Рафтори кӯдакони хурдсоле, ки метавонад Шуморо ба ташвиш орад: шармгинӣ
Кӯдакони хурдсол метавонанд дар паси волидайни худ пинҳон шаванд, аз бозӣ бо ҳамсолон ё калонсолон худдорӣ кунанд ё ҳангоми сӯҳбат бо одамони ношинос худдорӣ кунанд.
Одатан кӯдак пас аз чанд муддати бо ин шахс будан ё одат кардан ба муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунад, "об мешавад". Баъзан шармгинӣ пурра аз байн намеравад, вале бо мурури замон кӯдак худро дар муошират бо одамони дигар бештар сабуктар ва дилпур ҳис мекунад.
Чӣ кор кардан мумкин аст?
Ба тифлон ё кӯдаки хурдсоли худ вақт диҳед, то одат карда худро бароҳат ҳис кунанд. Барои дар тамос шудан, ӯро маҷбур накунед (ҷисмонӣ - ҳангоми бардоштан, бӯса кардан, ба оғӯш кашидан, даст фишурдан ё ба таври шифоҳӣ – ҳангоме, ки савол медиҳанд).
Ба кӯдак эҳсосотеро, ки ӯ аз сар мегузаронад, фаҳмонед – ин ҳолати муқаррарӣ мебошад ва бо ӯ сӯҳбат карда ба ӯ гӯед, ки Шумо бо ӯ дар якҷоягӣ роҳеро пайдо мекунед, ки кӯдак худро бароҳат ҳис кунед (масалан, Шумо метавонед бигӯед: "Ман мебинам, ки ту каме шарм мекунӣ, барои он ки ту кӯдакони дар инҷо бударо намешиносӣ. Биё, якҷоя рафта мебинем, ки онҳо чи бозӣ карда истодаанд.").
Дар ҳолатҳои нав ё ҳолатҳое, ки муоширатро талаб мекунанд (масалан, майдончаҳо, утоқҳои бозӣ) ба кӯдаки хурд ё хурдсол наздик шавед. Ҳамзамон ба фарзандатон дар омӯхтани ҳама чизҳои гирду атроф – фазо ва бозичаҳо кӯмак кунед. Вақте ки кӯдак ҷавоб медиҳад, ба шахс нигоҳ мекунад, чизи навро меҷӯяд, худаш ё бо касе тамос мегирад ё аз Шумо дур мешавад - ҳамеша ӯро барои «нотарсиаш» таъриф кунед.
Ором бошед ва худатонро идора кунед – аз кӯдак дурӣ наҷӯед, вале ӯро аз ҳад зиёд тасаллӣ надиҳед. Кӯшиш кунед, то нишон диҳед, ки ин як ҳолати муқаррарӣ аст ва ҳамзамон нишон диҳед, ки Шумо нороҳат будани кӯдакро дарк карда дар бари ӯ ҳастед ва то одат кардани ӯ дар он ҷо ба ӯ кӯмак мерасонед. Ба кӯдак нишон диҳед, то ӯ бо мушоҳида намудани аксуламалҳову рафторҳои Шумо (масалан, вақте ки ба шумо муроҷиат мекунанд - ҷавоб диҳед), дарк намояд, ки ӯ барои мутобиқшавӣ қобилият дорад.
Дар паҳлӯи фарзанди худ бошед. Агар касе дар ҳузураш ӯро шармгин номад, бепарво бошед ва ин шахсро дар ҳузури кӯдак ислоҳ кунед: «Ба ӯ танҳо вақт лозим аст, ки худро бароҳат ҳис кунад ва ҳамаро шиносад. Ҳамин ки худро бароҳат ҳис кунад, ӯ низ ба бозӣ машғул мешавад.” Ин ба кӯдак сигнал медиҳад, ки Шумо ӯро дарк мекунед, ки ӯ худро чӣ гуна ҳис мекунад, ӯро қабул кунед ва боварӣ ҳосил кунед, ки ӯ метавонад бо ин вазъият мубориза барад.