Рафторҳое, ки дар тифлон ва кӯдакони хурдсол Шуморо метавонанд ба ташвиш оварад: тарс аз шахсони бегона
Кӯдаки Шумо метавонад ҳангоми ба ӯ наздик шудан, муроҷиат кардан ё аз дасташ доштани шахси бегона худро нороҳат ҳис кунад. Ин рафтор имконпазир буда одатан дар байни синни 7 то 10 моҳагӣ рӯй медиҳад. Одатан ин метавонад якчанд моҳ тӯл кашад, вале он метавонад вақти бештарро гирад. Он ҳолат одатан дар байни синни 18-24 моҳагӣ нест шуда метавонад.
Body
Чӣ кор кардан мумкин аст?
Гарчанде, ки марҳилаи тарсу ҳарос аз шахсони бегона –зуҳуроти интизорӣ аст, Шумо метавонед ба фарзандатон кӯмак кунед, ки худро нисбатан камтар нороҳат ҳис кунад.
- Нороҳатии кӯдаки худро беаҳамият намонед ё рад накунед. Кӯдак метавонад гиря кунад ва боз ҳам шадидтар вокуниш нишон диҳад, агар ӯ бояд ба Шумо равшантар нишон диҳад, ки дар айни замон чӣ ҳис мекунад.
- Ҳангоми шинос кардани кӯдак бо шахсони бегона аз дасташ доред ё дар болои зонуи худ шинонед. Агар имконпазир бошад, ӯро бо шахсони бегона дар муҳити барояшон ошно масалан дар хона, шинос кунед.
- Агар кӯдак дар ҳузури шахси ношинос хеле нороҳат бошад, ӯро комилан ором кунед ва танҳо баъдан кӯшиш кунед, ки якҷоя бозӣ кунед. Дар аввал бо ҳамроҳии кӯдак аз шахси ношинос дур шавед.
- Сабр кунед ва нарм сухан гуед. Кӯдакро маҷбур накунед, ки бо шахсони бегона ҳамсӯҳбат шавад. Дар бораи эҳсосоти шахсони калонсол хавотир нашавед - аз шахсони бегона хоҳиш кунед, ки пеш аз дасти кӯдакро гирифтан интизор шаванд. Ба кӯдак гӯед, ки ӯ шинос шудан бо одамони навро омӯхта истодааст ва ба ӯ вақт диҳед, то бо шахсони бегона шинос шавад ё бо онҳо хоҳиши шинос шуданро пайдо кунад.
- Ҳангоми шинос кардани фарзанди худ бо одамони бегона ором бошед - аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон наоед, парешонхотир ё асабонӣ нашавед. Кӯдак рафтори Шуморо мушоҳида карда вазъиятро дар асоси аксуламали Шумо баҳогузорӣ мекунад.
- Баръакс, аз шинос шудан бо одамони бегона даст накашед. Ба фарзандатон кӯмак расонед, то ки бо одамони нав шинос шавед. Ҳамеша ба онҳо самимона салом гуфта ба фарзандатон нишон диҳед - бо табассум, бо овози форам, хушҳол, бо тамоси чашмӣ - ки суҳбат бо атрофиён форам аст.
Тарси бениҳоят зиёд аз шахсони бегона метавонад боиси изтироби иҷтимоӣ ва нороҳатӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ дар вақти калонтар шудани кӯдак гардад. Аз ҳамин сабаб, агар Шумо аз он хавотир бошед, ки фарзандатон ҳангоми вохӯрӣ бо одамони ношинос нороҳатии зиёд ҳис мекунад ё ҳатто вақте ки шахси бегона дигар дар атроф нест, ором намешавад, муҳим аст, ки барои машварат ба мутахассис муроҷиат кунед. Агар тарс дар кӯдак аз шахсони бегона пас аз соли дуюми ҳаёти кӯдак боқӣ монад, он гоҳ низ Шумо барои машварат гирифтан ба мутахассис муроҷиат намоед.