавард) мебошад. Вобаста ба ин аз нуқтаи назари кӯдак, бозӣ – фаъолияти ба нақша гирифтанашудае мебошад, ки дар вақти мувофиқу ҷудокардашуда иҷро карда мешавад. Кӯдак бо бозӣ зиндагӣ карда ҷаҳонро меомӯзад.