Заҳролудшавии кӯдаконро чӣ гуна бояд муайян кард?
Намунаи ягонаи клиникии заҳролудшавӣ вуҷуд надорад ва дар баъзе мавридҳо кӯдаконе, ки чизеро фурӯ бурдаанд, ки боиси заҳролудшавӣ шуда метавонад, муддате зуҳуроти онро нахоҳанд дошт.
Body
Аломатҳои пайдошуда пеш аз ҳама аз намуди моддае, ки боиси заҳролудшавӣ шудааст ва миқдори он, вобаста аст. Инҳоянд баъзе аз аломатҳо ва нишонаҳои заҳролудшавӣ дар кӯдакон:
- дар кӯдак заифӣ, хоболудӣ пайдо мешавад, ӯ ногаҳон бе ягон сабаб худро бад ҳис мекунад.
- аз ҳуш рафтан
- хуруҷи эпилептикӣ
- дарди сар
- тарс ва рафтори ғайриоддӣ
- вайроншавии биноӣ ва галлюцинатсияҳо
- душвориҳои ҳаракат
- тангшавӣ ё васеъшавии гавҳараки чашм
- кӯдак тез ё бо душворӣ нафас мекашад
- дили кӯдак тезтар ё сусттар тапиш мекунад
- сурх ё варам кардани луобпардаи чашм, бинӣ ё даҳон
- экзема ва тағйироти ба сӯхтанӣ монанди пӯсти атрофи даҳон ва бинӣ
- зиёд шудани оби даҳон ё ашк
- пайдо шудани бӯи бад аз даҳони кӯдак
- дард ва сӯхтан дар гулӯ, қафаси сина ё шикам
- зардшавии пӯст
- зуд-зуд пешоб кардан ё пешоб накардан
- баланшавии ҳарорати бадан ва табларза
- қай кардан
- дарунравӣ
- хун дар наҷосат ва/ё хунқайкунӣ
Шумо бояд махсусан аз баъзе ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ дар хона, ки боиси заҳролудшавии кӯдакон шуда метавонанд бохабар бошед: паҳн шудани бӯи ногувор, ғайб задан ё кам шудани миқдори дору ё моддаҳои кимиёвии рӯзгор, аз холӣ ё рехта шудани доруҳо ё моддаҳои кимиёвии рӯзгор.