2 моҳагӣ – Тасҳеҳи тарафайн ва танзиму муқарар намудани реҷа

Агар ман ба Шумо гуфта метавонистам... . “Вақте, ки ба ман ягон чиз лозим бошад, Шумо дар ҳимин ҷо ҳастед. Вақте, ки ман гушнаам ё нӯшидан мехоҳам , Шуморо дида мехоҳам, ё ин ки вақте, ки мехоҳам Шумо маро дар оғӯши худ гиред ё вақте, ки ман ҳатто хоб рафтан мехоҳам, Шумо дар бораи ҳамаи ин огоҳ ҳастед. Баъзан ман гиря карданро сар мекунам ё ин ки дигар овозҳоро мебарорам, Шумо ҳамеша дар назди ман ҳастед. Ин барои ман бениҳоят муҳим аст. Вақте, ки Шумо бо ман суҳбат мекунед, ман мехоҳам ба Шумо ҷавоб диҳам. Ҳамаи баданам аз шодӣ пур мешавад. Ман ба чеҳра ва ашёҳои гирду атроф назар карданро дӯст медорам ва дастҳои ман хеле аҷибанд. Ин як олами ҷолиб аст, лекин баъзан ҳаяҷон аз ҳад зиёд аст. Бинобар ин ба ман хомӯшӣ ва оромӣ лозим аст, то ин ки дам гирам ва хоб равам. Ман худро дар бехатарӣ эҳсос менамоям, барои он, ки Шумо дар ҳамин ҷо ҳастед".

Инкишофи кӯдак дар 2 моҳагӣ

 

Муошират

Чӣ навигарӣ аст?

Аввалин чизе, ки шумо дар ин давра мушоҳида карда метавонед, ин аст, ки кӯдаки шумо назар ба рӯзҳои аввали баъд аз таваллуд бештар гиря мекунад. Ин дар моҳи дуюми рушд пешбинӣ шуда буд ва то охири моҳи сеюм идома хоҳад ёфт. Ин маънои онро дорад, ки фарзанди шумо бо шумо муошират карданро меомӯзад. Алҳол гиряи ӯ боз ҳам баландтар шуда -  хислати гуногун дорад ва аз  гуруснагӣ, нороҳатӣ ва хастагӣ дарак медиҳад. Шумо инчунин пай мебаред, ки ӯ садоҳо ва дигар овозҳо мебарорад (шояд "ооо" ё "ааа").

Шумо чи тавр кӯмак карда метавонед?

Барои кӯдаки шумо вақт лозим аст, то боварӣ ҳосил кунад, ки шумо тарзи муоширати ӯро мефаҳмед, аз ин рӯ, ҳар дафъа ба гиряи кӯдак посух додан муҳим аст. Бо кӯдак возеҳ ва оҳиста сӯҳбат кунед, ҳангоме, ки кӯдак овоз мебарорад, хурсандиро тавассути мимика ва ё овозатон баён намуда, садоҳояшро такрор кунед.

Эҳсосот

Чӣ навигарӣ аст?

Фарзанди шумо бо шумо робита барқарор мекунад ва шуморо асосан аз рӯи, бӯй ва овоз мешиносад. Вай мекӯшад, ки шумо ва дигар одамони наздикро ҷустуҷӯ кунад. Дар ин давра, ӯ метавонад аллакай ба шумо бо табассуми аввалини худ, ки лаҳзаи беҳтарин аст, ҷавоб диҳад.

Вай одатан дар моҳи дуюм нисбат ба садоҳо боз ҳам ҳассостар мешавад - вақте ки шумо бо ӯ сӯҳбат мекунед, на танҳо шуморо мешиносад, балки ҳангоми шунидан ба чеҳраи шумо назар андохта ба овози шумо низ посух медиҳад. Албатта, вай ҳанӯз ҳам ба иштироки шумо ниёз дорад, аммо ӯ аллакай метавонад худро тасаллӣ диҳад, масалан, мушти дасти худро ба даҳон меандозад.

Шумо чи тавр кӯмак карда метавонед?

Ҳар вақте ки шумо ниёзҳои кӯдаки худро қонеъ мекунед - ба ӯ хӯрок медиҳед, либоси тарашро иваз мекунед, ба дастатон мегиред, бо ӯ муошират мекунед - вай худро бароҳат ва бехатар ҳис мекунад. Кӯдаки худро ҳамеша бо овози нарм, бо меҳрубонӣ ламс карда, ӯро ҷунбонед ва ба ӯ суруд хонед. Фарзанди шумо дар назди шумо буданро дӯст медорад. Ӯ дӯст медорад, ки ба атроф нигарад ва гӯш кунад. Ӯро  ҷунбонед, бо истифодаи "забони кӯдакона" суруд хонед ва бо ӯ сӯҳбат кунед, бештар бо ӯ бозӣ кунед. Ба он диққат диҳед, ки ӯ дӯст медорад ва чизе ки ӯро ором мекунад. Ба ӯ кӯмак кунед, ки мустақилона худро ором созад - ба ӯ маъқул аст ва ӯ метавонад ангуштонашро макад.

 

Тафаккур

Чӣ навигарӣ аст?

Ӯ чизҳои бисерро тавассути чашмон меомӯзад – барои мисол, объектҳои ҷолибро пайгирӣ мекунад.  Барои ӯ дидани чеҳраҳое, ки ӯ мебинад, шавқовар аст ва ин ҳам як манбаи дигари гирифтани иттилоотии нав барои фарзанди шумо мебошад. Дар сурати тағир наёфтани фаъолият, ӯ метавонад дилгир ва беҷуръат шавад ё дар сурати тағироти аз ҳад зиёд беҳад серҳаракат мешавад.

