Маҳорати худидоракунии дар кӯдакон
Худидоракуни малакаҳои зеринро дар бар мегирад:
- қобилияти дарк кардан (эътироф кардан) ва танзими ҳолатҳои эҳсосӣ, аз қабили ҳаяҷон, ноумедӣ;
- қобилияти ором шудан пас аз ҳодисаи ҳаяҷоновар ё ташвишовар;
- қобилияти ҷалби диққат ба масъалаи мушаххас;
- қобилияти гузариши диққат аз як масъала ба дигараш;
- қобилияти назорат кардани импулсҳо ва ба таъхир гузоштани талаботҳо;
- қобилияти омӯхтани рафтори иҷтимоӣ.
Малакаҳои зерини худидоракуни муҳиманд:
- барои омӯзиш (масалан, қобилияти таваҷҷӯҳ доштан нисбат ба муаллим ва супориш);
- барои танзими муносибат бо дигарон (масалан, барқарор намудани муносибат бо ҳамсолон аз қобилияти иштироки кўдак дар бозиҳои муштарак, бозӣ бо навбат, ифодаи эҳсосоти худ бо роҳҳоои қобили қабул вобаста аст);
- барои нишон додани рафтори қобили қабул (қобилияти идора кардани импулсҳои худ ва ба таъхир мондани баъзе талаботҳо);
- барои баланд бардоштани мустақилият (қабули қарорҳо ва идоракунии рафтори худ);
- барои бомуваффақият бартараф намудани стресс ва эҳсосоти манфӣ.
Худидоракуни аз рўзҳои аввали ҳаёти кўдак инкишоф меёбад: тифлон барои ором шудан ангушти худро мемаканд ё дар ҳоле, ки дар муошират бо шумо танаффус лозим аст, ба шумо нигоҳ намекунанд. Бо вуҷуди ин, худидоракуни пас аз соли дуюми ҳаёт ва минбаъд то синни балоғат инкишоф меёбад. Ҳамин тариқ, кӯдакони синни то 3 сола метавонанд эҳтиёҷоти худро ба ғизо муваққатан ба таъхир гузоранд, аммо онҳо ба ҳар ҳол бозичаеро, ки ба онҳо маъқул аст, дар майдони бозӣ ба даст меоранд ё дар ҳолати норозӣ ва ноумед шудан хашмгин мешаванд.
Кӯдакони аз синни 3 то 6 сола маҳорати бозикунии худро ба таври таҷрибавӣ такмил медиҳанд: онҳо ҳангоми бозӣ бо ҳамсолонашон метавонанд хоҳишу ақидаҳои худро бо кӯдакони дигар беҳтар ҳамоҳанг созанд. Илова бар ин, онҳо метавонанд аллакай баъзе қоидаҳои рафторро риоя кунанд, масалан, дар кинотеатр бо пичиррос муошират кунанд. Ҳамзамон, онҳо то ҳол душворӣ мекашанд, ки пурра ба як вазифаи мушаххас диққат ҷалб кунанд ё бо эҳсосоти қавӣ, ба монанди хашм ё рашк мубориза баранд. Вақте ки кӯдакон ба мактаб мераванд, онҳо нуқтаи назари дигаронро беҳтар мефаҳманд ва қабул мекунанд, нуқтаи назари худро асоснок мекунанд. Мактаббачагон аллакай метавонанд норозигии худро бидуни ҷанҷол баён кунанд.
Худидоракуни дар заминаи муносибатҳои гарм, дастгиркунанда ва ҳавасмандкунанда инкишоф меёбад ва бинобар ин:
- Бо кӯдак дар бораи он ки ӯ чӣ ҳис мекунад, сӯҳбат кунед ва рафтори бо ин эҳсосот алоқамандро якҷоя таҳлил кунед (масалан, чаро ӯ хашмгин шуд, он вақт ӯ чӣ гуна рафтор кард, боз чӣ кор карда метавонист);
- Вақте ки кӯдак бо эҳсоси сахт (одатан тарс ё хашм) мубориза мебарад, ба ӯ кӯмак кунед, ки эҳсосотро номбар кунад. Беҳтар мешавад, ки ин суҳбат ҳангоми ором шудани кӯдак сурат гирад;
- Кӯмак кунед, ки ба фарзандатон роҳи ором шуданро пайдо кунад ва ҳангоми мубориза бо эҳсосоти қавӣ ба ӯ кумак кунед;
- Ба фарзандатон намуна бошед, бо ӯ сӯҳбат кунед, ки агар чизе шуморо хафа кунад ё ноумед кунад, чӣ гуна рафтор мекунед;
- Таваҷҷуҳи мусбатро истифода баред (муваффақиятҳоро пайгирӣ кунед) ва ҳамеша муваффақиятҳои кӯдакро дар мавриди худидоракуни таърифу таъкид кунед (“Имрӯз ту бо навбат хеле хуб бозӣ карди, ба ман хеле писанд омад, вақте ки ту аз писарча бозича пурсида интизор шудӣ, ки ӯ бозияшро бо бозича тамом кунад.”);
- Кӯшиш кунед, ки интизориҳои худро мувофиқи синну сол ва малакаи кӯдак танзим кунед; бо ин роҳ, шумо ба ӯ кӯмак мекунед, ки ҳалли мушкилотеро, ки ӯ бо он рӯ ба рӯ мешавад, омӯзад;
- Сабр кунед: барои кӯдакони хурдсол фаҳмидани эҳсосот ва мубориза бо онҳо хеле душвор аст.
Кай бояд ташвиш кашид?
Баъзе аз рафторҳои худидоракунии кӯдак метавонад шуморо маҷбур созад, ки барои маслиҳат ба мутахассисони касбӣ муроҷиат кунед. Дар ҳолати ҷой доштани нишонаҳои зерин ҳатман ин амалро иҷро кунед:
- фарзанди шумо зуд-зуд хашмгин мешавад, ӯ бо изтироби сахт мубориза мебарад;
- бо мурури калоншавии фарзанди шумо, барои ӯ мубориза бурдан бо изтироби шадид душвортар мегардад;
- вақте ки фарзанди шуморо эҳсосоти сахт фаро мегирад, бо рафтори худ ӯ метавонад ба худ ва дигарон хатар эҷод кунад;
- шумо стратегияи хуберо пайдо карда наметавонед, ки ба фарзандатон дар идора кардани рафтор ва аксуламалҳои ӯ кӯмак расонад;
- кӯдаки шумо хеле дамдузд мешавад ва нисбат ба ҳамсолони худ малакаҳои иҷтимоии камтар нишон медиҳад.