Тасаллӣ додани кӯдаки гирякунанда (дар расмҳо)

Кӯдак аз гуруснагӣ, хафагӣ ё хастагӣ гиря мекунад. Волидайн бояд кӯдакро тасаллӣ диҳанд.
Body
Оё фарзанди Шумо аз гуруснагӣ, хафагӣ ё хастагӣ гиря мекунад?

Модар кӯдакро тасаллӣ медиҳад

Оё кӯдак ба тасаллӣ ниёз дорад? Кӯдакро ба оғӯш гиред ва кӯшиш кунед, ки барои ӯ мавқеи бароҳат пайдо кунед, то ором шудани ӯ осонтар шавад. Кӯдаки худро бо нармӣ аз паҳлӯ ба паҳлӯ ё боло ва поён ҷунбонед, кӯшиш кунед, ки бо ритм пушташро сила кунед ва суруди алла хонед. Ин матлуб аст, ки рӯшноӣ ва садоҳо паст карда шавад.

Модар фарзандашро мехӯронад 

Оё кӯдак гурусна аст? Ба кӯдакатон сина ё шишачаи ғизои сунъиро пешниҳод кунед. Агар кӯдак гурусна набошад ҳам, ӯ метавонад хоҳад, ки барои ором шудан шир хӯрад. Ба кӯдаки навзод пистонак пешниҳод кунед ё бо роҳи дигар ба ором шуданаш кӯмак кунед – ба даст гиред, суруд хонед.

Кӯдак хаста шудааст

Оё кӯдак хаста шудааст? Агар кӯдак ноором бошад ва дасту пойҳояшро бетартибона ҷунбонад, кӯшиш кунед, ки ӯро парпеч кунед. Сипас кӯдакро ҷунбонда, дар ҷои бехатар хобонед.

Оё кӯдак аз сабаби нороҳат буданаш гиря мекунад?

Кӯдак метавонад ба иваз кардани уребча ниёз дошта бошад

Оё ба кӯдак иваз кардани уребча лозим аст? Агар Шумо бинед, ки кӯдак оҳу нола, ғаш мекунад, либосаш тар аст, шояд уребча пур аст ва ӯ аз ин чандон бароҳат нест. Шумо бояд уребчаро тафтиш кунед ва агар лозим бошад, онро иваз кунед. Агар кӯдак пасафканд карда бошад, уребчаро ҳарчи зудтар иваз кардан лозим аст, бодиққат тамоми ифлосиҳоро аз рӯи пӯст тоза кунед. Агар дар пӯсти тифл дар қадкашад ва ё дунбача доначаҳо пайдо шаванд, қисмҳои баданашро бо оби тоза шуста, нарм пок карда, креми кӯдакона ё хокаи кӯдаконаро (присыпка) истифода баред.

Оруғ (отрыжка)

Оё ба кӯдак оруғ лозим аст? Ҳангоми макидани шадиди сина ё шишача, кӯдак метавонад миқдори зиёди ҳаворо фурӯ барад, ки боиси нороҳатӣ мегардад. Дарҳол пас аз макидан кӯдакро чунон гиред, ки ӯ дар ҳолати рост (сутунча) бошад, бо нармӣ ба пушташ кӯфта, оруғро (ҳаво баровардан) интизор шавед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ба фарзанди Шумо хеле гарм ё хунук нест ва ӯ либоси бароҳат дорад.

Агар Шумо гумон кунед, ки кӯдак бемор аст

Оё кӯдак бемор аст? Ҳарорати бадани кӯдакро чен кунед. Ҳарорати миёна 36,3—37,2°С. Агар Шумо дар бораи саломатии кӯдаки худ нигарон бошед, ба педиатр/духтури оилавӣ муроҷиат кунед.

Вақте ки кӯдак гиря мекунад ба ӯ нигоҳубин кунед

Кӯдакро наларзонед

Ҳеҷ гоҳ кӯдакро наларзонед. Чунин фаъолиятҳо метавонанд ба кӯдаки Шумо осеб расонанд, ки боиси хунравӣ ва осеби доимии мағзи сар шаванд.

Вакте ки падару модар мушавваш мешаванд

Шумо дар изтироб ҳастед? Агар Шумо ҳис кунед, ки бо эҳсосоти манфии худ мубориза бурда наметавонед, кӯдакро дар ҷои бехатар ҷойгир кунед, барои ором шудан танаффус гиред. Шумо метавонед аз касе хоҳиш кунед, ки кӯдакро тасаллӣ диҳад.

Кӯмак талаб кардан дуруст аст. Агар ба Шумо баъзан нигоҳубини кӯдакатон душвор бошад, шарм надоред, ки кӯмак пурсед.