Аломатҳои аввалии аутизм ва агар Шумо онҳоро мушоҳида кунед, чӣ бояд кард

Аломати барвақтӣ дар кӯдакони то 2 сола пайдо мешаванд ва агар Шумо онҳоро дар кӯдак мушоҳида кунед, ба Шумо лозим аст, ки аз мутахассис кӯмак пурсед.
Body

Агар кӯдак

  • ба чашм нигоҳ намекунад
  • ба номи худ ҷавоб намедиҳад
  • ба табассуси Шумо ҷавоб намедиҳад
  • аломати ишоратиро истифода намебарад
  • аломати пешвозгириро (саломдиҳиро) истифода намебарад
  • ба самте, ки Шумо ба ӯ нишон медиҳед нигоҳ намекунад, масалан Шумо самолётро дар ҳаво нишон медиҳед
  • ба ашё барои таваҷҷуҳи Шуморо ба он ҷалб намудан, ишора намекунад
  • нутқ ва забонаш инкишоф намеёбад
  • калима ва ибораҳоро гаштаю баргашта такрор мекунад (эхолалия)
  • бозичаҳоро бо тартиби муайян ҷо ба ҷо менамояд, масалан дар як саф
  • танҳо ба қисми бозичаҳо шавқ дорад, масалан танҳо чархҳои мошинчаҳо
  • ҳаракатҳои ғайриоддӣ ва муттасил дорад – дасташро метаконад, тоб мехӯрад, меҷунбад, бо нӯги пойҳояш мегарадад
  • аз тағйиротҳои ночизи муҳити атроф нороҳат мешавад

Агар Шумо ягон-тои ин аломатро мушоҳида кунед, ба Шумо лозим аст, ки ба табиби кӯдакона/табиби      оилавӣ муроҷиат намоед, ӯ дар навбати худ метавонад Шуморо ба муассисаҳои тиббие, ки бо ин мушкилоти икишоф сару кор дорад, барои ташхис равона намояд