Бозиҳо дар саҳни табиат

Вақтгузаронӣ дар ҳавои кушод – ин имкони хубест барои ҳамроҳ гирифтани таассурот ва саргузашти шавқовар барои фарзанди Шумо, инчунин барои тамоми оила. Бозӣ дар ҳавои кушод дар назар дорад, ки "чиркин шудан" мумкин аст – бо лой бозӣ кардан, дар рӯи замин бозӣ кардан, баргҳо ҷамъоварӣ кардан, "аз алаф шӯрбо тайёр кардан", аз гулҳо обашонро бароварда расм кашидан... Гарчанд бозиҳо дар ҳавои кушод – ин дар бораи тозагӣ ва озодагӣ нест, он хеле шавқовартар аст!
Body

Бозиҳо дар саҳни табиат қоидаҳои сахт надоранд. Муҳити атроф – маргзорҳо, ҷангалҳо аз кӯдак талаб мекунад, ки чӣ гуна омӯхтани онро хаёл кунад ва аз он лаззат барад. Чунин ҳавасмандкунӣ барои кӯдакон хеле муфид аст. Дар ҳолати имконпазир бозӣ дар ҳавои кушод метавонад иштирок ва кӯмаки кӯдакро дар корҳои ҳаррӯза – нигоҳубини боғ, ҳавлӣ, гулҳо ва ғайра дар бар гирад. Сайру гашти оддие дар боғ метавонад кӯдакро ба омӯхтани чизҳои нав дар бораи бехатарӣ, сӯҳбат дар бораи муҳити атроф, мушоҳида ва таҳлили рафтори одамон ва ғайра водор созад.

Аввалин чизе, ки мо дар бораи бозӣ дар ҳавои кушод фикр мекунем – ин кам будани маҳдудиятҳо дар ҳаракат. Ҳатто барои кӯдакони хурдсоле, ки акнун роҳ рафтанро меомӯзанд ва ё роҳгардиро машқ мекунанд ва ҳатто барои онҳое, ки ҳанӯз говак мекунанд, барои лаззат бурдан аз чунин бозиҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Барои кӯдакони хеле хурдсол дар ҳавои кушод будан гирифтани ҳиссиёти гуногуни бӯйҳо, садоҳо, имкониятҳои зиёди омӯхтани сатҳҳои гуногун тавассути ламс ва ғайраро дорад. Бо кӯдаки худ ба сайру саёҳат равед – бигзор вай бо шикам дар болои гилемча хобида бо хушнудӣ бозӣ кунад, говак кунад ва болои алаф хазида равад, ҳаракати баргҳоро тамошо кунад, пойҳояшро ба болои онҳо соиш диҳад ё бо дастонаш гирад. Фаромӯш накунед, ки шодӣ аз чунин саргузаштҳо аз муошират бо Шумо вобаста хоҳад буд: бо кӯдак сӯҳбат кунед, ӯро ба даст гирифта оғӯш кунед, ба ӯ кӯмак кунед, ки ба он чизе ки мехоҳад даст расонад, муайян кунед, ки ӯ ба чӣ таваҷҷӯҳ дорад ва чиро ҳис мекунад, номи онро гиред, кӯдакро ба гап задан, оғӯш кардан ҳавасманд кунед.

Инкишоф додани малакаҳои моторӣ / ҳаракатӣ дар соли дуюми ҳаёти кӯдак

Вақте ки кӯдак ба пой меистад, мустақилона ба роҳ рафтан оғоз мекунад, яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда аст. Чунин ба назар мерасад, ки кӯдак ҳеҷ гоҳ хаста намешавад – ӯ аз ҷояш бармехезад, мешинад, мебелро дошта як паҳлӯ роҳ меравад, ба хестан кӯшиш мекунад, қадам мегузорад, боз чорзону мешинад. Вай пайваста таҷриба мекунад ва онро ҳамеша бо табассум ва ангезаи нав барои омӯхтани имкониятҳои гуногуни ҳаракат анҷом медиҳад.

