Чӣ бояд кард, агар шумо дар роҳ осеб бардоред?

Дар чунин вазъиятҳо хеле муҳим аст, ки оромӣ ва тамкинро нигоҳ доред, инчунин ба кӯмак ва ҳифзи кӯдак муносибати масъулиятнок дошта бошед. Муҳим аст, ки ҳамеша бо кӯдак тамос дошта бошед ва сӯҳбат кунед, ӯро итминон диҳед, ки ӯ муҳофизат карда мешавад ва кӯмак наздик аст.
Body
  • То омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҷои ҳодисаро назорат кунед.
  • Ҳама одамоне, ки ба расонидани кӯмак халал мерасонанд (шахсони дар ҳолати мастӣ, ашхосе, ки воҳима эҷод мекунанд) дур карда шаванд.
  • Ба бехатарии ҷой аҳамият диҳед. Агар кӯдак дар хатар бошад, ӯро ба ҷои амн баред.
  • Барои бехатар интиқол додани кӯдак якчанд нафар лозим аст, зеро эҳтимоли осеби сутунмӯҳра вуҷуд дорад.
  • Ҳангоми осеби ҷиддии кӯдак, бояд тахмин кард, ки сутунмӯҳрааш низ осеб дидааст. Ҷароҳатҳои эҳтимолии сутунмӯҳраро инҳо нишон медиҳанд: дарди тахтапушт дар ҳолати беҳаракатӣ ё ҳангоми ҳаракат, деформатсия ва варами намоён, ҳаракат кардани гардан ё тахтапушт барои кӯдак душвор аст, фалаҷ, карахтшавӣ, ҳисси "халазанӣ".
  • Ба ёрии таъҷилӣ ба рақами 103 занг занед.
  • Мавқеи бадани кӯдакро тағир надиҳед.
  • Ӯро бо кӯрпаи сабук пӯшонед.
  • То расидани кӯмак дасти кӯдакро дошта истед ва пайваста бо ӯ бо оҳанги оромбахш сӯҳбат кунед.
Чиро набояд кард?

Кӯдакро аз ҷой наҷунбонед, агар ӯ дар ҷои хатарнок набошад.