Бемориҳое, ки аз сирояти бактерияи гемофилии навъи b (Hib) ба вуҷуд меоянд

Бактерияи гемофилии навъи b (Hib) як бактерияест, ки метавонад боиси сироятҳои шадид, махсусан дар кӯдакони то 5 сола, ба монанди: илтиҳоби пардаи майнаи сар/менингит, илтиҳоби шуш/пневмония, сирояти тамоми организм/сепсис, сироятҳои устухон ва буғумҳо ва сирояти шадид дар решаи забон, ки метавонад боиси нафастангӣ (эпиглотит) гардад, шавад.
Body

Ин сироят бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ тавассути балғам ва луоб, ки аз ҷониби шахси сироятшуда ба муҳити атроф паҳн мешавад, мегузарад. Дар шахси бемуҳофизат (ҳассос) беморӣ дар давоми 7 рӯз пас аз ворид шудани бактерияҳо ба бадан пайдо мешавад.

Дар кӯдакони ҳассос, ки ба сироят дучор мешаванд, сирояти роҳҳои болоии нафас метавонад пайдо шавад, ки ба илтиҳоби бофтаҳо ва узвҳои дигар ҳангоми паҳншавии маҳдуд ё тавассути ҷараёни хун, метавонад оварда расонад.

Аломатҳои беморӣ

Эпиглоттит/илтиҳоби тағояки болои ҳалқ: тағояки болои ҳалқ - як пардаи баргшакл дар гулӯ дар паси забон аст, ки аз ворид шудани ғизо ба нойи нафас (трахея) ва шуш пешгирӣ мекунад. Вақте ки он бо бактерияи гемофилии навъи b сироят мешавад, варам мекунад ва азбаски он дар даромадгоҳи роҳи нафас аст, даромадгоҳ танг шуда, қобилияти нафаскашии кӯдак ва ҳаёти ӯ зери хатар мемонад. Кӯдак бемор мешавад, ранги пӯсташ мепарад, беҳол мешавад, фурӯ бурданаш душвор ва дарднок, нафаскашӣ душвор ва садодор мешавад. Ин ҳолат дахолати фаврии тиббиро талаб мекунад.

Менингит ва дигар асоратҳо: Ҳангоми ворид шудани бактерияи гемофилии навъи b тавассути роҳҳои болоии нафас ба ҷараёни хун, он дар тамоми бадан паҳн мешавад ва дар дигар ҷойҳо сироят ва илтиҳобро ба вуҷуд меорад: пардаҳои мағзи сар, шуш, буғумҳо, чарбуи зери пӯст, аксар вақт дар рӯй ва гардан ва ғайра.

Ҳатто айни замон, чунин асоратҳо дар кӯдакони эм карданашуда метавонанд рух диҳанд, аломатҳои беморӣ бошанд аз узвҳои осебдида вобаста аст. Қабл аз васинатсия ин бактерия сабаби маъмултарини менингитҳои бактериявӣ буд, ки ҳамчун табларза, дарди сар, хоболудӣ, шахшавии мушакҳои гардан, қайкунӣ ва ихтилоли равонӣ зоҳир мешуд. Сарфи назар аз истифодаи антибиотикҳо, менингит бо бактерияи гемофилии навъи b дар 3-6% кӯдакон ба марг оварда мерасонад, дар 30% кӯдакони сироятшуда вайроншавии шунавоӣ мушоҳида карда мешавад.

Табобат

Сироятҳои вазнин дар беморхона бо истифодаи антибиотикҳо табобат карда мешаванд.

Пешгирӣ

Пешгирии аз ҳама самараноки бемориҳои вазнин, ки метавонанд аз бактерияҳои гемофилии навъи b ба вуҷуд оянд, ин ваксинатсия мебошад. Ба кӯдакон дар солҳои аввали ҳаёт ваксинаи конъюгатӣ (Hib) гузаронида мешавад, ин маънои онро дорад, ки як қисми бактерияҳо (антигени полисахарид) ба сафеда, ба монанди сафедаи кузоз пайваст шуда, истеҳсоли антителоҳоро ҳавасманд мекунанд ва хотираи иммунологии дарозмуддатро ташаккул медиҳанд.

Ваксинаи зидди бактерияи гемофили навъи b ҳамчун як қисми ваксинаи омехтаи панҷвалента дар якҷоягӣ бо ваксинаҳои зидди кузоз, дифтерия, сулфакабутак ва гепатити В дар синни 2, 3 ва 4 моҳагӣ гузаронида мешавад.