Рафтори паҳншуда дар кӯдак: гиря

Кӯдакон бо қобилияти гиря кардан таваллуд мешаванд. Барои кӯдак гиря роҳи асосии муошират кардан бо атрофиён ва нишон додани гуруснагӣ, хастагӣ, нороҳатӣ, дардмандӣ аст, инчунин ба меҳру муошират ва эҳсоси тасаллият сахт ниёз доштани ӯ мебошад.
Body

Гиряи кӯдак ҳангоми калон шуданаш тағйир меёбад. Ба ҳисоби миёна, кӯдакон дар як рӯз то се соат гиря мекунанд ва аз ҳар 10 нафар кӯдак, 1 нафараш аз ин ҳам зиёдтар гиря карда метавонад. Кӯдакон бештар дар байни синни 6-8 ҳафтагӣ гиря мекунанд ва одатан бо калон шудани кӯдак зудии гиряи онҳо кам мешавад. Кӯдакони то моҳи шашум одатан дар нисфирӯзӣ ва қарибиҳои бегоҳ сахт гиря мекунанд. Тасаллибахш ин аст, ки чунин гиря одатан дар моҳи панҷуми ҳаёти кӯдак нест мешавад. Вақте ки кӯдаки Шумо каме калонтар мешавад, ӯ рӯзона бештар гиря мекунад, аммо гиря кӯтоҳтар буда, шиддати камтар дорад ва асосан ба он вобастагӣ дорад, ки кӯдак ба Шумо чизе гуфтан мехоҳад.

Чӣ бояд кард, агар кӯдак гиря кунад?

Аввалин коре, ки бояд кард, санҷидани гуруснагӣ, хастагӣ ё нороҳатии кӯдак аст. Дар ин ҳолат, аксуламал нишон додани Шумо осон мегардад: танҳо ғизо додан, хобонидан ё иваз кардани памперс лозим аст. Инак, якчанд кори дигар, ки Шумо онро ба анҷом расонда метавонедКӯдакро оҳиста алвонҷ диҳед. Ҳаракатҳои нарм ва дар дасти волидон будан метавонад таъсири оромбахш дошта бошад.

  • Бо кӯдаки худ ба сайругашт равед (агар Шумо хеле хаста набошед).
  • Кӯдаки худро оббозӣ дароред ё бо нармӣ масҳ кунед. Ламс ва масҳ алоқаи байни Шуморо ором ва мустаҳкам мекунад. Аз табиби оилавӣ оид ба маҳси бехатари кӯдак маслизат пурсед.
  • Ҳангоми ҷунбондан ё ба оғӯш гирифтани кӯдаки худ бо нармӣ сухан гӯед, ба ӯ суруд хонед ё мусиқии нарм навозед. Баъзан садо ва овози асбобҳо, аз ҷумла мӯйхушккунак ё чангкашак кӯдакро ором карда метавонад.
  • Бо кам кардани шиддати ангезишҳои беруна ором созед - масалан, чароғҳоро хомӯш кунед.

Гиряи кӯдак метавонад волидайнро хеле ба ташвиш орад ва онҳо метавонанд изтироб, хашмгинӣ ё сизтиробро эҳсос кунанд. Кӯшиш кунед, ки барои ба сайругашт рафтан, китоб хондан, машқ кардан ё оббозӣ кардан – каме ҳам бошад, вақт пайдо кунед. Агар кӯдак гиря кунад ва Шумо эҳсос кунед, дигар тоқати шунидани гиряи ӯро надоред, кӯдакро дар ҷойи бехатар гузошта муддате аз ҳуҷра берун бароед. Ҳеҷ гоҳ кӯдакро такон надиҳед - ин метавонад боиси осеби хатарноки мағзи сар гардад.

Кӯмак пурсед ва дар бораи эҳсосоти худ ошкоро сухан ронед. Дар хотир доштан муҳим аст, ки Шумо тамоми кори аз дастатон меомадаро мекунед ва дар ниҳоят кӯдак гиря карданро бас мекунад. Вақте ки кӯдакон дурударозу сахт гиря мекунанд, бисёре аз волидон хаста ва нороҳат мешаванд. Аз ин сабаб, муҳим аст, ки маслиҳат пурсида, дар бораи он чизе ки Шумо аз сар мегузаронед ва чӣ гуна муносибат мекунед, сӯҳбат кунед.