Чӣ гуна кӯдакро ба шикам гузоштан лозим аст: дар расмҳо

Чаро ба шикам гузоштани кӯдак муҳим аст? Чӣ тавр ба шикам хобонидани кӯдак лозим аст. Ба шикам хобидан бояд ҷолиб, шавқовар ва бехатар бошад.
Body
Чаро кӯдакро болои шикам гузоштан муҳим аст?

Кӯдаки худро ба шикам гузоред, то ба дастонаш такя кунад. Вақте ки кӯдак ба шикам мехобад, сар, гардан ва қисми болои баданашро қавӣ мегардонад. Кӯдакро бояд зуд-зуд ва ҳар рӯз ба шикам гузоред.

Пас аз таваллуди кӯдак зуд ба шикам гузоштани кӯдакро оғоз кунед. Дар чанд ҳафтаи аввал кӯшиш кунед, ки ӯро дар як рӯз 2-3 маротиба давоми 1-2 дақиқа ба шикамаш хобонед. Оҳиста-оҳиста кӯдаки Шумо метавонад дар як рӯз якчанд маротиба 10-15 дақиқа бо шикам хобад.

Кӯдаки худро ба пушт хоб кунед ва дар вақти бозӣ крадан ба шикамаш хобонед. Вақте ки кӯдак хоб аст, вай вақти зиёдеро бо пушт хобида сарф мекунад ва сарашро дар як ҳолат нигоҳ медорад. Аз ин сабаб дар пушти сараш доғҳои хурди бемӯй пайдо мешаванд. Вақте ки кӯдак ба шикам мехобад ин рехтани мӯи пушти сарро пешгирӣ мекунад.

Чӣ тавр вақтро бо шикам хобида гузаронидан лозим аст

Дар назди кӯдаки худ ашё ва бозичаҳои бехатарро гузоред. Онҳоро дар пеши рӯи кӯдак аз паҳлӯ ба паҳлӯ ҳаракат кунонед. Ин ӯро водор мекунад, ки сарашро баланд кунад ва тоб диҳад.

Дар паҳлӯи кӯдаки худ дар фарш дароз кашед. Саҳифаҳоро дар китобҳои тасвирӣ ё маҷаллаҳо варақ занед. Ин мушакҳои чашми кӯдакро инкишоф дода мустаҳкам мекунад ва шавқи ӯро нигоҳ медорад.

 

Дар паҳлӯи кӯдаки худ оинаи нашиканандаро ҷойгир кунед, то ӯ худро дар акс дар бинад. Кӯдакро дар ҷойҳои гуногун, масалан, дар ҳавои тоза дар рӯи курпа ба шикам гузоред.

    Ба шикам хобидан бояд шавқовар, хурсандибахш ва бехатар бошад

    Кӯдак бояд донад, ки Шумо дар наздикӣ ҳастед - гап занед ва суруд хонед, пушташ ё дастонашро сила кунед.

     

    Агар кӯдаки Шумо ба шикам хобиданро дӯст надорад, кӯшиш кунед, ки ӯро ба дастмоле печонида, ба зонуи худ ё ба болои тӯби машқӣ гузоред.

    Ҳангоми дар шикам хобидани кӯдак ба кӯдак назорат кунед. Вақте ки ӯ қавитар мешавад ва бештар ҳаракат мекунад, чизҳоеро, ки барои ӯ хатарнок буда метавонанд ба ҷои дастнорас гузоред.