Аз эрка кардани фарзанди худ натарсед!

Дар чанд моҳи аввали ҳаёти кӯдак талаботи ӯ барои муошират кардан бо Шумо хеле зиёд аст. Бо қонеъ кардани ин талаботҳо, Шумо одатҳои бадро ташаккул намедиҳед, балки баръакс ба кӯдак эҳсоси тасаллӣ ва пешгӯишаванда мебахшед, ки ин ба вай оромӣ мебахшад. Агар Шумо оромона ва пайваста ба талаботҳои фарзандатон ҷавоб диҳед, ӯ мефаҳмад, ки дар ҷойи бехатар аст, ҳама чиз хуб аст ва ба Шумо бовар карданро оғоз мекунад.
Body

Кӯдаконе, ки ба талаботҳои худ таҷрибаи гирифтани посухҳои доимӣ ва фаҳморо надоранд, эҳсос мекунанд, ки онҳо дуруст фикри худро баён карда наметавонанд ва ба калонсолон бовар кардан мумкин нест. Агар Шумо ба кӯдаки гирёнчак ё хашмгин аҳамият надиҳед, он гоҳ ин натиҷаи интизоршавандаро намедиҳад. Дар баъзе мавридҳо, кӯдак метавонад гиря карданро қатъ кунад, аммо дар асл ӯ бениҳоят тарси зиёд дорад, зеро ӯ бо ҳолате рӯ ба рӯ ва танҳо монда буд, ки то ҳол намедонад бо он чӣ кор кунад.

Дар натиҷа:

  • Кӯдаки худро дар оғӯш гирифта тамоси ҷисмонии наздикро махсусан дар рӯзҳои аввал нигоҳ доред.
  • Ҳар вақте ки кӯдак гиря мекунад, бо садо ва ламс ҷавоб диҳед.
  • Ҳар вақте ки кӯдак сухан мегӯяд ё табассум мекунад, бо ӯ сӯҳбат карда садоҳои ӯро такрор кунед ва тамоси чашмиро бештар ташвиқ кунед.
  • Ҳар вақте ки кӯдак ба чизе шавқмандӣ пайдо мекунад, дар бораи он коре, ки ӯ мекунад, сӯҳбат кунед ва ӯро рӯҳбаланд созед.
  • Вақте ки кӯдак ноором аст, ба ӯ бо овозатон, ламсатон, ҳаракатҳоятон нишон диҳед, ки ҳама чиз хуб аст, вақте ки кӯдак хурсанд аст, ба ӯ табассум кунед ва бо садову чеҳраи худ табъи болидаро нишон диҳед.
  • Вақте ки кӯдак хаста шудааст, нишон диҳед, ки Шумоӯро мефаҳмед ва ӯ метавонад ҳамроҳи Шумо истроҳат кунад ва хоб равад, дар ин маврид Шумо метавонед ламс кардан ва оҳанги овозатонро истифода баред.