Ба ҳоҷатхона рафтанро меомӯзем: аз рӯи расмҳо
Аломатҳое, ки омода будани фарзанди Шумо ба ҳоҷатхона нишон медиҳанд.
Писарн шимашро ба поён мекашад, то ба ҳоҷатхона равад.
Агар кӯдаки Шумо тақрибан ду соат уребчаи худро хушк нигоҳ дорад ва дарк кунад, ки ӯ пешоб ё наҷосат кардан мехоҳад, пас ӯ метавонад барои омӯзиши ҳоҷатхонаравӣ омода бошад. Бароятон қулайтар аст, ки агар ӯ мустақилона таҳпӯши худро пӯшад ва кашад.
Духтарча барои рафтан ба ҳоҷатхона омода аст.
Агар кӯдаки Шумо ба ҳоҷатхона таваҷҷӯҳ дошта бошад ва дидан хоҳад, ки Шумо онро чӣ гунааз он истифода мебаред, пас ӯ ба ҳоҷатхонаравӣ омода мебошад. Вай метавонад ба Шумо гӯяд, ки ӯ дар уребчаи худ пешоб ё наҷосат хориҷ кардааст.
Уребча ва таҳпӯш.
Кӯдаки Шумо метавонад ҳангоми омӯзиши ҳоҷатхонаравӣ дар давоми рӯз таҳпӯши муқаррарӣ пӯшад. Шумо дар мавриди дар хона набуданатон ё дар вақти хоби рӯзонаву шабонаи кӯдак метавонед уребча пӯшонед.
Асосҳои омӯзиши ҳоҷатхонаравӣ. Либосҳои тавсиявӣ.
Ба фарзандатон либосҳое пӯшонед, ки кашиданашон осон бошад, масалан Шумо либосҳои дорои камарбанди чандир пӯшонида метавонед.
Кӯдакон барои ҳоҷатхонаравӣ омодаанд. Кӯдакон худро меҷумбонанд.
Аломатҳоеро мушоҳида кунед, ки фарзанди Шумо мехоҳад ба ҳоҷатхона равад. Вай метавонад дасташро дар байни пойҳояш гузошта худро ҷумбонад. Дар давоми рӯз, ба ӯ маҷбур накарда хотиррасон кунед, ки ба ҳоҷатхона равад.
Модар кӯдакро пас аз хӯрокхӯрӣ бояд ба ҳоҷатхона барад.
Агар эҳтимолан кӯдаки Шумо пас аз 30 дақиқаи хӯрок хӯрдан ба ҳоҷатхона рафтан хоҳад, пас кӯдаки худро дар болои ҳоҷатхона шинонед. Барои кӯдак 3-5 дақиқа нишастан кифоя мебошад.
Одатҳои дурусти истфодабарии ҳоҷатхона
Писарча дар ҳоҷатхона аст.
Бигзор фарзандатон бароҳат дар ҳоҷатхона нишинад. Агар вай поҳояшро паҳн карда нишинад ва тахтапушашро рост карда ба пеш такя кунад, ин ба ӯ дар раванди хориҷкунии наҷосат кӯмак мерасонад. Аз тахтача ё курсии баланд истифода баред, то ки кӯдак ба пояш такя карда тавонад.
Чӣ тавр ба таври дуруст думбачаи кӯдак тоза карда мешавад.
Думбачаи кӯдаки худро пок кунед ё ба ӯ кӯмак кунед, ки худро пок кунад. Аз ӯ хоҳиш кунед, ки ба пеш такя кунад. Ҳамеша аз пеш ба қафо тоза кунед. Агар фарзанди Шумо аз назди ҳоҷатхона дуртар рафта бошад, оромона ҳоҷатхонаро бе ягон суханҳои зиёдатӣ тоза кунед.
Модар ба кӯдак барои шустани дастҳо кӯмак мекунад. Шустани даст.
Ба фарзандатон кӯмак кунед, ки дастҳояшро бишӯяд ва сипас ӯро барои ба ҳоҷатхона рафтанаш таъриф кунед. Агар Шумо дар бораи он хавотир бошед, ки чӣ гуна ба фарзандатон ҳоҷатхона рафтанро меомӯзонед, пас ба табиби оилавии худ муроҷиат кунед.