Оризаҳои эҳтимолӣ дар мавриди воридкунии ваксинаи СБГ
Ваксинаи СБГ чун дигар ваксинаҳо метавонад дорои якчанд таъсироти нохоҳам бошанд, ки сабук буда ба таври ногаҳонӣ нест мешаванд.
- Таъсироти нохоҳами эҳтимолӣ:
- Сурхшавӣ дар ҷои сӯзандору
- Баландшавии ҳарорати бадан зиёда аз 38 С
- Дард ва варамнокӣ дар ҷои сӯзандору
- Донасорӣ
- Асабоният
- Пастшавии иштиҳо
- Атсазанӣ
- Варамнокии гиреҳҳои лимфавӣ дар минтақаи гардани, зери бағал, қадкашак
- Варамнокии ғадудҳои назди гӯш
- Хоболудӣ
- Қайкунӣ ва шикамравӣ
- Хуруҷҳои ихтилоҷии фебрилӣ
- Дар миқдори ками кӯдакон метавонад “бемории сабук”, одатан пас аз 5-12 шабонарӯзи пас аз ваксинагузаронӣ бо баландшавии ҳарорати бадан, донасорӣ, калоншавии гиреҳҳои лимфавӣ пайдо шавад. Беморӣ ба шакли сабук гузашта якчанд шабонарӯз давом мекунад ва табобат нокарда беориза бартараф мешавад.
- Аксуламалҳои аллергикӣ нисбат ба ваксинаи СБГ бо намуди донасорӣ зоҳир мешаванд, ки бо онҳо хориш ҳамрадиф мебошад ва инчунин дар баъзе мавридҳо ба ҷузъҳои алоҳидаи ваксинаи мазкур низ аксуламалҳои аллергикӣ пайдо шуда метавонанд, ки дар минтақаи ҷойгирии онҳо пайҳо пайдо мешаванд ва онҳо хусусияти боқимондаи раванди истеҳсолиро доранд. Аксулмалҳои аллергикии ҳақиқӣ бо варами рӯю гардан, вайроншавии нафас ва паст шудани фишори хун ниҳоят кам ба назар мерасанд.
- Агар ягон аксулмали баъди гузарондани ваксинаҳо пайдошуда ба назари Шумо ҷиддӣ намояд ва ё агар Шумо ягон таъсири нохоҳами дар варақаи иттилоотӣ ҷойнадоштаро мушоҳида намудед зуд ба духтури кӯдаконаи худ хабар диҳед.
Оид ба хатари баланди пайдо шудани аутизм дар кӯдакони ваксина қабулнамуда дар муқоиса бо кӯдакони ваксина қабул нанамуда вуҷуд надорад, ки гуфтаҳои мазкур бо тадқиқотҳои гузаронидаи олимон дар давлатҳои Дания (дар 650 000 нафар кӯдак дар давоми солҳои 1999-2010), дар Австралия ва ғайра тасдиқи худро ёфтааст.