Хӯрокпазӣ бо кӯдакони 3-6 сола

Пухтупаз кӯдаконро барои ба даст оврдани малакащои гуногун водор мекунад. Ин инчунин як роҳи олиҷаноб барои якҷоя вақт гузаронидан аст. Барои пухтан бо кӯдакон, ба Шумо дастурҳои оддӣ, таркиботи ғизо, таҷҳизот ва вақт лозим аст. Вақте ки Шумо бо фарзандатон хӯрок мепазед, бигзоред, ки ӯ то ҳадди имкон иштирок намояд.
Body
Тайёр намудани ғизо бо кӯдакон: чаро ин хуб аст

Тайёр намудани ғизо бо фарзандони худ  ин бештар аз таъмин намудани оила бо ғизо мебошад.

Кумак намудан ба фарзандатон дар ошхона:

  • бо чен кардани таркибҳои ғизо, кӯдак ҳисоб карданро ёд мегирад;
  • бо хондани ретсептҳо саводро инкишоф медихад;
  • бо шумо вақт мегузаронад, ки барои муносибати Шумо хуб аст;
  • метавонад эҷодкориро нишон диҳад, малакаҳои амалӣ пайдо намояд, каме бетартибӣ эҷод намояд ва хушҳол шавад.

Нишастан дар сари миз ҳангоми хӯроки оилавӣ, ки шумо якҷоя омода кардаед, як роҳи беҳтарини инкишоф додани малакаҳои иҷтимоии фарзандатон, аз он ҷумла қобилияти якҷоя кор кардан, муошират кардан  ва якдигарро гӯш кардан мебошад.

Барои пухтупаз бо кӯдакон ба Шумо чӣ лозим мешавад

Беҳтар аст, ки кӯдак чӣ пухтанро интихоб карда тавонад. Муҳим аст, ки ретсепт ба қадри кофӣ содда бошад, вагарна эҳтимол аст, ки ҳангоми мушоҳида кардани кӯдак, Шумо ҳама чизро худатон тайёр мекунед.

Шояд Шумо фикри ягон чизи оддие ҳаст, ки Шумо метавонед бо фарзанди худ тайёр кунед - масалан, хӯрок ё шириниҳои дӯстдоштаи ӯ. Агар дар фикр ягон чиз надошта бошед, пас ресептҳоро барои кӯдакон дар интернет, китобхонаи худ ё мағозаи китоб ҷустуҷу намоед.

Ҳангоме, ки интихоби таомро кардед, боварӣ ҳосил кунед, ки Шумо тамоми таркиботи ғизо ва таҷҳизоти зарурӣ доред ва ошхона холӣ аст.

Ба Шумо вақти зиёд лозим мешавад. Эҳтимол кӯдаки Шумо хеле оҳиста омехта ва чен мекунад ва Шумо бояд дар ин ҷарраён ҳар гуна рехтаҳоро тоза кунед. Илова бар ин, кӯдак бешубҳа мехоҳад, ки тамоми таркибҳои хӯрокро бичашад.

Чӣ тавр бо кӯдакон хурок тайёр кардан лозим аст
  • Аввалан хӯроки ояндаро муҳокима кунед. Ба фарзандатон таркибҳои хӯрокро нишон диҳед ва агар хӯрокро аз рӯйи ресепт омода кунед ресепти онро низ метавонед нишон диҳед.
  • Бигзор фарзанди Шумо то ҳадди имкон кор кунад. Ӯ метавонад меваю сабзавотро бишӯяд, чизеро бирезад ва чизи дигарро омехта кунад, дар андозагирӣ ва ҳисоб кардани таркиби ғизо кӯмак намояд. Ба кӯдак ҳатто дар зери назорат чизи оддиро буридан, бовар кардан мумкин аст - масалан, меваи мулоим бо корди барои равған пешбинишуда. Шумо метавонед аввал нишон диҳед, ки чиро ва чӣ тавр бояд кард ва баъдан кӯдак метавонад кӯшиш кунад, ки худаш ин корро анҷом диҳад.
  • Гӯед, ки чӣ кор карда истодаед, калимаҳоеро ба мисли «метарошем» ва «ғиҷим мекунем» истифода баред. Шумо метавонед ба фарзанди худ пешниҳод намоед, ки калимаҳоро барои тавсифи мазза ва намуд интихоб кунад, ба монанди "шӯр", "резонак" ё "қирсосӣ".
  • Муҳокима кунед, ки кадом  масолеҳи хӯрок муфид аст ва барои чӣ.
  • Бигзор кӯдак хӯроки пухтаро бо дӯстон ё оила тақсим кунад.
  • Кӯшишҳои пухтупазии ӯро таъриф кунед!
Мо машғулиятҳои пухтупазиро барои кӯдакони синну соли гуногун мутобиқ менамоем

Барои аввалин қадами омӯзиш барои кӯдаки хурдиатон, омода намудани  хӯриши оддӣ аз кабутӣ мувофиқ аст. Ба ӯ кӯмак кунед, ки баргҳо ва кабудиҳоро бишӯяд, ки баъдан онҳоро ӯ бо дастони худ канда метавонад. Ба фарзандатон дар чен кардан ва илова кардани компонентҳои таом кӯмак кунед ва барои якҷоя кардани хӯриш дар коса лавозимотҳои заруриро диҳед.

Ретсепҳои хаттӣ оид ба тайёр кардани хӯрок ин як имконияти хубест барои кӯдаки синнашон калонтар ҷиҳати инкишоф додани малакаҳои саводнокӣ ва ҳисоббарорӣ. Пеш аз оне, ки Шумо пухтупазро оғоз мекунед, якҷоя бо фарзандатон ретсептро хонед. Мафҳумҳоро ба монанди гуруҳҳо, вазн ва ҳарорат истифода бурдан мумкин аст.

Пухтупаз метавонад равзана ба дигар кишварҳо ва фарҳангҳо бошад. Шумо метавонед ба фарзандатон дар бораи кишварҳое, ки Шумо хӯрокҳои онҳоро тайёр мекунед ва одамоне, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, нақл кунед.