Хӯроки зуд ва солим барои кӯдакон дар тасвирҳо

Ғояҳо барои наҳории зуд ва солим Ғояҳои хӯроки нисфирӯзии зуд ва солим Ғояҳо барои наҳории зуд ва солим
Body
Ғояҳо барои наҳории зуд ва солим

Шавла аз ҷав (овёс) бо банан: Банан ба шавлаи ширӣ мазаи ширинии табииро медиҳад. Шумо инчунин метавонед ба хӯроки тайёр мавиз илова кунед

Субҳона аз тухм: Тухми мулоимро бо қисмҳои нони гандумӣ ё буридаҳои сабзавот, ки дар зардии тухм тар карда мешавад, диҳед.

Нушокии ғафси мевагӣ (смузи) бо нони хушккардашуда (тост): Нушокии ғафстар аз шири камравған, йогурт ва банан, буттамеваҳо яхкардашуда ё шафтолуи консервакарда. Шумо инчунин метавонед коркарди ҷав (овёс), чормағз, гандуми решакарда ё донаи зағир илова кунед. Бо нони хушккардашуда пешниҳод кунед.

Ғояҳои хӯроки нисфирӯзии зуд ва солим

Бутерброд: Онҳоро беҳтар мешавад, ки бо нонҳои гандумӣ ё нонҳои нахи баланд тайёр карда шаванд. Кӯшиш кунед, ки аз хӯрокҳои сафедааш бой, аз қабили гӯшт, мурғ ё тухм (боқимондаҳои хӯроки шоми дирӯз беҳтаринанд) ва сабзавот истифода баред.

Тунукча: Панири резакардашуда, сабзӣ, бодиринг ва мавизро дар нони тунукча печонед.

Писсаи дирӯза: Порчаҳои боқимондаи писсаи хонагиро, ки аз маҳсулоти тару тоза пухта шудаанд, хӯроки нисфирӯзии олӣ мешавад.

Хӯроки зуд ва солим барои хӯроки шом

Бурдаҳои хурди гӯшти мурғ: Ин бурдаҳои хурди гӯшти мурғ бо пешниҳоди нахӯд, брокколи ва ҷуворимакка хеле хубанд.

Лӯбиё дар нони хушк: Лӯбиёи пухтаро ба рӯйи нони хушккардашуда гузоред, агар хоҳед, панирро ба болояш гузоред. Барои ҷолибтар кардани таом, Шумо метавонед онро бо "кӯл"-и сабзавоти тару тоза оро диҳед.

                                                            Хӯроки зуд ва солим барои кӯдакон дар тасвирҳо © risechildren.net

Гушти баррача бо кабудӣ: зираи тару тоза, райҳон ва дигар кабудиҳоро бо ҷурғоти табиӣ омехта кунед. Онро дар равған пухта, дар грил пазед. Бо картошкаи пухта ва хӯриш аз сабзавот пешниҳод кунед.