Синамаконӣ ҳангоми ҳомиладорӣ
Шумо ҳомиладор ҳастед ва ҳамзамон ба кӯдакатон шир медиҳед. Шумо дар ҳайратед, ки оё Шумо бояд ширдиҳиро қатъ кунед, агар Шумо миқдори кофии шир истеҳсол кунед, синамаконӣ ба кӯдаки дар батни Шумо буда чӣ хел таъсир мерасонад? Баъзан модар ё кӯдак тасмим мегиранд, ки тадриҷан синамаконӣ дар давраи ҳомиладорӣ қатъ карда шавад. Аммо, баъзеҳо дар тӯли ҳомиладорӣ синамакониро идома медиҳанд, хусусан агар кӯдак ҳанӯз хурд аст ва ҳомиладорӣ ба нақша гирифта нашудааст.
Синамаконӣ аз ҳомиладории навбатӣ қисман муҳофизат мекунад, аммо ҷисми ҳар як зан гуногун аст. Баъзе занҳо синамакониро идома дошта бошанд ҳам, ба осонӣ ҳомиладор мешаванд. Барои муҳофизат кардани худ аз ҳамли номатлуб, бо духтури амрози занона дар бораи усули тавсияшудаи пешгирии ҳомиладорӣ ҳангоми синамаконӣ машварат кунед.
Агар Шумо дар чунин вазъият қарор гиред, Шумо саволҳо ва душвориҳои зиёде хоҳед дошт. Баъзан маслиҳати мутахассисони соҳаи тандурустӣ гуногун хоҳад буд; эҳтиёт шавед ва бодиққат фикр кунед, агар касе ба Шумо маслиҳат диҳад, ки синамаконӣ накунед, хусусан агар кӯдаки Шумо ҳамагӣ якчанд моҳа бошад.
Таъсири синамаконӣ ба кӯдаки ҳанӯз тавлиднашуда чӣ гуна аст?
- Андешае вуҷуд дорад, ки кӯдаки ҳанӯз тавлиднашуда ғизои заруро ба таври кофӣ намегирад. Чунин ба назар мерасад, ки эҳтиёҷоти кӯдаки ҳанӯз тавлиднашуда дар мадди аввал меистад ва ӯ ҳама чизеро, ки ба ӯ лозим аст, мегирад, агар ғизои модар мунтазам ва сифати хуб дошта бошад.
- Эҳтиёт бояд шуд, агар модар қаблан бачапартоӣ ё таваллуди бармаҳал дошта бошад, гарчанд эҳтимолияти ин аз сабаби синамаконӣ кам аст.
- Мушкилоти дигар ин аст, ки оё тифли навзод ба миқдори кофӣ фаллаи ширро гирифта метавонад? Ба назар мерасад, ки дар охири ҳомиладорӣ, синаҳо ба таври худкор ба истеҳсоли фалла шурӯъ мекунанд. Таъми фалла (шӯртар аз шири баркамол) метавонад барои аз синамаконӣ баровардани кӯдаки калониатон кӯмак кунад.
Зани ҳомиладор ҳангоми синамаконӣ худро чӣ тавр ҳис мекунад?
Синамаконӣ ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад таъсири мухталиф дошта бошад. Баъзе модарон маълумот медиҳанд, ки нотобии саҳарии онҳо ҳангоми синамаконӣ бадтар мешавад, эҳтимол аз сабаби ихроҷи гормонҳо, гуруснагӣ, ташнагӣ ё хастагӣ. Пистонҳои онҳо аз сабаби гормонҳои ҳомиладорӣ аз ҳад зиёд ҳассос мешаванд; ба мавқеъӣ дурусти синамаконӣ ва хуб сина гирифтан диққат диҳед.
Оё ҳанӯз ҳам ба қадри кофӣ шир истеҳсол мешавад?
Агар кӯдаки Шумо аз нӯҳмоҳа хурдтар бошад, Шумо хуб хӯрок мехӯред ва дар вақти хоҳиши ӯ синамаконӣ мекунед, имкони нигоҳ доштани миқдори зарурии шир вуҷуд дорад. Баъзан гормонҳои ҳомиладорӣ истеҳсоли ширро кам мекунанд; дар ҳар сурат, Шумо бояд ба духтур машварат кунед.
Синамакониро қатъ кунед ё не?
Агар Шумо қарор қабул кунед, ки синамаконӣ қатъ карда шавад, кӯшиш кунед, ки тадриҷан, оҳиста-оҳиста ин корро иҷро кунед. Баъзан кӯдаки Шумо тасмим мегирад, ки синамакиро бас кунад; Худро гунаҳкор ҳис кардан ё пушаймон шудан аз гум шудани пайванди махсус бо кӯдаки худ ҳангоми ҳомиладорӣ табиӣ мебошад. Кӯшиш кунед, ки ба кӯдаки навзод ва муносибате, ки Шумо якҷоя доред, диққат диҳед. Ҳомиладории дуюм ва минбаъдаи Шумо як давраи махсус аст. Шумо дар нақши худ ҳамчун модар эътимоди бештар хоҳед дошт, зеро Шумо аллакай кӯдаки худро бомуваффақият таваллуд карда ва синамаконӣ кардаед.
Синамаконии якҷояи ду кӯдак
Синамаконии якҷоя - маънои якбора ғизо додани ду кӯдаки синну соли гуногунро дорад (бар хилофи синамаконии дугоникҳо). Ҳарду тифлро пас аз таваллуд бо сина шир додан мумкин аст. Баъзан кӯдаки калонӣ, ки ҳангоми ҳомиладорӣ синамакиро қатъ карда буд, хоҳиш мекунад, ки баъд аз таваллуди кӯдаки навзод ширдиҳиро идома диҳад. Синамаконии якҷояи ду кӯдак имконпазир аст ва баъзе ассотсиатсияҳои касбӣ онро тавсия медиҳанд. Бартарӣ дар он аст, ки кӯдаки калонӣ то ҳол аз ҳама манфиатҳои ғизоӣ ва иммунии шири модар баҳра мебарад ва инчунин метавонад дар сурати варам кардани сина ба модар кӯмак кунад. Аз тарафи дигар, кӯдаки хурдсол метавонад шири кофӣ ё таваҷҷӯҳи пурраи модарро нагирад.