Гулафшон

«Ба аломатҳои клиникии гулафшон баланд шудани ҳарорати бадан, калон шудани ҳаҷми гиреҳҳои лимфавӣ ва донасории рангаш гулобии рангпарида дар тамоми сатҳи бадан хос мебошад. Хатари асосӣ дар мавриди гулафшон – дар мавриди ба ин беморӣ гирифтор шудани зани ҳомила, зарарёбии тифли дар дохили батнаш инкишофёбанда мебошад. Агар ба фикри Шумо кӯдакатон ба барангезандаи бемории гулафшон сироят ёфта бошад ё Шумо ҳомила бошеду шубҳа намоед, ки бо шахсони гирифтори гулафшон тамос доштед, пас ба табиб муроҷиат намоед. Усули асосии пешгирӣ намудани гулафшон – иммунизатсия мебошад».
Body
Гулафшон ё гулафшони сурхаконӣ

Барангезандаи гулафшон ё гулафшони сурхаконӣ (олмонӣ) вируси гулафшон мебошад. Ин вирус дар мавриди тамоси бевосита ва ба таври ҳавогӣ-қатрагӣ, яъне ҳангоми сулфа кардан ва атса задан интиқол меёбад.

Нишонаҳои гулафшон

Барангезандаи гулафшон ба организми кӯдакон 14-21 рӯз пештар аз пайдо шудани нишонаҳои клиникии беморӣ ворид мешавад.

Аломатҳои барвақтии гулафшон ба нишонаҳои шамолхӯрии сабук монандӣ дорад. Дар ин маврид ҳарорати баланди бадан, дарди гулӯ ва калоншавии андозаи лимфагиреҳҳои гарданро мушоҳида намудан мумкин аст.

Пас аз 2-3 шабонарӯз донасорӣ дида мешавад. Доначаҳо дар мавриди гулафшон гулобии рангпарида буда дар мавриди пахш кардан онҳо нест мешаванд. Доначаҳо аввал дар рӯй пайдо шуда, баъдан ба шикам ва тахтапушт паҳн мешаванд. Тадриҷан доначаҳои мазкур якҷоя шуда доғ ҳосил мекунанд. Доначаҳо одатан 3-5 шабонарӯз боқӣ монда баъд нест мешаванд.

Кӯдакони гирифтори гулафшон дар муддати 5 рӯз пештар аз пайдошавии доначаҳо ва на камтар аз 14 шабонарӯзи ас аз пайдо шудани доначаҳо сироятовар мебошанд.

Хатарҳои сироятёбӣ ба гулафшон

Гулафшон одатан дар кӯдакон сабук мегузарад ва мустақилона нест мешавад.

Оризаҳои нисбатан вазнинро дар кӯдаконе дучор шудан мумкин аст, ки дар батни модар инкишоф ёфта истодаанд. Дар занҳои ҳомила ҳангоми гирифтор шудан ба гулафшон метавонад исқоти ҳамли худсарона ба амал ояд ё ки кӯдак пас аз таваллуд дарҳол фавтад. Илова бар ин метавонад ба организми кӯдаки дар шароити дохилибатнӣ инкишофёбанда ворид шавад, ки дар ин маврид нуқсонҳои мураккаби модарзодӣ пайдо шавад, аз ҷумла:   

  • нуқсонҳои дил
  • ношунавоӣ ва нобиноӣ
  • бозмонии инкишофи ақлонӣ
  • зарарёбии ҷигар ё испурч

Нуқсонҳои мураккаби модарзодӣ бештар дар кӯдакони занҳои ҳомиладоре вомехӯранд, ки дар давраҳои аввали ҳомиладорӣ, махсусан дар триместри аввал сироят ёфтаанд, мушоҳида карда мешаванд. Чунин нуқсонҳои мураккаби модарзодӣ ҳамчун синдроми гулафшони модарзодӣ машҳуранд.

Оё дар мавриди ҷой доштани гулафшон кӯдаки беморро ба табиби оилавӣ\ кӯдакона нишон додан зарур аст?

Бале. Агар Шумо аз ҷой доштани гулафшон дар кӯдаки худ хавотир бошед, пас Шуморо лозим меояд, ки бо табиби оилавӣ/ кӯдакона машварат гузаронед.

Кӯдакони ба гулафшон гирифторшуда набояд бо занҳои ҳомиладор тамос дошта бошанд. Агар Шумо ҳомиладор бошед ва дар ин маврид фикр кунед, ки ба бемории гулафшон сироят ёфтаед, ҳатман бо табиб ё момодоя машварат намоед. 

Табобати гулафшон

Барои табобати гулафшон дорувориҳои махсус вуҷуд надоранд, вале усулҳое мавҷуд мебошанд, ки аломатҳои бемориро дар кӯдакон сабуктар менамоянд:

  • Бо мақсади паст намудани ҳисси ноҳинҷорӣ ва паст кардани ҳарорати баланди бадан ба кӯдак парасетамол ё ибупрофенро дар вояҳои тавсияшуда диҳед.
  • Ба кӯдак нӯшокии зиёд диҳед ва шароити оромии кофӣ фароҳам оред.

Кӯдаки бемори гирифтори гулафшонро бе иҷозати табиби кӯдакона ба боғчаи кӯдакона, муассисаҳои томактабӣ ва мактаб набаред.

Пешгирии гулафшон

Усули беҳтарини муҳофизат намудан аз гирифторшавӣ ба гулафшон ва махсусан синдроми гулафшони модарзодӣ – иммунизатсия ба кӯдак мебошад.

Иммунизатсия ба зидди гулафшон дар 2 зина, бо  истифода аз ваксинаи зидди СБГ, ки кӯдаконро аз бемориҳои сурхакон, баногӯшаки эпидемӣ ва гулафшон муҳофизат мекунад, гузаронида мешавад.

Баъзе волидон аз он хавотир мебошанд, ки гӯё ваксинаи зидди СБГ дорои хатари баланди ба амал овардани ноҷуриҳои аутистӣ мебошад. Далелҳои илмӣ дар бораи алоқамандии пайдоиши ноҷуриҳои аутистӣ ва ваксинаи зидди СБГ мавҷуд нестанд. Агар Шумо оид ба ваксинаи мазкру ягон хавотирӣ дошта бошед, пас бо табиб машварат намоед.