Чӣ тавр кӯдакро барои хӯрдани наҳорӣ ташвиқ кардан мумкин аст
Чаро наҳории солим ин қадар муҳим аст
Наҳорӣ ба кӯдакон барои пешбурди ҳаёти фаъол нерӯи заруриро медиҳад. Пас аз наҳории солим кӯдакон гуруснагиро то дер эҳсос намекунанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо метавонанд диққати худро ба бозӣ ва таҳсил равона кунанд, беҳтар чизҳои навро дар хотир нигоҳ дошта, мушкилотро ҳал кунанд. Кӯдаконе, ки наҳорӣ мехӯранд, солимии эҳсосотии беҳтар ва вазни муқаррарӣ доранд, зеро барои газак ширинӣ ва ғизои равғанин камтар истеъмол мекунанд.
Барои нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нерӯ тамоми субҳ наҳорӣ бояд аз рӯи миқдори карбогидратҳо, сафедаҳо ва равғанҳо мутавозин бошад. Барои наҳорӣ шумо метавонед ба кӯдакон шӯла, патароқи (хлопья) ҷавин бо шир, тухми обпаз, тухмбирён, пораҳои нони бирён, мева ва йогурт пешниҳод кунед. Ин хӯрокҳо барои ҳазмшавӣ ва азхудкунӣ вақти зиёдтарро талаб мекунанд ва ба кӯдак нерӯ ва эҳсоси сериро ба муддати тӯлонӣ мебахшанд.
Чӣ тавр розӣ кунонидани фарзанди худ ба хӯрдани наҳорӣ
Вақте ки сухан дар бораи ғизо меравад, шумо намунаи ибрат ҳастед. Ба фарзандатон дар мисоли худ нишон диҳед, ки наҳорӣ болаззат аст, фаҳмонед, ки он то чӣ андоза муҳим ва муфид аст. Ин имкон медиҳад, ки ӯро ба хӯрдани наҳорӣ моил кунонед.
Инҳоянд чанд ғояҳои дигар барои кӯмак расонидан, ки наҳорӣ одати пагоҳирӯзии муфид шавад:
- Бигзор наҳорӣ вақте шавад, ки бо фарзандонатон ҳамроҳ нишинед ва хӯрок хӯред. Ибрати хуб нишон дода, шумо метавонед ба одатҳои онҳо таъсир расонед.
- Агар фарзанди шумо гӯяд, ки субҳ гурусна нест, кӯшиш кунед, ки ба ҷои наҳории одатӣ аз шир, йогурт ва меваҳо ба мисли банан нӯшокии (смузи) солим тайёр кунед.
- Варианти дигар ин аст, ки саҳарӣ ба фарзандатон миқдори ками шӯла ё як пораи мева диҳед. Ва дертар, пеш аз мактаб, ба ӯ иловатан бутерброд ё йогурт бо мева пешниҳод кунед.
- Агар субҳ барои наҳорӣ вақти зиёд надошта бошед, кӯшиш кунед, ки занги соати фарзандатонро 10 дақиқа пештар тобед ё бегоҳӣ наҳорӣ тайёр кунед.
Наҳорӣ ба кӯдак нерӯ мебахшад ва мубодилаи моддаҳоро оғоз мекунад. Ин ба ҷисми ӯ кӯмак мекунад, ки ғизои дар давоми рӯз хӯрдаашро самараноктар аз худ кунад.