Муҳимияти солимии равонии волидайн барои рушди кӯдак

Як қатор сабабҳо вуҷуд доранд, ки ихтилоли перинаталӣ метавонад ба рушди тифл пеш аз таваллуд таъсири манфӣ расонад: гормонҳои стресс дар занони ҳомиладор, аз қабили кортизол, аз ҳамрояк/пласента гузашта, ба рушди майнаи тифл таъсир мерасонанд; занони ҳомила, ки гирифтори афсурдагӣ/депрессия ҳастанд, эҳтимоли ками бурдани тарзи ҳаёти солим, рафтан ба муоинаи пеш аз таваллуд, табобат дар давраи беморӣ ва омодагӣ ба модар буданро доранд; депрессия метавонад ба системаи иммунии зани ҳомиладор таъсири манфӣ расонад; кӯдак метавонад пеш аз мӯҳлат ё бо вазни кам таваллуд шавад.
Body

Солимии равонии волидон

Саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии модар ва падар дар давраи ҳомиладорӣ ва ҳатто пеш аз он барои рушди бомуваффақияти кӯдаки хурдсол заминаҳои аввалин мегузорад. Аксар вақт, системаи тандурустӣ бештар ба арзёбии нишондиҳандаҳои гуногуни тиббӣ, аз қабили фишори хун ва вазни бадани занони ҳомиладор ва нав таваллудкардагон, назар ба солимии равонӣ ва некӯаҳволии модар ва ҳамсари ӯ, нигаронида шудааст, гарчанде ки ин параметрҳо метавонанд таъсири назаррас ба тифл дошта бошанд.

Ба шарофати таҳқиқоти сер Шумори илмӣ мо медонем, ки ҳолати ташвиш, изтироб, зиёд шудани хавотирӣ, стресс ва депрессия ба зиёд шудани сатҳи кортизол дар хуни модар оварда мерасонад, дар ҳоле ки қобилияти филтркунии пласента коҳиш меёбад, ва кортизол ба миқдори зиёд ба мағзи сари тифл ворид мешавад. Таҳқиқот нишон доданд, ки ин ба меъмории босуръат инкишофёбандаи мағзи сари кӯдаки таваллуднашуда (тифл) таъсири манфӣ мерасонад.

Илова бар ин, ба зани ҳомила, ки изтироб, шиддат ва афзоиши хавотирӣ, депрессия ё дигар мушкилоти равониро аз сар мегузаронад, риояи принсипҳои тарзи ҳаёти солим, ки барои рафти мусоиди ҳомиладорӣ муҳиманд, душвор мегардонад (истифдода набурдани сигор, машрубот ва дигар моддаҳо, ғизои мунтазам ва солим, машқҳои ҷисмонии муносиб барои занони ҳомиладор, хобу истироҳати мунтазам ва кофӣ ва ғайра), ӯ сари вақт табобат намегирад ва аз мушкилоти саломатӣ рафъ намешавад.

Бо ин ҳама сабабҳо, ихтилоли равонии перинаталии волидайн, бахусус агар сари вақт ва дуруст табобат нашаванд, метавонад ба бисёре аз паҳлӯҳои иҷроиши вазифаи волидон пас аз таваллуди кӯдак таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла:

  • Инкишофи муносибат бо кӯдак, яъне қобилияти модару падар барои барқарор намудани робитаҳои эмотсионалӣ бо ӯ, лаззат бурдан аз вокунишҳои аввалини ӯ ва ба роҳ мондани мубодилаи эмотсионалӣ бо ӯ ва бо ҳамдигар, метавонад халалдор шавад.
  • Муносибатҳои байни ҳамсарон ва дигар аъзоёни оила низ метавонанд вайрон бошанд.
  • Қобилияти "гӯш кардан"-и волидайн ва вокуниши онҳо (қобилияти муайян кардани аксуламалҳои кӯдак ва вокуниши мувофиқ ба ҳаракат ва сигналҳои ӯ) низ метавонад суст шавад. Кӯдак дар муҳити гарм, ҳассос ва ғамхор беҳтар инкишоф меёбад. Набудани вокуниш ё вокуниши нокифоя (масалан, пешгӯинашаванда) аз ҷониби волидайн аксуламали физиологии стресси кӯдакро фаъол мекунад.
  • Модар ё падари дар депрессия буда баъзан наметавонанд амал ва аксуламалҳои кӯдакро мутобиқи синну сол ба таври мувофиқ пайхас ва шарҳ диҳанд; марҳилаҳои инкишоф ва ҳавасмандкуниро намефаҳманд (масалан, онҳо намефаҳманд, ки чаро кӯдаки якмоҳа онҳоро тамоми шаб бедор мекунад ва ҳатто фикр мекунанд, ки кӯдак қасдан гиря мекунад).
  • Қобилияти волидайн барои ба таври мусбӣ қабул кардани фарзандашон коҳиш меёбад.
  • Волидайн метавонанд эҳтиёҷоти кӯдакро нодуруст арзёбӣ кунанд (аз нуқтаи назари саломатӣ, бехатарӣ ва нигоҳубин).
  • Таҳаммулпазирии модару падар нисбат ба муҳити атроф кам мешавад, бепарвоӣ зиёд мешавад, эҳсоси ҳиссиёт нисбат ба кӯдак кам мешавад.
  • Рушд, инкишоф ва рафтори кӯдакони навзод ва хурдсол бо рафтори шахсони ба онҳо нигоҳубинкунанда зич алоқаманд аст.

Депрессияи модар ё падар метавонад ба рушди мағзи сари кӯдак ва аз ин рӯ, ба тамоми соҳаҳои рушди зеҳнӣ ва иҷтимоӣ-эмотсионалӣ, аз ҷумла малакаҳо ва иҷроиши вазифаҳо, таъсири манфӣ расонад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки депрессия ва изтироби модару падар бо мушкилоти рушди кӯдак алоқаманд буда, ба фаъолияти иҷтимоӣ-эмотсионалӣ ва зеҳнӣ, банақшагирӣ, ташкил ва идоракунии дурусти рафтори мувофиқ ба вазъият, таъсир мерасонад. Тадқиқотҳо инчунин нишон медиҳанд, ки кӯдакони модарони гирифтори бемориҳои перинаталӣ эҳтимоли бештари пайдоиши мушкилот дар фаъолияти иҷтимоӣ-эмотсионалӣ ва зеҳнӣ, банақшагирӣ, ташкил ва рафтори вобаста ба вазъият, дучор мешаванд.