Саломатии равонии волидон дар давраи перинаталӣ
Ҳарчанд таваллуди кӯдак маъмулан як ҳодисаи деринтизор аст, аммо барои иддае аз занон, мардон ва умуман хонаводаҳо, ҳомиладорӣ ва давраи баъди таваллуд метавонад ба як давраи стресс ва мушкилот табдил ёбад. Мушкилоти равонии занони ҳомила, занҳое, ки ба наздикӣ таваллуд кардаанд, инчунин падарони оянда ва "ҷавон" дар ҳама кишварҳо ва фарҳангҳо ба назар мерасанд. Ин вайроншавии ҳолати равонӣ одатан депрессия номида мешавад.
Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи падарӣ дар Британияи Кабир, ба ҳисоби миёна 10,4% падарон ҳам пеш аз таваллуд ва ҳам баъд аз таваллуди кӯдак гирифтори афсурдагӣ мешаванд ва аксар вақт афсурдагӣ дар падарон дар байни моҳҳои сеюм ва шашуми баъди таваллуди кӯдак рух медиҳад. Депрессияи падарӣ бо мушкилоти хоб / гиряи кӯдак алоқаманд аст; неврозҳои падарӣ ва истеъмоли зиёди моддаҳои психоактивӣ; ихтилоли сабуки шахсияти модар ва ҳолати рӯҳии ӯ; муносибат ба падарӣ ва мардонагӣ; эҳсоси дурӣ аз нақши волидайн, нотавонӣ дар нигоҳубини кӯдак ва барқарор кардани муносибат бо ӯ; набудани дастгирӣ дар иҷрои вазифаи падар; муносибати бад бо ҳамсар; ихтилофот дар бораи ҳомиладорӣ, ташвишҳо ва ӯҳдадориҳои иловагӣ; интизориҳои иҷронашуда ва ғайра.
Дар асоси пажӯҳишҳо далелҳои қобили таваҷҷӯҳ вуҷуд доранд, ки ин мушкилоте, ки волидайн аз сар мегузаронанд, метавонанд ба рушди кӯдак пеш аз таваллуд ва баъд аз таваллуд таъсири манфӣ расонанд ва боиси тағйироти гормоналӣ ва стресси токсикӣ шаванд, ки ба рушди майна халал мерасонад; илова бар ин, онҳо метавонанд ба рушди кӯдак дар соҳаҳои муайян ва некӯаҳволии ӯ дар давраи баъдӣ таъсири манфӣ расонанд.
Ихтилоли солимии равонӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва пас аз таваллуд (давраи перинаталӣ) одатан ба се - чор гурӯҳ тақсим мешавад:
- Ҳолати афсурдагӣ пас аз таваллуд – одатан нороҳатии сабуки муваққатӣ, аксар вақт дар давоми ду ҳафтаи аввали баъди таваллуд, метавонад муддати хеле кӯтоҳ (якчанд рӯз) давом кунад. Занҳо эҳсосоти худро, ки аз хоҳиши гиря, ғамгинӣ, изтироб, асабоният то афзоиши вобастагӣ ва масъулиятшиносии аз ҳад зиёд иборат аст, идора карда наметавонанд.
- Депрессияи перинаталӣ – кайфияти доимии бади дараҷаҳои гуногуни шиддатнокӣ ва давомнокӣ. Он тақрибан дар як зан аз ҳар даҳ зан дар давраи ҳомиладорӣ, 10-15% занон (ва то 10% мардон) дар ҳар вақт баъди таваллуди кӯдак ва зиёда аз 30% дар давоми як соли таваллуди кӯдак ба назар мерасад. Агар депрессия табобат карда нашавад, он метавонад дар солҳои дуюм ва сеюми ҳаёти кӯдак ва баъд аз таваллуди кӯдакони дигар идома ёбад.
- Воҳима, ки метавонад ҳам дар модар ва ҳам дар падар мушоҳида шавад, дар тарсу ҳаросҳои шадид зоҳир мешавад, аз ҷумла воҳима, ки бо рафтори канораҷӯӣ илова мешавад, инчунин бо аломатҳои ҷиддии ихтилоли васвоси-компульсивӣ (ИВК), стресси пас аз осеб, стресси шадид.
- Психози пас аз таваллуд - танҳо дар занон рух медиҳад, басомади он тақрибан 1-2 ҳолат ба 1000 таваллудро ташкил медиҳад; ногаҳон инкишоф меёбад (одатан дар давоми чанд рӯз), вале баъзан барои ташхис вақти муайян лозим аст.
Баъзе модарон ва падарон бо сабаби як қатор омилҳои хавф бештар осебпазир мешаванд, ба мисоли чанде аз онҳо: сатҳи пасти таҳсилот ва ноамнии иҷтимоӣ; сатҳи пасти мавқеи иҷтимоии занон; сатҳи пасти даромад ва таҳсилоти занон, дар изолятсия мондани онҳо ва таъсири хеле кам ба ҳаёти худ; синну сол (модарони ҷавон ва падарони ҷавон эҳтимоли солимии равонии бад доранд); таҷрибаҳои номатлуб ва душвор (масалан, муносибати бераҳмона дар кӯдакӣ, зиндагӣ дар камбизоатӣ, набудани захираҳои молиявӣ, вазъи номусоиди манзил, аз даст додани шахси наздик ё муҳоҷират); муносибати ноустувор бо ҳамсар ё набудани дастгирии ҳамсар (масалан, нашъамандӣ, зӯроварӣ, носолимии равонии ҳамсар, рад кардани ҳомиладорӣ, ҳомиладорӣ дар айёми барвақти муносибат, волидон, ки бо оилаи дигар зиндагӣ мекунанд); суст будани дастгирии оилавӣ ва иҷтимоӣ ё набудани он ва ғ.
Чанде пеш, як қатор занони маъруф таҷрибаи шахсии модарии душвор ва ҳатто дарднокро, пеш аз муроҷиат ба кӯмаки касбӣ, ба мардум нақл карданд. Онҳо зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва аз байн бурдани доғи марбут ба баъзе мушкилоти ихтилоли солимии равониро таъкид карданд.