Шумо чи тавр кӯмак карда метавонед?

Вақте ки кӯдаки шумо дар шикамаш мехобад, шумо метавонед бозичаеро бо рангҳои дурахшон дар пеши ӯ гузошта  онро аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар  ҳаракат диҳед. Агар фарзанди шумо ба шикоят кардан оғоз кунад, сарашро ба паҳлӯ гузорад ё ҳангоми бозӣ гиря кунад, ин метавонад нишонаи аз ҳад зиёд ҳавасмандкунии ӯ бошад. Ба шумо лозим меояд, ки бозии фаъолро каме суст намоед ё ки камтар дам гиред. Аммо, шумо инчунин бояд мушоҳида кунед, ки оё ӯ дилгир шудааст ё не, ва шояд ба  ӯ як машғулияти нав маъқул шавад, ё ки ӯро ба тарафи дигари ҳуҷра бурдан лозим аст. Шумо кӯдаки худро беҳтар аз ҳама медонед! Шумо метавонед ба кӯдаки худ чизҳои гуногунеро пешниҳод кунед, ки ӯ онҳоро бинад, ламс кунад ва дар дасташ нигоҳ дорад. Вақте ки ӯ дар пушт мехобад, дар сатҳи чашм ва  аз болои сараш бозичаи шақшақа қапед ва кӯшиш кунед, ки кӯдак  ба он бирасад. Ин як вазифаи нав ва ҷолибест, ки ӯ бояд онро ҳал кунад.

 

Ҳаракат

Чӣ навигарӣ аст?

Дар охири моҳи дуввум, малакаҳои ҳаракатии тифли шумо торафт беҳтар мешавад. Кӯдакон бо роҳҳои гуногун инкишоф меёбанд, дар ин давра ӯ эҳтимолан сарашро боло мекунад ва ҳангоми ба шикам хобидан аз паҳлӯ ба паҳлӯ ҳаракат мекунад. Ҳаракатҳои дасту пои кӯдак нисбат ба вақте, ки ӯ нав таваллуд шуда буд ҳамвортар ва ҳамоҳангтар аст. Вай ба кашфи омӯзиши бадани худ ҳавасманд аст, бинобар ин омӯзиши дастҳои худ ва ангуштонаш, барои ӯ дар ин давра шавқовартарин амал хоҳад буд. Масалан, ӯ дастҳои худро бо нигоҳ кардан, пӯшидан ва кушодан аз назар мегузаронад ва бо дастгирии шумо метавонад ягон чизро дар даст дошта нигоҳ дорад.

Шумо чи тавр кӯмак карда метавонед?

Ҳангоме ки кӯдакатон бедор аст, ӯро ба шикам хобонед, ва дар пешаш чизҳои шавқовар ва барояш бехатар гузоред. Кӯдакатонро маҳс ва сила карда, ӯро ҳавасманд мекунед, то ки рефлексҳои ҳаракатии ӯ инкишоф ёбанд.  Дар ин ҳангом шумо бо ӯ робита доред ва дар ҳоле ки ӯ  ғамгин бошад ӯро тасаллӣ дода метавонед.  

Барои дарёфти усулҳои дигари дастгирии инкишофи кӯдакон тавассути бозӣ ба бахши “Ҳамроҳ бозӣ мекунем” гузаред.

 

Ташвиши падару модар оид ба инкишоф дар 2 моҳагӣ

Азбаски ҳар як кӯдак ба таври мухталиф рушд мекунад, дақиқ пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кай ва чӣ гуна фарзанди шумо маҳорати мушаххасро такмил дода метавонад. Қобилиятҳо (марҳилаҳои инкишоф), ки барои ин давра интизор мешаванд ва номбар шудаанд, ба шумо танҳо тасаввуроти умумӣ дар бораи таъғироте медиҳанд, ки шумо ҳангоми калоншавии фарзандатон интизор шуда метавонед. Лутфан хавотир нашавед, агар инкишофи ӯ каме роҳи дигарро пеш гирад.

Лекин, агар шумо дар кӯдакатон ягон аломати қафомонӣ дар инкишоф муаян намудед ва ё дар инкишофи кӯдакатон аломатҳои зеринро муайян намудед ҳатман бо педиатр (ё дигар мутахассиси кӯдакона) сӯҳбат кунед :

  • кӯдакатон зуд зуд ва бисёри вақт гиря мекунад ва шумо ӯро одатан ором карда наметавонед  
  • ӯ ба чеҳраи шумо ҳатто ба лаҳзаи кӯтоҳ назар намекунад  
  • ӯ ба чароғи дурахшон ва равшан, ва ё ба овози баланд аҳамият намедиҳад    
  • ӯ ғизоро нағз намехӯрад ва хуб намехобад (ё ки зиёда аз 16 соат дар як рӯз мехобад)  
  • ӯ тамоман бо дасту пояш ҳаракат намекунад
  • ӯ дастонашро ба даҳон намегирад  
  • ӯ ба одамон табассум намекунад.
References and comments

Reference:

https://raisingchildren.net.au/newborns/development/development-tracker/1-2-months

Laura E. Berk (2006), Child development (7ht edition), Allyn & Bacon 

Dr sci Nirvana Pištoljević (2016), Rani razvoj deteta: šta treba znati, Udruženje pedijatara Srbije, Beograd. [Nirvana Pistoljevic, PhD (2016), Early child development: what you need to know, Serbian paediatric association, Belgrade – available in Serbian]