Омода намудани хӯрок барои кӯдак - ғизои солим ва бехатар
Маслиҳатҳои асосии омода намудани ғизо:
- Барои фарзандатон худатон хӯрок пазед.
- Пюреи тайёрро танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ истифода баред (сафар, корҳои таъҷилӣ).
- Хӯроки тайёри кӯдакон метавонад дорои равған, шакар ё консервантҳо бошад; мазза ё таъм метавонад аз таъми маҳсулоти табиии маҳаллӣ фарқ кунад; Муҳим аст, ки кӯдаки Шумо ба таъми табиии ғизо одат кунад.
- Ба ғизои кӯдакон намак ва шакар илова накунед; агар Шумо барои тамоми оила хӯрок тайёр кунед, пеш аз илова кардани намак ва шакар, барои кӯдак ғизоро ҷудо кунед.
- Боварӣ ҳосил кунед, ки ғизои харидаатон дуруст бастабандӣ шудааст ва мӯҳлати истифодаашро санҷед. Пас аз гузаштани мӯҳлати истифода, хӯрокро истеъмол накунед.
- Хӯрокҳои тару тоза интихоб кунед, онҳоро тавре нигоҳ доред ва пазед, ки арзиши ғизоии онҳоро то ҳадди имкон нигоҳ дорад.
- Дар яхдон муддати дароз нигоҳ доштани меваю сабзавот, муддати зиёд пухтани таом, дар моеъи бисёр пухтани он ба нигоҳ доштани витаминҳо мусоидат намекунад.
- Меваю сабзавотро дар зери оби равон, махсусан меваю сабзавоти ба замин наздик бударо шустан лозим аст. Меваро пӯст кунед (ҳарчанд дар пӯст бештар витаминҳо, пектинҳо ва дигар ҷузъҳои фоиданок мавҷуд аст, аммо он инчунин бештари пеститсидҳо ва дигар моддаҳои кимиёвиро дар бар мегирад, ки ҳатман дар меваҳои саноатӣ коркард мешаванд).
- То ҳадди имкон пюреро ҳамеша аз сабзавоти тару тоза омода кунед. Аммо агар Шумо сабзавоти яхкардаро истифода баред, хато намешавад.
- Кӯдак бояд зарфҳои махсуси худро дошта бошад.
Маслиҳатҳо барои бехатар омода кардан ва нигоҳдории ғизо
Тозагӣ
Пеш аз ба хӯрок даст задан дастони худро бишӯед, ҳангоми тайёр кардани хӯрок дастҳои худро боз ҳам бештар бишӯед. Пеш аз хӯрок додан дастҳои худ ва дасти кӯдаки худро бо собун бишӯед. Дар ҷойи тоза бо истифода аз зарфҳои тоза хӯрок пазед. Ошхона ва хӯроки худро аз ҳашарот, махсусан ҳашароти зараррасон ва дигар ҳайвонот муҳофизат кунед.
Хӯроки хом ва пухтаро ҷудо кунед
Хӯрокҳои хом, махсусан гӯштро бо хӯрокҳое, ки аллакай пухта шудаанд ё барои пухтупаз истифода намешаванд, омехта накунед. Барои хуроки хом аз асбобу анҷоми махсус, аз қабили корд ва тахтача истифода баред. Хӯрокҳоро дар зарфҳои пӯшида нигоҳ доред, то хӯрокҳои хом ва пухта ҷудо нигоҳ дошта шаванд.
Хӯрокро аз коркарди ҳароратӣ гузаронед
Хӯрокро ба қадри кофӣ дурудароз пазед, махсусан гӯшт, гӯшти парранда, тухм ва маҳсулоти баҳрӣ. Шӯрбоҳо ва хӯрокҳои дампазро то ҷӯшиданаш пазед. Ҳангоми пухтани гӯшт ва гӯшти мурғ боварӣ ҳосил кунед, ки моеъи аз онҳо берун омада шаффоф бошад ва сурх набошад. Хӯроки пухтаро ба қадри кофӣ гарм кунед. То ҷӯшидан расонед ё гарм кунед, то он даме, ки ҳангоми расидан хеле гарм бошад. Ҳангоми гармкунӣ омехта кунед.
Дар бораи бехатарии бактериологии хӯрок фикр кунед
Барои пешгирии сироятҳо (махсусан салмонелла) ба кӯдакони хурдсол тухми мулоим ё хӯрокҳои дорои тухми хом (қаймоқ, яхмос, майонез) надиҳед. Ба кӯдакон шири таъмизнагашта ё маҳсулоти ширии хомро пешниҳод накунед. Маҳсулоти шириро дар яхдон нигоҳ доред ва аз мӯҳлати истифодаашон назорат кунед.
Хӯрокро дар ҳарорати бехатар нигоҳ доред
Тавсия дода намешавад, ки хӯроки пухтаро дар ҳарорати хонагӣ зиёда аз ду соат нигоҳ доред. Маҳсулоти тайёрро дар яхдон дар зарфҳои пӯшида на бештар аз 24 соат нигоҳ доштан мумкин аст. Пюреи навтайёршударо дар косаи хурд, дар ях нигоҳ доштан мумкин, вале на бештар аз се ҳафта. Хӯрокҳои яхкардашударо дар ҳарорати хонагӣ об накунед.
Ҳамеша дар бораи бехатарии кӯдак фикр кунед
Баъзе хӯрокҳо барои кӯдакон хатари нафастангӣ доранд ва набояд ба кӯдакони то чорсола дода шаванд. Ба ин хӯрокҳо арахис, бодом, фундук, тухмиҳо, попкорн, қанди сахт, ангури пурра, буридаҳои калон ва сахти гӯшт ва меваҳо ё сабзавоти хом дохил мешаванд.
Ба кӯдак иҷозат надиҳед, ки ҳангоми ҳолати хобида, давидан ё ҷаҳиданаш хӯрок хӯрад. Ба кӯдаки худ ёд диҳед, ки ҳангоми дар даҳон будани ғизо гап назанад.