Кузоз

Кузоз — ин бемории шадид ва марговаре мебошад, ки барангезандаи он бактерияи Clostridium tetani (чӯбчамикроби кузоз) аст. Бактерияҳо метавонанд захмҳоро сироятнок намуда сафеда (заҳр) хориҷ намояд, ки он ба системаи асаб таъсир намуда боиси ихтилоҷи мушакҳо (спазм) ва нафас кашида натавонистан оварда расонад.
Body

Бактерияи Clostridium tetani (чӯбчамикроби кузоз) дар табиат (дар хок ва дар рӯдаи ҳайвонот) вомехӯрад. Он метавонад ба бадани кӯдаки Шумо дар натиҷаи зарарёбии пӯст аз ашёҳои ифлос, газидани ҳайвонот ва сӯхтан ворид шавад. Айни замон кӯдакон бар зидди ин беморӣ ваксинатсия карда мешаванд ва бинобар ин бемории мазкур қариб пурра нест шудааст.

Аломатҳо ва нишонаҳои беморӣ

Беморӣ одатан пас аз 1-2 ҳафтаи пас аз сироятёбӣ зоҳир мешавад. Сирояти кузоз боиси пайдоиши дарди сахт ва ихтилоҷи тамоми бадан мегардад. Ихтилоҷи дардманди тамоми бадан аз рӯй сар карда, баъдан ба гардан, тана ва пойҳо паҳн мешавад. Дар мавриди зарарёбии мушакҳои рӯй ва гардан мушкилотҳои фурӯбарӣ ва нафаскашӣ пайдо мешаванд. То давраи пайдо шудани ваксинатсия дар бисёр мавридҳо бемории мазкур боиси марг мегардид (фавтият то 80%).

Дар мавридҳои зерин бояд бо табиби оилавӣ машварат гузаронида шавад:
  • Кӯдакро ягон ҳайвон газад.
  • Кӯдак дорои захми ифлос, захми чуқур, захми халанда ё хароши ашёи чиркин бошад.
  • Кӯдаки навзод дар шароити ғайристерилӣ таваллуд шуда бошад, ки боиси сироятнокшавии ӯ гардад.  
Табобати кузоз

Табобати бемории кузоз душвор буда дар шароити беморхона гузаронида мешавад. Он аз истифодабарии анатоксину антибиотикҳо ва тозакунии захм иборат буда, баъзан амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Дар мавридҳои зарурӣ барои паст намудани ҳисси дард ва шахшавии мушакҳо доруворӣ истифода бурда мешавад ва инчунин баъзан дастгоҳи нафасдиҳии сунъиро низ истифода мебаранд.

Пешгирии кузоз

Кузоз — бемориест, ки пурра бартараф намудани барангезандаи он номумкин аст, чунки он дар ҳамаи ҷои табиат вомехӯрад. Устуворӣ нисбат ба ин беморӣ пас аз сироятнокшавӣ низ пайдо намешавад. Усули беҳтарини эҳтиёт намудан аз ин беморӣ – ваксинатсияи саривақтӣ мебошад. Тибқи ҷадвали миллии иммунизатсия, ваксинаи зидди кузоз дар се воя: якум - дар синни 2 моҳагӣ, дуюм - дар 3 моҳагӣ ва сеюм - дар 4 моҳагӣ гузаронида мешавад. Ваксинаи зидди кузоз одатан ҳамчун ваксинаи панҷвалентӣ дар якҷоягӣ бо ваксинаҳои зидди: гулӯзиндонак, сулфакабутак, гепатити В ва бемориҳое, ки аз бактерияи Haemophilus influenza b (бациллаи гемофилии навъи b) ба вуҷуд меоянд, гузаронида мешавад. Ваксинатсияи такрорӣ дар синни 16-23 моҳагӣ бо ваксинаи комплексии АКДС ва дар синни 6 солагӣ бо ваксинаи АДС гузаронида мешавад.