Қадпасти
Қади кӯдак паст ҳисобида мешавад, агар арзишҳои дарозӣ/баландӣ нисбат ба нишондодҳои миёнаи кӯдакони солими ҳамон синну сол аз – 2 тамоюли стандартӣ камтар бошад.
Body
Ба волидайн донистани он, ки қади кӯдакашон ба синну солаш мувофиқат мекунад, муҳим аст.
Агар қади кӯдаки Шумо ба назаратон аз ҳамсолонаш пасттар бошад, он гоҳ бояд нишондодҳои асосии антропометриро чен карда ҳатман ба табиби оилавӣ муроҷиат намудан лозим аст.
- Дар доираи муоинаҳои пешгирикунанда табиби оилавӣ, дарозиву вазни бадани ҳар як кӯдак чен карда мешавад ва нишондодҳои онҳо дар нақшаи қадкашӣ гузошта мешавад, ки аз рӯи он то чи андоза ба нишондодҳои меъёрӣ мувофиқ будани нишондоди кӯдаки тадқиқшаванда аз рӯи ҷинс ва синну сол ҳисоб карда мешавад.
- Барои ин нақшаи қадкаширо (диаграмма) донистан зарур мебошад ва дар он нишондодҳои стандартии қадкашӣ, ки дар асоси тадқиқотҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) тасдиқ карда шудаанд.
Кай қади кӯдак нисбати ҳамсолонаш пасттар шуда метавонад?
- То синни 2 солагӣ дарозии қади кӯдак дар ҳолати хобида чен карда мешавад ва пас аз синни 2 солагӣ қади кӯдакро дар ҳолати рост будан чен мекунанд.
- Сарҳади байни қади муқаррарӣ ва паст нишондоди аниқ вуҷуд надорад, зеро ки он бо меъёрҳои мунтазам пешниҳодшаванда муайян карда мешавад.
- Қади кӯдак дар он маврид паст ҳисобида мешавад, ки агар нишондодҳои қаду вазни ӯ то 2 тамоюли стандартӣ (ТС) аз нишондодҳои миёна, ки ТУТ онро барои кӯдакони солими ҳамон синну сол тадиқ намудааст, бошад.
- Агар нишондоди қаду вазни кӯдак дар фосилаи –2 ТС то –3 ТС қарор дошта бошад қадпастии муътадил ва агар аз –3 ТС паст бошад қади ниҳоят паст ҳисобида мешавад.
- Кӯдакони синнашон аз 4 сола болое, ки дорои қади мувофиқ буда бо қади волидайнашон мувофиқ нестанд ё афзоиши қадашон суст аст (4,5 см дар давоми сол мебошад) кӯдакони дорои вайроншавии қадкашӣ ҳисобида мешаванд.
Сабабҳои паст будани қад
- Бештари кӯдакони сокини кишварҳои мутараққӣ дорои қади пасти физиологӣ мебошанд, ки дар онҳо нишонаҳои вайроншавии қадкашӣ ҷой надошта ҳамаи нишондодҳояшон бо нишондодҳои волидайн ва хешу таборашон мувофиқат мекунад (қадпастии ба оила вобаста).
- Қади паст метавонад бо якчанд сабабҳои зерин вобастагӣ дошта бошад: дигаргуниҳои ирсӣ, вайроншавии тарашшуҳи гормонҳо, бемориҳои гуногуни музмини рӯдаҳо, гурда, дил ва шушҳо ва инчунин табобат бо вояҳои баланди дорувориҳои кортикостероидӣ
- Дар мамлакатҳои суст тараққикарда сабаби асосии қади паст ғизои номувофиқ- яъне норасогии сифативу миқдории ғизо ва бемориҳои сироятии гуногун ба ҳисоб меравад.
- Дар асоси чен намудани қад, муоинаи кӯдак ва ҷамъоварии собиқа (махсусан оид ба қади волидайн ва хеш табор) табиби кӯдакона оид ба зарурияти додани тавсияҳои муайян ва назорати минбаъдаи қади кӯдак ё таъин намудани тадқиқотҳои иловагӣ қарор қабул менамояд.
- Дар мавриди муайян намудани сабаби қадпастӣ ба ғайр аз ҷустуҷӯ намудани дигар нишонаҳои қадпастӣ инчунин муайян намудани чигунагии афзоиши қади кӯдак дар ду соли пештар низ муфид мебошад.
Ченкунии мунтазами дарозии бадан/қади кӯдак як роҳи барвақт муайян кардани ихтилолҳо мебошад, ки имкони кардани пешгӯиҳо дар робита ба имконияти ноил шудан ба афзоиши интизории қад чораҳои дахлдор сари вақт андешида шаванд.