Чӣ тавр бо кӯдак китоб хондан мумкин аст?

Китобхонӣ бо кӯдак — ин машғулият бо ҷалби фаъолонаи кӯдак буда яке аз ангезандаҳои нисбатан муштараки инкишоф ба ҳисоб меравад. Мутолиа кардан манбаи наздикшавӣ бо волидайн, омӯзиши хурсандона, мубодилаи калимаҳо, ҳавасмандгардонӣ, талаффуз, эҳсоси таасурот, ва инчунин ин имконияти таҳқиқ кардан ва дарк намудани ашёҳову ҳодисаҳои муҳити атрофи кӯдак мебошад.
Body

Шумо метавонед бо фарзанди худ аз рӯзҳои аввали ҳаёташ китоб хонед. Инак, якчанд тавсияҳо оид ба хондани китоб бо кӯдак, новобаста аз синну сол:

  • китоб, вақт ва ҷои китобхониро кӯдак интихоб менамояд. Бинобар ин китобҳои дар хона дастрас буда бояд ба шавқу завқ ва малакаҳои кӯдак мувофиқ бошанд. Андозаи онҳо тавре бояд бошад, ки кӯдак онҳоро дар даст нигоҳ дорад, аз даст ба даст дода тавонад, варақгардон намояд, ба ягон ҷой барад ва ғайра. Расмҳои дар китоб овардашуда бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошанд. Масалан, китобҳои кӯдакона, одатан сиёҳу сафед ё дорои рангҳои муқобил буда, дар як варақи сафед як шакли калон ҷойгир карда шудааст;  
  • китоб дар рӯ ба рӯи кӯдак гузошта шуда шахси калонсол рӯ ба рӯи кӯдак мешинад. Ин ба кӯдак имкон медиҳад, ки китобро омӯзад ва волидайн бошад – ба рафтори кӯдак, қиёфа, ҳаракатҳо, садо (ё нутқ) мушоҳида намуда бинад, ки ӯ китобро чӣ тавр омӯхтан ё мутолиа кардан мехоҳад;
  • мутолиа – ин даъват ба бозӣ – бо калимаҳо ё персонажҳо мебошад. Шумо метавонед диққати кӯдакро бо тағйир додани қиёфаи рӯй, суръати нутқ ва оҳанги садо ҷалб намоед. Дар бораи ҳамаи чизе ки кӯдак мебинад, сухан ронед, вале ҳатман саволҳои кушодаи умумӣ диҳед – кӣ?, чӣ?, чи гуна?, дар куҷо?.
  • мутолиа – ин сӯҳбат бо кӯдак аст. Пас ба кӯдак имконият диҳед, ки фикр карда чизе гӯяд. Интизор шавед то кӯдак ҷавоб диҳад. Ба қиёфаи рӯи кӯдак диққат дода ба ӯ бо мароқ нигоҳ кунед. Дар мавриди ҷавоб додани кӯдак ва нишон додани он, ки ӯ ба иштироки оянда омода аст, ризогӣ, хурсандӣ ва кунҷковӣ нишон дода, чӣ фикр доштан, чӣ фаҳмидан, чӣ гуфтан ва чӣ пурсидани кӯдакро бифаҳмед.
  • мутолиа кардан – ин имконияти ташкили робита бо кӯдак аст. Бинобар ин кӯшиш намоед, ки бо овози маҳин сухан гӯед, шавқмандии самимонаи худро дар бораи амали бо фарзандатон иҷронамуда зоҳир намоед. Табассум кунед, якҷоя бо фарзандатон хурсандӣ кунед ва нишон диҳед, ки Шумо ӯро дӯст медоред, дастгирӣ мекунед ва қадр менамоед. 

Шумо бо фарзандатон дар вақти дилхоҳ ва дар ҳама ҷо китоб мутолиа карда метавонед. Шумо метавонед якҷо расмҳоро тамошо карда муҳокима кунед, дастурҳоро хонед, сурат тамошо кунед ва ё афсона хонед. Бо фарзандатон ҳар рӯз китоб хонед!