Ваксинаи зидди гулӯзиндонак, кузоз, кабудсулфа, бемориҳое, ваксина аз гемофилии типи "b" ва гепатите B
Дар бораи ваксина
Ваксинаи пентавалентӣ – ин ваксинаи комбинатсионии бисёрҷузъа буда аз 5 антиген иборат мебошад. Қисми фаъоли ваксина токсинҳои тозакардашудаи кузозӣ ва ҳуноқиро (гулӯзиндонакӣ) дарбар гирифта ҷузъи нофаъоли он аз чӯбчамикроби нофаъоли сулфакабутак, ҷузъҳои ғайрисироятии хеле тозакардашудаи HBsAg ва ҷузъи чӯбчамикроби гемофилии намуди b иборат аст.
Ваксинаи мазкур бо кадом мақсад гузаронида мешавад: масунноккунонии (иммунизатсия) фаъол зидди ҳуноқ, кабудсулфа, гепатити вируси В ва сирояти гемофилии намуди «b».
Ваксинаи мазкур кай гузаронида мешавад: дар 2 моҳагӣ, 3 моҳагӣ ва 4 моҳагӣ.
Ваксинаи пентавалентӣ ба кӯдаконе, ки пештар дар мавриди таваллуд ваксина ба зидди гепатити В қабул намудаанд гузаронида мешавад ва ваксинаи мазкур набояд дар таваллудхона дар мавриди иммунизатсияи кӯдакони навзод истифода бурда шавад.
Усулҳо ва вояи истифодабарӣ: ваксинаи мазкур бояд танҳо ба таври воридкунии дохилимушакӣ дар сатҳи пешу паҳлӯии рон бо вояи 0,5 мл ворид карда мешавад.
Ғайрнишондод: ҳассосияти баланд нисбат ба яке аз ҷузъҳои ваксина ё аксуламали ҷиддӣ вояи пешинаи ваксинаҳои комбинатсионӣ ва ё яке аз ҷузъҳои он.
Аксуламал нисбат ба воридкунии ваксина:
Аксуламалҳои мавзеӣ – сурхшавӣ, сахтшавӣ, дардмандӣ.
Аксуламалҳои умумӣ - асабоният, гирёнчакӣ, каме баланд шудани ҳарорати бадан одатан дар давоми 48 соати пас аз иммунизатсия пайдо шуда дар давоми ду-се шабонарӯз мустақилона ва бе расонидани ёрии тиббӣ бартараф мешавад.
Ҳамаи аксуламалҳои умумӣ ва мавзеӣ бе ягон оқибатҳои нохуб бартараф мешаванд.
Аксуламалҳои нохоҳами баъзан вохӯранда:
- Баланд шудани ҳарорати бадан зиёда аз 39,5°С (1 ҳолат дар 15 000 вояи воридкардашуда)
- Хуруҷҳои ихтилоҷии фебрилӣ (1 ҳолат дар 12 500 вояи воридкардашуда)
- Гиряи доимӣ дар давоми зиёда аз 3 соат дар муддати 48 соати пас аз воридкунии ваксина (1 ҳолат дар 3000 вояи воридкардашуда)
- Аксуламалҳои аллергикӣ (саглес (крапивница), варами Квинке, садмаи анафилаксӣ - бо зудии 1 ҳолат дар 1 миллион вояи воридкарадшуда)
Таркиб:
Моддаҳои фаъол:
- анатоксини тозакардашудаи ҳуноқӣ на камтар аз 7,5 Lf (на камтар аз 30 ВБ)
- анатоксини тозакардашудаи кузозӣ на камтар аз 3,25 Lf (на камтар аз 60 ВБ)
- В. Pertussis заифгардонидашуда (суспензияи ҳуҷайраҳояш мукаммали зидди кабудсулфа) на камтар аз 15 01) ( на камтар аз 4 ВБ)
- олигосахариди Hib 10 мкг, ки тақрибан бо 25 мкг СПР алоқаманд 197
- антигени сатҳии гепатити В, тозакардашуда 10 мкг
Маводҳои ёрирасон: Фосфати алюминий, хлориди натрий, моеъ барои ҳалкунӣ (инъексия)
Шакли истеҳсол: флакони 1-воягӣ
Аксуламал нисбат ба воридкунии ваксинаи конюгатсионии Hib дар таркиби АКДС+ГВ+Hib:
Одатан: аксуламалҳои мавзеӣ - каме дардмандӣ дар мавқеи сузанзанӣ.
Бештар: баландшавии ҳарорати бадан зиёда аз 38°С.