Дар шири сина чӣ мавҷуд аст?

Таркиби шири сина комилан пурра аст. Шири сина як моддаи мураккаби "зинда" буда хосияти тағирёбандагӣ дорад, ки рушди кӯдакро пайгирӣ ва дастгирӣ менамояд. Шири модарро бо чизе иваз кардан мумкин нест. Он дорои ҳазорҳо ҷузъҳои гуногун аст ва аксарияти онҳоро ба таври сунъӣ сохтан мумкин нест.
Body

Айни ҳол, шири модар ҳамчун системаи биологӣ ба назар гирифта ва он на танҳо ғизо, инчунин манбаи тиббӣ ҳисобида мешавад. Табиат ба кӯдакон аз рузхои аввали хаёт «дорувории индивидуалӣ» ҳадя намудааст! Ҳангоме, ки боварӣ доштанд, ки тамоми асрори шири модар маълум аст, асри 21 дар бораи таркиб ва нақши шири сина кашфиётҳои аҷибе овард ва дари тадқиқоти сершумори навро кушод.

Шири синаи ҳеҷ гоҳ бад буда наметавонад!

Таркиби шир вобаста ба эҳтиёҷоти кӯдак ҳангоми ширдиҳӣ ва умуман дар давраи афзоиш ва инкишофи кӯдак фарқ мекунад. Вобаста ба хусусиятҳо ва вақти пайдоиш ширро ба намуди фалла, гузариш ва шири расида ҷудо мекунанд.

Фалла - ширест, ки дар синаи модар дар чанд рӯзи аввали баъди таваллуд ҳосил мешавад. Ин як моеъи ғафси часпанда аст, ки рангаш аз шаффоф то зардранг фарқ мекунад. Он бештар об, сафедаҳо, ферментҳо ва витамини А дорад, аммо лактоза, равғанҳо ва витаминҳои дар об ҳалшаванда камтар аст. Вазифаи асосии он муҳофизатӣ аст (дар таркибаш ҷузъҳои иммунологӣ: иммуноглобулин А (IgA), лактоферрин ва лейкоситҳо), аз ин рӯ, фалла ваксинаи аввалин аст. Ба гузариши наҷосати аввал - мекония кумак менамояд.  

  • Шири гузариш аз рӯзҳои 6-ум то 15-ум ҳосил мешавад. Ба андозаи камтар, он вазифаи муҳофизатӣ ва ба андозаи бештар - ғизоиро иҷро мекунад.
  • Шири расида баъди 15-ум рӯз ҳосил мешавад. Он дорои сафедаи камтар, зиёдтар дорои равғанҳо ва карбогидратҳо, инчунин витаминҳо ва минералҳо мебошад. Он бештар моеъ ва сафед аст; баъзан он метавонад хеле моеътар, обдор, шаффоф, барои кӯдаки шумо сифати кофӣ надиҳад. Натарсед, шири шумо талаботи кӯдаки шуморо қонеъ мегардонад!

 

Таркиби шири сина доим як хел аст!

Дар ибтидои синамаконӣ шир тунук ва камравған буда, ташнагии кӯдакро мешиканад — ин шири пеш аст; пас аз он шири ғафстари равғанаш зиёд мешавад, то ки кӯдак гуруснагиашро оҳиста-оҳиста қонеъ гардонад - шири қафо. Давомнокии синамаконӣ бояд тавре бошад, ки кӯдак барои энергия ва афзоиш шири равғанноки кофӣ бигирад. Дар давоми рӯз равғаннокии шир дар пагоҳии барвақт ва бегоҳирӯзӣ аз ҳама зиёд аст. Таркиби шири сина ба эҳтиёҷоти кӯдак мувофиқат мекунад ва бо мавсим, синну сол ва ҳатто ҷинси кӯдак тағйир меёбад - шир барои духтарон ва писарон якхел нест! Дар модарони навзодони норасид дошта, таркиби шир ба ниёзҳои ин гуна кӯдакон, махсусан аз ҷиҳати сафеда ва миқдори зиёди калорияҳо мутобиқ карда мешавад.

Таркиби ғизоии шири сина

Шири шумо кӯдакатонро бо тамоми маводи ғизоӣ таъмин мекунад, ки барои афзоиш ва рушди оптималӣ дар шаш моҳи аввал лозим аст. Шири модар як моеъи мураккаби ғизоист, ки дар таркибаш равғанҳо, сафедаҳо, қандҳо, витаминҳо, маъданҳо, антителаҳо, ферментҳо, об ва бисёр ҷузъҳои дигар бо чунин таносуб ва миқдоре мавҷуд аст, ки афзоиш ва инкишофи оптималии кӯдакро таъмин мекунад.

