Одатҳои кӯдакона
Одатҳои ҷисмонӣ чист?
Одат рафторест, ки фарзанди Шумо як амалро такрор ба такрор бе андешаи зиёд такрор мекунад.
Дар бисёр мавридҳо одатҳои кӯдакӣ метавонанд Шуморо ба ташвиш оранд ё ғамгин кунанд, ки одатан онҳо сабаби ташвиши зиёд нестанд.
Одатҳои кӯдакон одатан бо муносибати онҳо ба бадан ё чеҳраашон алоқаманд мебошанд. Баъзан кӯдакон аз одатҳои худ огоҳ мебошанд, вале дар баъзе мавридҳо онҳоро ҳис намекунанд.
Инак, якчанд намунаи одатҳои бештар вохӯранда дар кӯдакон:
- макидани ангуштон ё ангушти калон
- хоидан ё шикастани нохунҳо
- тораҳои мӯйро печонидан ё кашидан
- бинии худро кофтан
- лабон ё даруни рухсораро газидан
- ашёҳо, аз ҷумла қалам ва либосро хоидан
- дандонҳоро ғиҷиррос занонидан
Чаро ин одатҳо пайдо мешаванд?
- Одатҳо метавонанд як роҳи ором шудан бошанд. Масалан, вақте ки кӯдакон аз синни тифлӣ гузаштанд, одатҳо ба монанди макидани ангуштон метавонанд як роҳи бартараф намудани изтироб гардад. Ва баъзан одатҳо аз сабаби дилгир шудани кӯдакон пайдо мешаванд.
- Эзоҳ: Барои баъзе кӯдакон бо корҳои муқаррарӣ, вале баъзан ба назар ғайриоддӣ, ба монанди ҷунбонидани бадан ё хам кардани сар худро ором кардан осонтар аст. Барои бештари кӯдакон, ин одатҳо дар синни панҷсолагӣ нест мешаванд.
Баъзе рафторҳо метавонанд ба оғози одат монанд бошанд, аммо аз ҷиҳати тиббӣ сабаб дошта метавонанд. Масалан, кӯдаке, ки ба таври ногаҳонӣ ба кашидани гӯшҳои худ ё ҳатто харошидан оғоз карда, ҳамзамон асабонӣ мешавад, бо эҳтимоли зиёд гирифтори сирояти гӯш бошад ё ин амал ба баромадани дандонҳо вобастагӣ дошта бошад.
Бо нармӣ дур кардани одатҳо
Аксари одатҳо худ аз худ нест мешаванд. Аммо, агар ин гуна рафтор ба фаъолияти ҳаррӯзаи кӯдак халал расонад ё осебрасон бошад, бояд чора андешида шавад.
Масалан, макидани ангушт - бештар вохӯрда амали муқаррарӣ мебошад. Аммо агар кӯдак аксар вақт ангушти худро макад ё аз ин сабаб дар сӯҳбат кардан ва хӯрокхӯрӣ душворӣ кашад ва ё боиси тамасхури ҳамсолон гардад, беҳтар аст, ки барои ҳалли ин масъала чора андешед. Инро аввал санҷед:
Баъзе маслиҳатҳо дар бораи чӣ гуна халос шудан аз одатҳо
- таъриф кӯмак мекунад, ки аз одатҳо халос шавед. Масалан, Шумо метавонед бигӯед: "Олӣ. Вақте ки ангуштатро ба даҳон намекунӣ, ман суханони туро фаҳмотар мешунавам».
- Дар мавриди иҷро намудани ягон амали беихтиёронаи фарзандатон, инро хотиррасон кунед. Масалан, агар фарзанди Шумо остинашро хояд, метавонед гӯед: "Лутфан, остини худро нахой – наонқадар хуб ба назар мерасад". Аммо онро ба мухолифат табдил надиҳед.
- Кӯшиш кунед, ки фарзандатон дар вақтҳои холии худ ба ягон кор машғул бошад. Масалан, Шумо метавонед ба фарзандатон пешниҳод кунед, ки ҳангоми тамошои телевизор бо бозичае, ки қисмҳои ҳаракаткунанда дорад, бозӣ кардан мумкин аст.
Кай барои халос шудан аз одатҳо кӯмак пурсидан лозим аст
Тақрибан дар синни сесолагӣ макидани ангуштон метавонад барои инкишофёбии дандонҳои кӯдакон мушкил пеш орад. Агар фарзанди Шумо то синни сесолагӣ ҳанӯз ангушти худро макад, бо табибон дар бораи чӣ гуна аз ин одат даст кашидан, сӯҳбат кунед.
Илова бар ин, агар Шумо фикр кунед, ки баъзе рӯйдодҳои охирин дар ҳаёти оилавиатон боиси пайдо шудани ин одатҳои фарзандатон шаванд, бояд ин сабабҳоро бо мутахассис муҳокима кунед.
Одатҳои ҷисмонӣ дар кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус
Кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус (масалан, кӯдаки дорои аутизм) метавонанд нисбат ба кӯдакони ба таври муқаррарӣ инкишофёфта одатҳои бештар ё шадидтар зоҳир кунанд. Агар ба Шумо маълумоти бештар лозим бошад, равоншинос ё дигар мутахассис метавонад ба Шумо кӯмак расонад.
Одат ё ларзиш ?
Ларзиш - одат нест. Ларзиш ин спазмҳои мушакҳо мебошад, ки боиси ҳаракатҳои ихтилоҷӣ мешавад ва кӯдак онро идора карда наметавонад. Мисол, зуд-зуд мижа задан, паридани рӯй, ҳаракатҳои асабии дастҳо ё китфҳо мебошанд. Баъзан ларзиш аз сабаби ҷой доштани ягон ҳолат, аз ҷумла синдроми Туретт ба вуҷуд меояд.
Кӯдак метавонад як муддат ларзишро идора кунад, аммо вақте ки кӯдак дар бораи он фикр карданро қатъ мекунад, он дубора пайдо мешавад. Агар Шумо ҳис кунед, ки ларзиш барои фарзандатон мушкилот эҷод мекунад, беҳтар аст, ки барои кӯмак, ба мутахассис муроҷиат кунед.