Агар Шумо дар гирду атроф муносибати бераҳмона ё беэътиноӣ нисбати кӯдаконро мушоҳида кунед, чӣ кор карда метавонед?
Шумо метавонед пайхас кунед, ки ин ҳолати муносибати бераҳмона ё қонеъ накардани эҳтиёҷоти кӯдак аст, агар Шумо яке аз аломатҳои дар зер тавсифшударо дар кӯдакон дар атроф мушоҳида кунед.
Body
Агар Шумо яке аз аломатҳои зеринро дар кӯдак дар ҷомеаи худ мушоҳида кунед, Шумо метавонед гумон кунед, ки ҳодисаи муносибати бераҳмона ё қонеъ накардани эҳтиёҷоти кӯдак ҷой дорад:
- нобоварӣ аз ҷониби кӯдак ё эҳтиёткории шадиди ӯ нисбат ба ҳамаи калонсолон;
- рафтори ниҳоят хашмгин ва ё баръакс итоаткорӣ, ошуфтагӣ ё изтироби кӯдак;
- паст будани худбаҳодиҳӣ, канораҷӯӣ кардан ё душворӣ дар барқарор кардани муносибат бо калонсолон ё дигар кӯдакон;
- аз ҳад зиёд итоаткорӣ ва ҳалимии кӯдак ба хотири хушнудии калонсолон;
- мушкилот бо ҷалбшавии диққатнокӣ;
- аз ҳад зиёд ҷунбонидани бадан, зуд-зуд ғурунг-ғурунг кардан, доимо макидан ё газидан (ангуштон, лаб, мӯй, либос ва ғ.);
- дидани хобҳои даҳшатовар, мушкилоти хоб рафтан;
- кӯдак зуз-зуд ба ягон ҳодисаи нохуш дучор мегардад ё дар бадани ӯ доғҳои кабуд ё ҷароҳати пайдоишаш номаълум дида мешавад;
- баёни номуайян оид ба пайдоиши ҷароҳатҳои кўдак, ки ба намуди осеб мувофиқат намекунад;
- хоҳиш надоштани кӯдак барои ба хона рафтан;
- истифодаи номатлуби истилоҳоти ҷинсӣ ё рафтори шаҳвонӣ, ки барои кӯдаки ин синну сол хос нест.
Шумо чӣ кор карда метавонед, агар гумон кунед, ки кӯдаке дар ҷомеаи шумо ба зӯроварӣ дучор гардидааст ё эҳтиёҷоти ӯ қонеъ карда намешавад:
- Ба ҳама гуна нишонаҳои зӯроварии эҳтимолӣ ё қонеъ нашудани эҳтиёҷоти кӯдак аҳамият диҳед.
- Ба кӯдак пешниҳод кунед, ки ҳар вақт хоҳад бо Шумо сӯҳбат кунад. Сӯҳбатро мулоимона баред, бидуни таъна ё вокуниши эҳсосии аз ҳад зиёд.
- Агар кӯдак ғамгин ё бемор ба назар расад, ғамхорӣ кунед, зеро ин метавонад ӯро ташвиқ кунад, ки ташвишу изтироби худро ба Шумо нақл кунад.
- Кӯдакро маҷбур накунед, ки ба саволҳои Шумо ҷавоб диҳад ва "суханро дар даҳони ӯ наандозед".
- Ба мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ё милитсия муроҷиат кунед. Онҳо чораҳои муҳофизатӣ меандешанд ва ба Шумо дар бораи чӣ кор кардан маслиҳат медиҳанд. Агар Шумо дар бораи бехатарии худ нигарон бошед, Шумо метавонед аризаи беимзо диҳед.
- Худро эҳтиёт кунед – ин ҳолат метавонад Шуморо хеле ташвиш диҳад. Агар ба Шумо лозим ояд, ки бо касе дар бораи эҳсосоти худ сӯҳбат кунед, бо равоншинос ё мутахассисон аз маркази хизматрасонии иҷтимоӣ тамос гиред.