Синамаконӣ дар якҷоягӣ бо ғизодиҳӣ бо шири сунъӣ
Синамаконӣ барои Шумо ва кӯдакатон манфиатҳои зиёд дорад. Бо вуҷуди ин, ҳолатҳое ҳастанд, ки кӯдак ба ғайр аз шири сина ба миқдори муайяни шири сунъӣ ниёз дорад. Ин одатан дар ҳолате зарур аст, агар кӯдак мушкилоти саломатӣ дошта бошад (таваллуди бармаҳал, беморӣ) ё агар ӯ суст инкишоф ёбад.
Агар кӯдаки Шумо бо сабаби беморӣ сина макида натавонад, аммо ӯ бо шири Шумо ғизо гирад, вай ғизои табииро бо ҳама фоидаҳое, ки шири сина медиҳад, гирифта метавонад.
Пеш аз додани шири сунъӣ ба кӯдакатон бо духтур ё ҳамшираи худ сӯҳбат кунед. Баъзан зарур аст, ки зуд-зуд вазни фарзандатонро баркашед, мушоҳида кунед, то боварӣ ҳосил намоед, ки ӯ худро хуб ҳис мекунад. Ин ҳам сабрро талаб мекунад! Дар бораи чӣ гуна зиёд кардани истеҳсоли шир ва барои бо тарзи дуруст дар синаи худ ҷойгир кардани тифли худ ва пайдо кардани мавқеи муносиби синамаконӣ маслиҳат пурсед.
Синамаконӣ дар якҷоягӣ бо ғизодиҳӣ бо шири сунъӣ одатан чораи муваққатӣ буда, барои як муддати кӯтоҳ аст. Бисёр модарон, хусусан онҳое, ки кӯдаки аввалини худро доранд, ташвиш мекашанд, ки оё онҳо шири кофӣ доранд, хусусан агар кӯдак пас аз синамаконӣ гиря кунад ё сина холӣ ба назар расад. Дар асл, танҳо дар мавридҳои кам, модар наметавонад ба қадри кофӣ шир истеҳсол кунад.
Муҳим аст, ки модар ба қадри кофӣ шир хӯрдани кӯдакро пай барад ва таъбири ишораҳои ӯро фаҳмида тавонад.
Агар шири сунъӣ зарур бошад, бо духтур оид ба масъалаҳои зерин машварат кунед:
- Ба кӯдак чанд маҳал ғизо додан лозим аст ва дар кадом миқдор?
- Чӣ гуна ба кӯдак ғизо бояд дод (беҳтараш аз як пиёла)?
- Дар муддати чанд вақт ба кӯдак шири сунъӣ бояд дод?
- Ҳангоми дидани тағирот дар ранг, бӯй ва намуди пасафканди кӯдак чи бояд кард?
Хавфҳои синамаконӣ дар якҷоягӣ бо шири сунъӣ:
• Нӯшидани шир аз шишача барои кӯдаки Шумо нисбат ба макидани сина осонтар хоҳад буд ва аз ин рӯ ӯ метавонад макидани шири синаро рад кунад.
• Сина метавонад варам кунад ва дардовар шавад, ки ин боиси қатъ шудани истеҳсоли шир мегардад.
• Миқдори шир метавонад аз сабаби набудани макидани сина тадриҷан кам шавад.
Сабабҳо ва оқибатҳои эҳтимолии ворид кардани ғизодиҳӣ бо шири сунъӣ ҳангоми синамаконӣ
• Баъзе модарон кӯдаки худро бо тартиби лозимӣ ғизо намедиҳанд (дар аввал бояд дар як рӯз аз 10 то 12 маротиба бошад), онҳо хеле барвақт аз синамаконӣ дар вақти шаб даст мекашанд, вақти кофӣ барои синамаконӣ ҷудо намекунанд.
- Шишачаҳо ва пистонакҳо кӯдакро ба иштибоҳ меоранд, аз ин рӯ онҳоро дар як-ду моҳи аввал тавсия намедиҳанд.
- Истифодаи нолозими муҳофизони пистонҳо (щитки для сосков).
- Мавқеи номувофиқи кӯдак ё суст доштани пистон.
- Модар баъзан худро хаста, ноамн ҳис мекунад, мунтазам хӯрок намехӯрад.
- Ва он гоҳ васваса фаро мерасад. Модарони бетоқат наметавонанд ишораҳои кӯдакро пай баранд ва ниёзҳои ӯро қонеъ гардонанд, зуд шири сунъиро аз шишача ба кӯдак медиҳанд ва як қадам ба нарасидан ба ҳадафи аслии худ – синамаконӣ, наздиктар мешаванд!
Чӣ тавр ғизодиҳиро бо шири сунъӣ қатъ кардан мумкин аст?
Агар сабабҳои ворид намудани шири сунъӣ бартараф шуда бошанд ё Шумо тасмим гирифтаед, ки кӯдаки худро танҳо бо шири худ ғизо диҳед:
- Шумо метавонед тадриҷан, оҳиста-оҳиста додани шири сунъиро қатъ намоед.
- Ба кӯдакатон барои макидани сина ва холӣ кардани он вақти бештар диҳед, то ин ки истеҳсоли шир зиёд шавад.
- Оҳиста-оҳиста миқдори шири сунъиро ба 10 мл барои ҳар ғизодиҳӣ ҳар рӯз кам кунед ё дар мобайн як маротиба аз додани он даст кашед.
Сабр кунед ва ба ворид кардани шири сунъӣ саросема нашавед. Дар хотир доред, ки баъзе кӯдакон дар давоми ду ҳафта аз даст додани вазни физиологиро ҷуброн мекунанд ва истеҳсоли шир тадриҷан мувофиқи талаботи кӯдак афзоиш меёбад. Агар шири сунъӣ лозим бошад, он бояд ба миқдори ҳадди ақал барои қонеъ кардани ниёзҳои кӯдак ва то ҳадди имкон дар мӯҳлати кӯтоҳ дода шавад. Нолозим ворид намудани шири сунъӣ метавонад боиси рад кардани синамаконӣ шавад.
Нагузоред, ки касе ба Шумо бигӯяд, ки шири сунъӣ барои кӯдакатон ба мисли шири Шумо муфид аст!