Кӯдак чӣ гуна меомӯзад?
Кӯдак аз рӯзи аввали ҳаёташ меомӯзад ва аллакай аз вақти таваллуд ҷаҳони атрофро бо суръати баланд меомӯзад. Фаҳмидани он муҳим аст, ки кӯдак чӣ гуна меомӯзад: тавассути таҳқиқот ва иштироки фаъолона дар машғулиятҳои гуногун. Илова бар ин, ба кӯдак ҳангоми дастгирии фаъолона, вақте ки ӯ худро бехатар ва дӯстдошта ҳис мекунад, омӯзиши муҳити атроф осонтар мешавад, аз ин рӯ иртиботи қавии эҳсосотӣ бо Шумо асоси муҳимтарин барои омӯзиши ӯ мебошад.
Барои кӯдакони навзод ва хурдсол ҳама чиз дар ҷаҳон нав аст – бӯй, ҳарорат, ҳаво, рангҳо, садоҳо, хосияти ашёҳо, мазза ва инчунин ҳама чизҳои ба худи ӯ алоқаманд - функсияҳо ба монанди нафаскашӣ, ҳаракат, нигоҳ кардан, гӯш кардан, тамаркуз, хотира, нутқ, тафаккур, нияту хулосаҳо.
Баробари ба воя расидан кӯдак дарк мекунад, ки одамони гирду атрофаш ба ҳамдигар алоқаманданд, дар муносибатҳои байни одамон қонунҳои муайян мавҷуданд, дар байни ҳодисаҳо низ қонуниятҳо мавҷуданд: сабабҳо ва оқибатҳо; ӯ ҳиссиёт, фикру мулоҳизаҳои гуногун ва ғайраро пайхас мекунад; ин ба вай лозим мешавад ва ӯ ҳамаи инро фаҳмидан мехоҳад. Илова бар ин, кӯдак кӯшиш мекунад, ки бадани худро идора кунад, ба муҳити зист ва муносибатҳое, ки дар он иштирок мекунад, таъсир расонад ва ӯ аз рӯзҳои аввали ҳаёт ба ин омода аст.
Омӯзиш барои кӯдак маънои кӯшиш кардан, омӯхтан, ламс кардан, гӯш кардан, ҳаракат додани узвҳои бадан, мушоҳидаи аксуламалҳои дигарон, даст дароз кардан, гирифтан, доштан, партофтан, омӯхтани робитаи байни ашё, ҳодисаҳоро дорад. Ба ин маъно, барои кӯдак, омӯзиш як бозӣ аст ва дар айни замон бозӣ барои ӯ табиитарин роҳи эҳсоси муҳити атроф аст.
Хеле муҳим аст, ки Шумо ҳамчун волидон инро дар хотир доред - омӯзиш барои кӯдак чӣ гуна аст. Кӯдак аз лаҳзаи аввали ҳаёташ хоҳиши таҳқиқот ва ташаббуси фаъолона омӯхтанро зоҳир мекунад. Дарк кардани он муҳим аст, ки кӯдак чӣ гуна ташаббус нишон медиҳад ва бо муҳити атроф муошират мекунад, то фарзанди худро беҳтар фаҳмед, аксуламалҳои ӯ, роҳҳои мутобиқшавӣ ва омӯзиш, эҳтиёҷоти ӯ ба дастгирӣ ва рӯҳбаландӣ, то Шумо бо кӯдак боз ҳам наздиктар шавед.
Хона – ин аввалин "мактаби" кӯдак аст ва волидайн муаллими аввалинест, ки аз рӯзи аввал ба таҳқиқот ва омӯзиш тавассути бозӣ мусоидат карда, дастгирӣ ва рӯҳбаландии дуруст фароҳам меорад, инчунин барои кӯдак эҳсоси бехатарӣ медиҳад.