Хушунати эҳсосӣ (равонӣ) нисбати кӯдакон
Шаклҳои зӯроварии эҳсосӣ нисбати кӯдакон:
1. Рад кардани фарзанд – волидайн чунин рафтор мекунад, ки гўё кўдак вуҷуд надорад ва ё пайваста ӯро аз худ дур мекунад.
2. Таҳқир ё ноарзандагӣ – волидайн кӯдакро пайваста танқид, таҳқир, масхара ва шарманда мекунанд.
3.Терроризм – волидайн кӯдакро ба таври шифоҳӣ даҳшатнок карда, таҳдид мекунанд, ки ӯро мепартоянд, аз хона пеш мекунад, озор медиҳад, ашёҳояшро медуздад ва нисбат ба ҳайвонҳояш кори бад мекунад.
4.Ҷудокунӣ (изолятсия) - волидайн кӯдакро аз муоширати муқаррарии иҷтимоӣ ҷудо мекунад ва алоқаи ӯро бо хешовандону муоширати ӯро бо ҳамсолонаш маҳдуд менамояд.
5. Ташаккули рафтори ношоиста, ба истилоҳ «вайронкунии кўдак» - волидайн кўдакро ба шаклҳои гуногуни рафтори зўроварона, харобиовар ва зиддиҷамъиятӣ тела медиҳад.
6. Истисмор – волидайн барои қонеъ кардани талаботҳои худ кӯдакро истисмор карда, ӯро маҷбур месозад, ки коре ё корҳоеро анҷом диҳад, ки организми ӯ барои иҷрои амалҳои мазкур қодир нест.
7. Сардии эҳсос ва дастнорас будани волидайн – дар муносибатҳои байни кӯдак ва волидон гармии эҳсосӣ кофӣ нест.
8. Талаботи тағйирёбанда ва тарбияи номувофиқ – волидайн нисбат ба кўдак талаботҳои норавшан дорад, ки дар ӯ ҳисси устуворӣ ва эътимоднокӣ дар оиларо коҳиш медиҳад.
Кӯдаки ба зӯроварии эҳсосӣ гирифторшударо чӣ гуна бояд муайян кард?
Нишондиҳандаҳои ҷисмонии зӯроварии эҳсосӣ ин бозмонии инкишофу афзоиши кӯдак, пешобкуниву ахлоткунии беихтиёрона, задани сар, газидан, халалдор шудани хоб ва дарди сар мебошанд. Агар Шумо дар кӯдак аксуламалҳои ғайриоддии эҳсосӣ, аз қабили фобия, ипохондрия, васвосият, амалҳои ифротӣ дар рафтор, изтироб, рафтори номуносиби "калонсолона" ё кӯдакона, тағироти ногаҳонии намуди зоҳирии кӯдак, якбора паст шудани нишондоди хониш дар мактабро мушоҳида кунед – ин нишондиҳандаҳо метавонанд аз гирифторшавии кӯдак ба зӯроварии эҳсосӣ шаҳодат диҳад. Депрессия, кӯшиши худкушӣ ва тарк кардани оила низ метавонад аз ин шакли зӯроварӣ шаҳодат диҳад.