Иммунизатсияи кӯдакон дар мавриди саёҳат кардан
Кӯдакони ба хориҷа сафардошта ваксинаҳои иловагиро қабул мекунанд: а) агар онҳо ба кишваре сафар дошта бошанд, ки дар онҷо дар мувофиқа бо қоидаҳои байналмиллалии тиббӣ-санитарӣ ваксинаҳои муайян талаб карда мешавад, ё б) бо тавсияи табибони кӯдакона.
Body
Илова ба ваксинаҳои ҳатмие, ки мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия қабул мекунанд, кӯдакони ба хориҷа сафардошта инчунин ваксинаҳоеро, ки кишвари барои сафар пешбинишуда талаб мекунад ё аз рӯи тавсияҳои табиби кӯдакону мутахассиси соҳавии тиб барои риоя намудани назорати бемориҳои сироятӣ пешбинӣ карда мешаванд.
Иммунизатсияи ҳатмии фаъоли мусофирон дар мавриди омадурафти байналхалқӣ
- Кӯдакони ба хориҷа сафардошта бояд иммунизатсия карда бошанд, агар онҳо дар кишваре саёҳат намоянд, ки дар он давлат мувофиқи нишондодҳои қоидаҳои тиббӣ-санитарӣ, вазъи эпидемиологӣ ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ваксинаҳои иловагӣ талаб карда шавад.
- Иммунизатсия дар муассисаҳои тандурустие, ки Вазорати тандурустӣ муайян кардааст, гузаронида мешавад ва муассисаҳои тобеи соҳаи тандурустӣ маълумотнома барои иммунизатсия гузаронидашуда медиҳад.
- Иммунизатсияи ҳатмӣ дар мавриди бемориҳои зерин гузаронида мешавад:
- Вараҷаи зард-кӯдакони аз 9 сола боло як вояи ваксинаи мазкурро на пештар аз 10 рӯз аз рӯзи сафар, қабул мекунанд, ки дар мавриди гузаронидани ваксинаи мазкур масунияти якумро ҳосил мешавад.
- Сирояти менингококкӣ-кӯдакони синни аз 9 моҳа боло ваксинаи чорвалентаи конъюгатсионии полисахаридиро 10-14 рӯз пештар аз вақти сафар қабул мекунад.
- Ичунин ваксинаҳо ба зидди дигар бемориҳо мувофиқи талаботҳои кишвари барои сафар пешбинишуда гузаронида мешаванд.
Иммунизатсияи фаъоли тавсиявии мусофирон дар мавриди омадурафти хатҳои байналмиллалӣ.
- Дар асоси арзёбии вазъи эпидемиологие, ки кӯдак ба онҷо сафар дорад табиби бемориҳои дарунӣ ё мутахассиси соҳавӣ метавонад гузуронидани дигар ваксинаҳоро низ тавсия диҳад.
- Номгӯи ваксинаҳо хеле зиёданд ва бо мақсади он, ки ба кӯдаки Шумо ваксинаҳои муайян дар доираи иммунизатсияи мунтазам амалӣ карда мешавад, инчунин тавсия намудани ваксинаҳои иловагӣ ба зидди бемориҳои зерин имконпазир аст:
- бемории домана — барои кӯдакони аз 2 сола боло;
- бемории зуком барои кӯдакони аз 2 сола боло;
- бемории обакон - барои кӯдакони аз 12 моҳа боло.
Ҳама хароҷотҳое, ки ба кӯдаки Шумо, ҳамчун мусофир бо мақсади иммунизатсия пеш аз сафарҳои байналхалқӣ гузаронида мешавад ба дӯши Шумо, падару модар/сарпараст вогузор карда мешавад.