Гиря: навзодон ва кӯдакони 0-8 сола

Ҳама тифлон ва кӯдакон гиря мекунанд, аммо кӯдакон, баробари афзоиш ва инкишоф ёфтанашон камтар гиря мекунанд.
Body
Оиди гиряи навзодон ва кӯдакон

Ҳамаи кӯдакон гиря мекунанд, вақте ки онҳо гурусна, хаста, нороҳат, бемор мешаванд ё дард ҳис мекунанд. Баъзан онҳо гиря мекунанд, зеро ба онҳо робита бо волидайн лозим аст. Тифлон ва кӯдакони хурдсол метавонанд низ гиря кунанд, масалан аз озурдагӣ, ғамгинӣ ё ғазаб.

Аммо баъзан фаҳмидани он душвор аст, ки кӯдаки гирякунанда чӣ мехоҳад, хусусан агар ӯ ҳоло гап зада натавонад.

Аз ин рӯ, вақте ки фарзанди шумо гиря мекунад, аввал боварӣ ҳосил кунед, ки ӯ бемор нест ва ҳеҷ чиз ба ӯ осеб намерасонад. Агар шумо шубҳа дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед.

Агар фарзанди шумо бо сабаби дигар гиря кунад, пас шумо метавонед ӯро ором кунед.

Ҳеҷ гоҳ кӯдаки гирёнро наларзонед, назанед ва ба ӯ осеб нарасонед. Агар шумо ҳис кунед, ки метавонед ба фарзандатон зиён расонед, ягон чиз накунед. Дуртар равед ва якчанд нафаси чуқур кашед. Агар имкон бошад бо ягон кас тамос гиред, масалан ҳамсар, наздикон, дӯстон, ҳамсоягон ё мутахассисон,

Навзодон: гиря

Навзодон бо қобилияти гиря кардан таваллуд мешаванд. Гиря - роҳи асосии муоширати онҳо аст.

Тақрибан 1 аз 10 нафар кӯдак бисёр мегиряд - "бисёр" маънои беш аз се соатро дар як рӯз дорад. Тифлони синни то 12 моҳа, одатан, дар вақти шом ва бегоҳӣ гиря мекунанд. Ин метавонад боиси стресс дар шумо гардад.

Ин марҳилаи гирякунии сахт мегузарад, эҳтимолан барвақтар назар ба фикри шумо.

Чӣ бояд кард, агар кӯдак гиря кунад

Қадами аввал - фаҳмидани ин аст, ки оё фарзанди шумо гурусна ё нороҳат аст. Ба зудӣ шумо фарқ карданро ёд мегиред, ки гиряи гуногуни тифлатон чӣ маъно дорад.

Инҳоянд боз якчанд усулҳои муфид:

  • Кӯдакро ба аробача ё слинг гузоред ва ба сайругашт равед. Ҳатто агар фарзанди шумо гиряро бас накунад, баъзан стрессро ҳангоми роҳ рафтан бартараф кардан осонтар аст.
  • Аз ҳамсар, дӯст ё хешатон дар ҳамон вақти рӯзе, ки кӯдаки шумо бештар гиря мекунад кӯмак пурсед. Кӯмак пурсидан - комилан чизи муқаррарӣ мебошад.
  • Агар шумо ба чунин ҳолат тоб оварда натавонед, кӯдакро дар ҷои бехатар гузоред ва ба худ панҷ дақиқа танаффус диҳед. Ягон хатаре нест, ки кӯдак тӯли чанд дақиқа гиря кунад, аммо ин дамгирӣ ба шумо кӯмак мерасонад, ки нерӯъ гирифта ба вазъият баргардед ва ҳама чизро таҳти назорат гиред.

Вақте ки шумо кӯдаки гирёнро тасалло медиҳед, ӯ итминон пайдо мекунад, ки олами атроф бо шумо макони бехатар ва пешгӯишаванда аст. Ӯ ба шумо эътимод пайдо карда камтар гиря мекунад.

Кӯдакони хурдсол: гиря

Кӯдакони хурсол бо ҳамон сабабҳое гиря мекунанд, ки айни навзодон. Аммо кӯдакон инчунин барои тоб овардан ба эҳсосоти нав ва душвор, аз қабили ноумедӣ, шарм ва рашк, гиря мекунанд.