Аввалин қадамҳои мустақил

  • Кӯдаки солим аз 18 то 20 моҳагӣ ба роҳ рафтан оғоз менамояд.
  • Вақте ки кӯдак қадамҳои аввалини худро мегузорад, пойҳои ӯ васеъ гузошта шуда ба берун тоб мехӯранд.
  • Кафи пойҳо ҳамеша тавре ҷойгир карда мешаванд, ки мавқеи устувортарини баданро таъмин кунанд – мавқеи пойҳоро ислоҳ накунед.
  • Дар вақти дар хона буданаш ба кӯдак пойафзол напӯшонед – пойафзол ба ташаккули камони пой кӯмак намекунад, камон бо фаъолияти ҷисмонӣ мустаҳкам мешавад. Мумкин аст, вақте ки Шумо ба кӯдак пойафзол пӯшонед ӯ ба по меистад ва дарҳол ба ҷояш мешинад, зеро дар кадом сатҳ қадам заданашро намефаҳмад.
  • Дар даврае, ки роҳгардии кӯдак тадриҷан устувортар мешавад, барои нигоҳ доштани мувозинат дастҳои ӯ одатан баланд бардошта мешаванд.
  • Бисёр вақт, кӯдак дар ҳар ду даст бозичаро мегирад ё як бозичаи калон мегирад, то ҳангоми роҳ рафтан мувозинаташро нигоҳ дорад. Вақте ки ӯ бозичаро мепартояд, ӯ ҳатман мешинад.
  • Ҳатто пас аз он ки кӯдак роҳ меравад, вобаста ба сатҳи зери пой вай говаккаширо афзалтар медонад, то ба он чизе, ки мехоҳад зудтар ва бехатартар бирасад.

Инкишофи минбаъдаи маҳорати ҳаракат

  • Кӯдаке, ки роҳ меравад, ҳатман кӯшиш мекунад, ки пои худро бардошта, ба зинапоя ё мебел барояд.
  • Вай муддати дароз сари дупо мешинад.
  • Вай шишаҳо, сабадҳо, тӯбҳо ва дигар чизҳои вазнинтареро, ки ба ӯ ҳисси бештари бехатарӣ медиҳанд, дар даст бардошта мегардад.
  • Вай бо дастонаш такя карда аз зинапоя ба боло мебарояд ва бо ҳамин тарз поён мефарояд.
  • Вай тӯбро мезанад, мепартояд, баъзан меафтад, вале дар аксар маврид мувозинатро гум намекунад.
  • Вай ба теппача ва таҷҳизоти майдончаҳои бозӣ мебарояд, мехазад, чарх мезанад ё дар арғунчак алвонҷ мехӯрад.
  • Ба баландӣ баромадан, аз баландӣ фаромадан, роҳ гаштан дар сатҳи ноҳамвор ба вай маъқул аст.
  • Вай чарх мезанад, сарашро дар мавқеъҳои гуногун хам мекунад: ба поён, ба паҳлӯ – ​​ин гуна ҳаракат аппарати вестибулярӣ ва майнаро инкишоф медиҳад, кӯдак хурсандӣ мекунад, лаззат мебарад ва омӯхтани қобилиятҳои худро идома медиҳад.
  • Вай ба давидан шурӯъ мекунад.
  • Вай ба қафо қадам мезанад ва инчунин метавонад дар курсии паст, курсии кӯдакона, курсии паҳлӯдор нишинад.

Ташаккули малакаҳои ҳаракат дар соли дуюми ҳаёти кӯдак бо такрори доимии ҳаракатҳои гуногун алоқаманд аст: кӯдак бисёр роҳ меравад, медавад, бо тӯб бозӣ мекунад, аз зина боло рафтанро ёд мегирад. Дар соли сеюм Шумо мушоҳида хоҳед кард, ки чӣ тавр кӯдак ин корро тезтар, моҳиронатар ёд мегирад ва чӣ гуна ҳамоҳангии ҳаракати ӯ беҳтар мешавад.