Хӯрокҳое, ки дар хӯрокҳои шабонарузии оила каманд
Бисёре аз хӯрокҳои солим ва дастрас барои кӯдакон ва калонсолон ба хӯрокҳои шабонарӯзии аксари оилаҳо ворид карда нашудаанд. Кӯшиш кунед, ки хӯрокҳои нави фоианокро тадриҷан ҷорӣ кунед ва агар онҳо ба шумо маъқул нашаванд, рӯҳафтода нашавед. Амалия нишон медиҳад, ки навоварихое, ки сардори оила дастгирй мекунад, қабулаш аз тарафи фарзандон осонтар ва тезтар аст.
Body
- Лӯбиёгиҳо ва ғалладонагиҳо метавонанд сафедаҳои ҳайвонотро комилан иваз кунанд, ҳатто барои кӯдакон; дар онҳо равган кам ва маъданхои минералй — калсий, магний, охан ва витаминхо, инчунин нахҳо зиёданд.
- Як пиёла наск ё лӯбиёи ҷӯшонидашуда организмро бо сеяки неруи зарурӣ ва тақрибан нисфи ниёзи ҳаррӯзаи оҳанро таъмин мекунад. Дар зарбулмасале гуфта мешавад, ки бо як лӯбиё зиндагӣ кардан мумкин аст, воқеан дуруст аст, танҳо бояд ба хӯроки худ нону шир бештар ворид кунед.
- • Арзан, ҷав ва овёси яклухт, кӯфта ё майдадашударо бо роҳҳои гуногун пухтан мумкин аст ва бо лӯбиёгиҳо, сабзавот ё гӯшт омехта кардан мумкин аст.
- Растаниҳои худрӯй: гиёҳ барои самбуса (пирожки) ва шӯрбо, занбӯруғ барои салат, меваҳои худрӯй барои компот ва чой.
- Сарчашмаҳои зимистонаи витамини С: лаблабу, шалғам, сабзии хом барои салатҳо, карами дар намакоб хобонда.
- Тухми кунҷит, зағир, офтобпараст, каду ва чормағзи заминӣ дорои равғанҳои солим ва калсий мебошанд ва бояд онҳо ба нонҳои хонагӣ, маҳсулоти пухта ва хуришҳо илова карда шаванд. / ғизодиҳии бехатарии кӯдак /
- Гиёҳҳо, аз қабили петрушка, бодиён, райҳон, таъми ғизоро беҳтар намуда, ниёзи намакро кам мекунанд ва баъзеи онҳо калсий доранд.