• Таркиб ва микдори сафедаҳо, равганҳо ва карбогидратҳо талаботи кӯдакро пурра қонеъ мегардонад.

• 87 фоизи шир аз об иборат аст. Аз ин рӯ, кӯдаки ширмак ба об, чой ва дигар нӯшокиҳо ниёз надорад.

• Шири шумо инчунин ферментҳое дорад, ки ба организм барои ҳазм ва азхуд кардани тамоми маводи ғизоӣ кӯмак мекунанд.

• Олигосахаридҳо – “сирри ширини модар”, олигосахаридҳо – “суперқаҳрамонони” шир: онҳо бактерияҳоро мебанданд ва барои нест кардани онҳо кӯмак мекунанд, камолоти системаи иммуниро танзим мекунанд ва ҳамчун ғизо барои бактерияҳои пробиотикӣ хизмат мекунанд. Витаминҳо ва минералҳои шири шумо хуб ҷаббида мешаванд ва истифода мешаванд.

Донистани хуб аст: Ташаккули баъзе ҷузъҳои шири шумо, аз қабили витамини D ва кислотаҳои равғании омега-3, на танҳо аз он чизе, ки шумо як рӯз пеш хӯрдед, вобаста аст, балки аз он чизе, ки шумо чанд моҳ пеш аз таваллуди кӯдак хӯрдаед, чӣ гуна фаъолияти ҷисмонӣ кардаед ва шумо ба кадом намуди  стрессҳо дучор шудаед.

Шири сина беҳтарин муҳофизати табиии бадан аст. Барои кӯдаки навзод, шири шумо аввалин ваксинаест, ки ӯро аз сироятҳо ва бемориҳо муҳофизат мекунад ва иммунитетро инкишоф медиҳад. Шири модар инчунин ҳуҷайраҳои бунёдӣ дорад, ки аҳамият ва нақши онҳо пурра омӯхта нашудааст. Як чиз аниқ аст: агар табиат онро барои кӯдаки навзод пешбинӣ карда бошад, он бояд нақши муҳим бозад.

 

Омилҳои бифидогенӣ афзоиши флораи рӯдаи навзодро ҳавасманд мекунанд. Лактоза (шакари ширӣ) ва олигосахаридҳо (шакарҳои мураккаб, ки ҳамчун пребиотикҳо амал мекунанд) якҷоя ба афзоиши бифидобактерияҳо ва лактобактерияҳо таъсир мерасонанд.

Омилҳои биомодуляторӣ як қатор агентҳои фаъоли биологӣ мебошанд, ки афзоиш, инкишоф ва фаъолияти эпителий, системаи иммунӣ ва асабии  меъдаю рӯдаро танзим мекунанд. Қисмҳои шири шумо ба ғизо, афзоиш ва камолоти системаи асабии кӯдак таъсир мерасонанд.

 

Микробиомаи шири сина

• Саломатии мо ва фаъолияти мӯътадили бадан аз намудҳои гуногуни микробҳо, ки дар ҷойҳои ғайричашмдошти бадан зиндагӣ мекунанд, вобаста аст. Шири сина аз вақтҳои пеш безарар ҳисобида мешавад. Ҳоло маълум аст, ки он дорои маҷмӯи махсуси микроорганизмҳо мебошад, ки микробиомаи шири одам номида мешавад. Тибқи як назария, шири модар ба ин васила кӯдакро барои зиндагӣ дар муҳити табиие, ки дар он ба воя мерасад, омода мекунад.

• Микробиомаи рӯдаи  навзод аз бактерияҳо иборат аст, ки дар рӯдаи ғафс ҷойгир мешаванд. Шири сина, таваллуди табиӣ (вагиналӣ) ва тамоси пӯст ба пӯст фавран пас аз таваллуд, ба колонизатсияи рӯда бо ин бактерияҳои муфид, мусоидат мекунанд.

• Пастеризатсияи шир омилҳои иммунӣ ва зидди сироятиро ғайрифаъол мекунад, аммо ҷузъҳои ғизоӣ ва биологӣ тағир намеёбанд. Хусусиятҳои иммунологиро дар омехтаҳо ташкил кардан номумкин аст.

Организми шумо ингредиентҳои мувофиқро ба миқдори зарурӣ ва дар ҳаҷми лозимии шир истеҳсол мекунад, то ниёзҳои кӯдаки шуморо ҳамеша қонеъ созад!