Тавсияҳои умумӣ дар мавриди кам будани вазни кӯдакон
Кам шудани вазн ё муносиб набудани вазнгирии кӯдак нисбат ба қад/дарозии кӯдак бештар дар мавриди бемориҳо ва ё норасогии ғизо ба амал меояд. Бо дарназардошти он, ки ғизои мувофиқ дар марҳилаи кӯдакии бармаҳал аҳамияти хоса дорад бояд мустақилона кӯшиш намоед, ки ин ҳолатро ислоҳ кунед.
Дар поён якчанд тавсияҳои муфид оварда шудаанд, ки ба Шумо барои фаҳмидани оне, ки пеш аз муроҷиат ба табиби оилваӣ чиро тағйир додан мумкин аст, кӯмак мекунад.
Дар давраи беморӣ
- Дар мавриди синамаконӣ кӯдак бисёр сина макидан мехоҳад, вале давомнокии он кам мешавад - бинобар ҳамин ҳам талаботи ӯро қонеъ намоед.
- Дар мавриди пастшавии табиии иштиҳо дар мавриди бемориҳо муҳим аст, ки ӯ ба миқдори лозима моеъ нӯшад.
- Бештар ба кӯдаки худ ғизои гуногуни консистенсияаш суст (шӯрбо, шавлаҳои ҷавин, пораҳои меваҳои тоза, харбуза, тарбуз) диҳед ва кӯшиш кунед, ки хӯрокҳои дӯстдоштаи ӯро бештар пешниҳод намоед.
- Дар мавриди беморӣ талафи моеъ зиёд мешавад (бо наҷосат, пӯст, нафаскашӣ). Бо истифода аз нӯшонидани об дар фосилаҳои байни ғизодиҳӣ ва ҳатто дар ҳолати кам нӯшидани кӯдак ҳаҷми зарурии моеъро барои кӯдак (бештар бо оби нӯшокӣ) пурра намоед.
- Ба рафтори кӯдаки худ аҳамият дода ба онҳо аксуламал нишон диҳед ва ба ӯ ҳамон миқдор ғизо ё моеъ диҳед, ки ӯ истеъмол карда тавонад.
Пас аз беморшавӣ ё давраи норасогии ғизогирӣ
(аз ҷумла вобаста ба шароити иқтисодӣ ё иҷтимоию эмотсионалӣ):
• Кӯдакро ташвиқ кардан лозим аст, ки то мӯътадил шудани вазни бадан бештар ва / ё зуд -зуд хӯрок истеъмол намояд.
• Агар кӯдак шири модарро истеъмол намояд, бояд онро мувофиқи эҳтиёҷоти кӯдак эҳтимол бо зуд –зуд сина маконидан идома додан лозим аст,
• Ба тавсияҳо оид ба ғизои оптималии мувофиқи синну соли кӯдак таваҷҷӯҳ намуда эҳтиёҷоти зиёд ба маводҳои ғизоӣ дар давраи барқароршавии саломатии кӯдакро низ ба назар гиред.
• Барои ба қадри кофӣ қонеъ кардани талаботи афзояндаи кӯдак ба ғизо, парҳези сафедаи баландсифатро бо истифода аз намудҳои гуногуни гӯшт, моҳӣ, парранда, тухм ва лӯбиёгӣ (нахӯд, лӯбиё, наск) дар якҷоягӣ бо ғалладонагиҳо таъмин кунед, ки дар ин ҳолат кӯдак миқдори зарурии минералҳо - оҳан ва руҳро қабул мекунад.
• Таъмини арзиши энергетикии ғизо: ба шавла пухтаи худ (манна, ҷуворимаккагӣ, донагӣ) як қошуқ равған илова кунед.
• Ба фарзандатон меваю сабзавоти тару тозаи маҳаллии мавсимӣ пешниҳод кунед.
• Пухтани хӯрокҳои анъанавии оилавиро идома диҳед.
Аз пухтани ғизои дилхоҳи фарзандатон даст накашед, вале ба ӯ омехтаҳои ширии иловагӣ, нӯшокиҳо ва хӯрокҳои дорои шакар (шарбатҳо, нӯшокиҳои газнок, қаннодӣ, шириниҳо) ва хӯрокҳои тезтайёр нахӯронед. Онҳо ҳисси серӣ ва энергияро таъмин мекунанд, аммо маводи ғизоии муҳим ва муфид барои кӯдак намедиҳанд.
Ҳатман оид ба муоинаи фарзандатон, тавсияҳои иловагӣ дар бораи ғизо ва инчунин муайян кардани динамикаи мониторинги минбаъдаи инкишофи кӯдаки худ машварат намоед.