Дахолати бармаҳал чист ва ба кӣ бояд муроҷитат намуд
Барои дохил шудан ба барномаҳои дахолати бармаҳал ба педиатр/табиби оилавӣ муроҷиат кунед. Ба таркиби гурӯҳи расонандагони муолиҷаи бармаҳал одатан педиатр/табибони оилавӣ, равоншиносон, дефектологҳо, логопедҳо, кормандони иҷтимоӣ ва ҳамшираҳои шафқат дохил мешаванд.
Дахолати бармаҳал барои кӯдакони то 5-6 сола, ки дорои ақибмонии инкишоф ва маъюбӣ доранд, пешбинӣ шуда беҳтар аст, ки ҳарчи зудтар оғоз карда шавад. Дахолати бармаҳал аз сабаби иқтидори бузурги инкишофи кўдак дар давоми солҳои аввали ҳаёт ва сохтори мағзи сар хеле муҳим ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки рушди оптималии кўдаки дорои мушкилотҳои инкишофёбӣ дастрас карда шавад.
Ҳар як мушкилоти инкишофёбӣ метавонад меъёр барои дохил кардани барномаи муолиҷаи бармаҳал дар оила бошад ва ҳатто агар ташхис муқаррарнашуда бошад.
Муолиҷаи тиббиву табобатӣ дар синни кӯдакии бармаҳал ва дастгирии оила:
- ба фаъолияти якҷоя асос ёфтааст;
- ба таври инфиродӣ барои ҳар як кӯдак ва оила, дар асоси реҷаи ҳаррӯзаву чорабиниҳо дар оила ва кӯдакистон (ҳангоми ба гурӯҳ дохил шудани кӯдак) гузаронида мешаванд;
- ба оила нигаронида шудааст ва афзалиятҳои оила, таркиби он, доираи таъминот ва шароити зиндагии оила ба назар гирифта мешавад;
- ба ҷиҳатҳои пурқуввати кӯдак ва оила такя карда мешавад, ки дар асоси онҳо нақшаи расонидани кӯмак тартиб дода ва амалӣ карда мешавад;
- ба манфиатҳо ва ҳавасманд намудани кӯдак дар заминаи фаъолияти ҳаррӯза нигаронида шудааст;
- ба стратегияҳои аз ҷиҳати илмӣ исботшудаи ҳавасмандгардонии рушди кӯдак асос ёфтааст.
Исбот гардидааст, ки барномаҳои муолиҷаи бармаҳал дар рушди потенсиали кӯдакон бомуваффақият амалӣ карда мешавад, аммо онҳо барои кӯдакони гирифтори аутизм ва дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт қабули онҳо натиҷаи якхела надоранд.