Ғайринишондод ба иммунизатсия
Ғайринишондод барои иммунизатсия ҳолатҳо ва бемориҳои муайяни кӯдакону шахсони калонсол ба ҳисоб мераванд, ки дар мавриди онҳо аз сабаби ҷой доштани хатари эҳтимолии пайдо шудани таъсироти нохоҳам ваксинаҳои муайянро гузаронидан мумкин нест. Бинобар ҳамин ҳам муҳим аст, ки табиб пеш аз гузаронидани ҳар як ваксина бояд бо собиқаи шахсиву ҳаётии кӯдак шинос шуда кӯдакро муоина намояд.
Body
Ғайринишондодҳо метавонанд умумиву махсус бошанд ва аз рӯи давомнокӣ онҳоро ба муваққатӣ ва доимӣ тақсим мекунанд.
- Ғайринишондодҳои умумӣ барои ҳама гуна ваксинаҳо:
- бемориҳои шадид;
- бемориҳое, ки бо ҳароратбаландӣ мегузаранд;
- ҷой доштани аксуламалҳои аллергикии вазнин (анафилаксия) дар вақти ворид намудани вояҳо ё яке аз ҷузъҳои ваксинаи пештар гузаронидашуда;
- таъсироти нохоҳами ҷиддӣ нисбат ба ваксинаҳои пештар воридкардашуда;
- шаклҳои сабуки бемориҳои роҳҳои болоии нафас барои иммунизатсия ғайринишондод шуда наметавонанд.
- Ғайринишондодҳои иловагӣ барои истифодабарии ваксинаҳои зинда:
- ҳолати системаи масунии афсурдашуда (норасогии масунияти модарзодӣ ё иқтибосӣ: омомсҳои бадсифат, қабули табобати кимиёвӣ, сирояти ВНМО, қабули вояҳои баланди дорувориҳои кортекостероидӣ, табобати шуоӣ ва дигар ҳолатҳои муҳими иммуносупрессивӣ).
- Ҳомиладорӣ.
Ғайринишондодҳо метавонанд умумиву махсус бошанд ва аз рӯи давомнокӣ онҳоро ба муваққатӣ ва доимӣ тақсим мекунанд.
- Ғайринишондодҳои умумӣ барои ҳама гуна ваксинаҳо:
- бемориҳои шадид
- бемориҳое, ки бо ҳароратбаландӣ мегузаранд
- ҷой доштани аксуламалҳои аллергикии вазнин (анафилаксия) дар вақти ворид намудани вояҳо ё яке аз ҷузъҳои ваксинаи пештар гузаронидашуда
- таъсироти нохоҳами ҷиддӣ нисбат ба ваксинаҳои пештар воридкардашуда
- шаклҳои сабуки бемориҳои роҳҳои болоии нафас барои иммунизатсия ғайринишондод шуда наметавонанд.
- Ғайринишондодҳои иловагӣ барои истифодабарии ваксинаҳои зинда:
- ҳолати системаи масунии афсурдашуда (норасогии масунияти модарзодӣ ё иқтибосӣ: омомсҳои бадсифат, қабули табобати кимиёвӣ, сирояти ВНМО, қабули вояҳои баланди дорувориҳои кортекостероидӣ, табобати шуоӣ ва дигар ҳолатҳои муҳими иммуносупрессивӣ).
- Ҳомиладорӣ.
- Сулфаи ташаннуҷӣ ва бемориҳои авҷгирифтаи системаи марказии асаб (саръи идоранашаванда, энсефалопатия-зарарёбии авҷгирандаи мағзи сар).
- Ғайринишондодҳои муваққатӣ: бемориҳои шадид ва баланд шудани ҳарорати бадан. Аммо шаклҳои сабуки бемориҳои роҳҳои болоии нафас барои иммунизатсия зиддинишондод шуда наметавонанд.