Барқарор намудани робитаи эҳсосии мустаҳкам бо кӯдак (синни 6-9 моҳагӣ)
Масалан, кӯдак гап мезанад ва садоҳои гуногунро фаъолона истифода мебарад, кӯшиш мекунад, ки садоҳои нав барорад ва ба садоҳои Шумо тақлид кунад. Илова бар ин, кӯдак кӯшиш мекунад, ки малакаҳои ҳаракатиро истифода барад, то ба Шумо нишон диҳад, ки барои ӯ муҳим ҳастед ва ӯ бояд дар наздикии Шумо бошад, тамос бо Шумову фаъолиятҳои муштарак барои ӯ муҳим аст: ӯ ба сӯи Шумо даст дароз мекунад, моил мешавад ва аз паси Шумо гавак мекунад. Дар ин синну сол, одатан дар моҳи ҳаштуми ҳаёт, кӯдакон аз тамос бо одамони ношинос нороҳат мешаванд, метавонанд ҳангоми ба оғӯш гирифтани шахсони ношинос сахт муқовимат нишон диҳанд ва намехоҳанд, ки онҳоро бо шахсони ношинос танҳо гузоранд. "Тарс аз шахсони бегона" як марҳалаи умумии рушди эҳсосии кӯдак буда, нишондиҳандаи муҳимияту тафриқапазир будани муносибати кӯдак бо Шумо ба ҳисоб меравад.
Инак, он амалҳое ки Шумо метавонед дар ин синну сол барои мустаҳкам кардани робитаи эҳсосии байни худ истифода баред:
- ҳамеша вақте ки фарзандатон ба Шумо наздик мешавад ё даст дароз мекунад, ба ӯ вокуниш нишон диҳед. Агар Шумо дарҳол ӯро бардошта ё навозиш карда натавонед, ба ӯ табассум карда меҳрубонона гап занед («Ба оғӯш гирифтан мехоҳӣ? Бисёр хуб. Ҳозир, ман тапҳо ҷомашӯиро ба мошини ҷомашӯӣ гузорам»);
- номбар кунед ва шарҳ диҳед – он чизеро ки кӯдак эҳсос мекунад, аз сар мегузаронад ва иҷро мекунад бо калимаҳо тасвир ва шарҳ диҳед. Ин калимаҳоро такрор кунед, то кӯдак маънои онҳоро фаҳмад (масалан, ҳангоми оббозӣ кардан: «Ту оббозӣ мекунӣ, ҳа! Оббозӣ карданро дӯст медорӣ?»). Шинос шудан бо калимаҳои нав – номҳои ашё ва ҳодисаҳо - захираи луғавиро васеъ намуда, ба кӯдак барои фаъолона омӯхтани муҳити атроф кӯмак мерасонад. Таҷрибаи фаҳмидани он, ки фарзанди Шумо чӣ эҳсос дорад ё чӣ кор мекунад, робитаи эҳсосии байни Шуморо мустаҳкам мегардонад;
- садоҳоеро, ки фарзандатон мебарорад, такрор кунед. Айни замон аксаран онҳо ҳиҷоҳо мебошанд (масалан, да-да-да; ба-ба ва ғ.). Бо такрор кардани "калимаҳои" ӯ, Шумо кӯдакро ташвиқ мекунед, ки боз сӯҳбатро идома диҳад ва бо ин восита малакаҳои муоширатии ӯро инкишоф медиҳед. Таҷрибаи писандидан ва рӯҳбаланд намудан робитаи байни Шуморо мустаҳкам мегардонад;
- Бо тифл “ ку-ку” бозӣ кунед. Рӯятонро бо дастонатон пӯшонида сипас боз табассумкунон ба кӯдакатон нишон диҳед. Ин ба кӯдак кӯмак мекунад, то дарк намояд, ки ҳатто агар ӯ Шуморо набинад ҳам, Шумо ба ҳеҷ ҷо намеравед.