Чӣ бояд кард, агар кӯдаки хурсол гиря кунад

Агар фарзанди шумо аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим бошад, маслиҳатҳои зерин метавонанд кӯмак расонанд:

  • Агар шумо фикр кунед, ки фарзандатон хаста шудааст, монед истироҳат кунад. Фаъолияти оромро ташкил диҳед - мусиқӣ ё афсонаро гӯш кунед, ба ӯ китоб хонед.
  • Агар тифл пеш аз хоб гиря кунад, барои ором шудан ба ӯ кӯмак кардан муҳим аст.
  • Агар фарзанди шумо ба хашм омада бошад ё ғаш кунад, вайро ба ҷои бехатари нимторик баред, то ки ором шавад.
  • Агар фарзанди шумо озурда бошад, кӯшиш кунед, ки якҷоя ҳалли масъаларо ёбед. Масалан: "Ту зиқ ҳастӣ, зеро манораи аз кубикҳо сохтаат афтид. Биё бори дигар якҷоя кӯшиш мекунем.". Вақте ки шумо эҳсоси ӯро мегӯед, кӯдак дарк мекунад, ки шумо ҳиссиёти ӯро мефаҳмед. Он инчунин ба ӯ кӯмак мекунад, ки худтанзимкуниро омӯзад.
  • Агар кӯдаки шумо ҳамту инҷиқӣ карда истода бошад, вазъиятро тағир диҳед, масалан ба сайругашт равед, оббозӣ доронед ё ягон мусиқии кӯдаконаро гӯш кунед ва якҷоя рақс кунед. Шумо надида мемонед, ки аз инҷиқӣ асаре ҳам намондааст.
Кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ: гиря

Ҳамин ки фарзанди шумо ба гап даромад, истифодаи калимаҳо барои ба шумо фаҳмонидани сабаби озурдагӣ ё эҳтиёҷоташ ба ӯ осонтар мешавад. Ба шумо инчунин дар бораи эҳсосот сӯҳбат кардан бо ӯ осонтар хоҳад буд.

Чӣ бояд кард, агар кӯдаки синни томактабӣ ё мактабӣ гиря кунад

Агар фарзанди шумо аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим бошад, кӯшиш кунед:

  • Ба кӯдак имкон диҳед то ором шавад ва пас аз ӯ пурсед, ки чӣ ӯро ин қадар озурда кард. Бо такрор намудани гуфтаҳои ӯ нишон диҳед, ки шумо ӯро бодиққат гӯш мекунед. Масалан: "Ту зиқ шудӣ, зеро Малик бо ту бозӣ накард."
  • Ба кӯдак якчанд усулҳои бартараф кардани вазъиятро пешниҳод кунед. Масалан, "Шояд ту бо Алиҷон бозӣ мекунӣ?"
  • Муҳим он аст, ки фарзандатон фаҳмад, ки баъзан гиря кардан мумкин аст, масалан, вақте ки ягон чизи ғамгин рӯй медиҳад ё ӯ дардро ҳис мекунад. Масалан: "Оҳ, ман низ гиря мекардам, агар ман ҳамин хел сарамро мезадам."

Агар ба назар чунин намояд, ки кӯдаки шумо бисёри вақт гиря мекунад ва ғамгин аст, ба духтур муроҷиат кунед. Шояд дӯстон ё ҳамсоягон метавонанд ба шумо кӯмак расонанд.

Ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон гиря кардан ин роҳи солими тоб овардан бо талафоти калон ё ғаму ғусса аст. Вақте ки фарзандатон ба шумо эҳсоси худро баён мекунад, кӯшиш кунед гӯш диҳед. Ҳамзамон, муҳим аст, ки ӯро тасаллӣ ва итминон диҳед, ки чунин эҳсосотро ҳис кардан - ин комилан муқаррарӣ аст.

Гиря: эҳсосоти шумо

Гиряи тифлон ва кӯдакон яке аз сабабҳои маъмултарини муроҷиати волидон ба мутахассисон барои кӯмак мебошад.

Агар фарзанди шумо бисёр гиря кунад, шумо метавонед худро ғамгин ё ҳатто рӯҳафтода ҳис кунед. Агар шумо чунин ҳиссиётро эҳсос кунед ё фикр кунед, ки ба кӯдаки худ зарар мерасонед, фавран барои кӯмак гирифтан ба одамони наздикатон муроҷиат намудан муҳим аст.

Ҳамеша муфид аст, ки ягон каси дигар барои нигоҳубини кӯдак дар муддати муайян масъулият гирад. Агар тавонед, аз ҳамсари худ хоҳиш кунед, ки аз кор ҷавоб гирад, ё аз дӯст ё хешатон хоҳиш кунед, ки омада кӯмак расонанд.

Волидайн будан душвор буда метавонад, хусусан вақте ки кӯдаки шумо бисёр гиря мекунад. Ба худ танаффус диҳед ва кӯмак пурсед – ин усули хуб барои беҳтар кардани ҳаёт барои худ ва фарзандатон.

Гиря кардан дар назди фарзандони худ

Вақте ки кӯдак зуҳури эҳсосоти шуморо мебинад, он инчунин ба кӯдак нишон медиҳад, ки калонсолон ҳам одам ҳастанд ва эҳсосот доранд.

Аммо агар шумо бисёр гиря кунед ё бесабаб гиря кунед, шумо бояд барои кӯмак аз депрессия ба мутахассис муроҷиат кунед.