Зӯроварии ҷисмонии кӯдакон
Намунаҳои зӯроварии ҷисмонӣ: тарсакӣ задан, шаллоқ задан, латукӯб кардан, лагад задан ё задан бо ягон ашё (масалан, камарбанд), ларзондан (асосан кӯдакон), буғӣ кардан, тела додан, заҳролуд кардан, сӯзондани узвҳои бадани кӯдак ё ба моеъи гарм андохтан, ба кудак таъсир расонидан бо буғи гарм, банду баст кардан, дар мошин танхо мондани кӯдак ва гайра.
Шакли маъмултарини зӯроварии ҷисмонӣ аз ҷониби калонсолон ҷазои ҷисмонӣ ба кӯдак ҳамчун чораи интизомии "тарбия" мебошад. Ҷазои ҷисмонӣ барои кӯдакон хеле хатарнок буда, метавонад сабаби марги онҳо, маъюбӣ ва омили мусоидаткунанда ба рафтори хашмгинонаи кӯдакон ва инкишофёбии ихтилоли рафтор дар оянда гардад.
Кӯдаки ба зӯроварии ҷисмонӣ гирифторшударо чӣ хел муайян кардан мумкин аст?
Зӯроварии ҷисмонӣ на ҳама вақт боиси осеби вазнини ҷисмонӣ ба кӯдакон мегардад ва ҷароҳатҳо мумкин ба чашм дида нашаванд. Агар шумо дар кӯдак доғҳои гуногунрангро дар ҷойҳои ғайриоддӣ, аз қабили рӯй, рон, пой, тахтапушт, шикам, пушти сар ва ғайра мушоҳида кунед, сӯхтагӣ, шикаста, буридан, харошидан, нобаробарии мӯй ё осори мӯйҳои кандашударо мушоҳида кунед, ин метавонад нишонае бошад, ки кӯдак мавриди озори ҷисмонӣ қарор дорад. Агар кӯдак дар муомила бо калонсолон ба таври ғайриоддӣ эҳтиёткор бошад ё аз ҳад зиёд хушомадгӯи кунад, шармгин ё серҳаракат бошад, агар барояш муносибат кардан бо ҳамсолон душвор бошад, агар вай дорои малакаҳои сусти иҷтимоӣ, маърифатӣ ва забонӣ бошад, агар ӯ бо роҳи зӯрӣ ягон мушкилро ҳал намояд ё бесабаб хашмгин шавад, пас ҳамаи ин метавонад нишон диҳад, ки кӯдак таҳти озори ҷисмонӣ қарор дорад.
Агар ҷолиб бошад, ба видеои зерин таваҷҷӯҳ кунед: https://www.youtube.com/watch?v=Nc9SY3Fde_o