Сурхча
Аломатҳо ва нишонаҳои беморӣ
Кӯдак 7-15 рӯз пеш аз пайдо шудани аломатҳои аввалини беморӣ сироят меёбад. Он бо аломатҳо ба монанди табларзаи баланд, сулфа, зиёд шудани оби бинӣ ва чашмони сурху зиёд шудани оби дида оғоз ёфта, пас аз 2-3 рӯз дар пӯсти бадан доғчаҳои сурхчатоб пайдо мешаванд. Хусусияти хоси ин беморӣ пайдо шудани доғчаҳои сафедтобу кабуд дар даҳон мебошад, ки пеш аз пайдоиши доғчаҳо дар пӯст дидан мумкин аст. Пайдо шудани доғчаҳо аз хати мӯйи сар оғоз ёфта, баъд ба рӯй, қисми болои гардан ва поён ба қафаси сина, сипас ба дасту пойҳо паҳн мешавад. Доғчаҳо бо ҳамон тартибе, ки пайдо шуда буданд, нест мешаванд ва на бештар аз 5-6 рӯз давом мекунанд. Аломатҳои дигари ин беморӣ - набудани иштиҳо, дарунравӣ ва варами ғадудҳои лимфатикӣ мебошад.
Шахси сироятшуда тақрибан 4 рӯз пеш аз пайдоиши доғҳо ва дар давоми 4 рӯз пас аз пайдоиши доғҳо дигаронро сироят карда метавонад.
Оқибатҳои беморӣ
Дар 30% кӯдакони бемор оқибатҳо пайдо мешаванд: дарунравӣ бо хушкшавии оби бадан, газаки гӯш, илтиҳоби шуш, энцефалит, вайроншавии доимии системаи асаб (аксаран нобиноӣ). Бар асари чунин оқибатҳо дар кишварҳои пешрафта 0,2%-и кӯдакони бемор мефавтанд, дар кишварҳои суст тараққӣ карда ин рақам ба маротиб бештар буда, то ба 25% мерасад. Ба омилҳои ҳамрав камғизоӣ ва норасоии витамини А дохил мешаванд.
Маводи доруворӣ
Барои табобати бемории сурхча ягон доруи мушаххас вуҷуд надорад; дар амал доруҳо барои бартараф кардани нороҳатӣ истифода мешаванд. Парасетамол барои паст кардани таб ва рафъи дарди сар таъин карда мешавад. Ба кӯдак бештар об додан лозим аст. Инчунин оромӣ ва равшании паст дар ҳуҷра таъмин карда шавад, инчунин ба кӯдак ба миқдори кофӣ витамини А додан лозим аст.
Пешгирии беморӣ
Иммунизатсия зидди сурхча бо ваксинаи омехтаи дорои ваксинаҳои зидди сурхча ва гулафшон дар синни 12-15 моҳагӣ ва вояи дуюм (ревакцинация) ба кӯдакон пеш аз оғози мактаб дар синни 6-7 солагӣ гузаронида мешавад. Ваксина набояд ба кӯдакони масунияти суст дошта (иммунодефицит) ва кӯдаконе, ки ба ҳама гуна ҷузъҳои ваксина аксуламали шадиди аллергӣ доранд, гузаронида шавад.
Ба кӯдаконе, ки ин ваксинаро гирифта наметавонанд ва ба вируси сурхча дучор мешаванд, дар 6 рӯзи аввал пас аз сироят бо мақсади пешгирӣ ё сабук кардани беморӣ иммуноглобулин гузаронидан мумкин аст.
Шахсоне, ки аз бемории сурхча шифо ёфтаанд, иммунитети дарозмуддат пайдо мекунанд.