Муоинаи нақшавӣ дар 6 солагӣ
Кӯдаки шашсола дар арафаи гузоштани қадами муҳим-ба мактаб рафтан қарор дорад. Барои он, ки кӯдак дар раванди мутобиқшавӣ ба шароити нав душворӣ накашад ва омӯзиш ба осонӣ оғоз карда шавад дар ин синну сол ба инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак бояд дидққати махсус дода шавад. Дар синни 6 солагӣ дар кӯдак таҷрибаи зиёди ҳаётӣ зам гардида дар асоси он тасаввурот оид ба муҳити атроф ташаккул меёбад. Муоинаи нақшавии Табиби оилавӣ барои пешгирии бемориҳо ва дигаргуниҳо дар раванди инкишофи кӯдак хеле муҳим мебошад.
Омодагӣ ба ташриф
- Тафтиш намоед, ки оё ҳуҷҷатҳои тиббӣ ё тадқиқотҳои иловагии гузаронидашудае вуҷуд доранд, ки зарурияти шинос намудани онҳо бо табиби кӯдакона зарур аст.
- Бозичаи дӯстдоштаву китобчаи кӯдаки худ ва зарфи обнӯширо бо оби нӯшокӣ аз хотир фаромуш насозед.
Муоинаи профилактикӣ чорабиниҳои зеринро дарбар мегирад.
- Баҳодиҳӣ ба инкишофёбии кӯдак
- Мониторинги инкишофи кӯдак: чен намудани дароз/қад, вазни бадан ва даври сар.
- Пурсишу посух ва машварати муқаддимавӣ: Ба табиб муҳим аст, ки бо Шумо оид ба ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ, хоб, бозиҳо, таҳсил ва рафтани кӯдакатон ба муассисаи томактабии кӯдакона сухан ронад. Табиби оилавӣ/ҳамшираи тиб инчуни оид ба муҳимияти хондан барои кӯдак ва бозиҳои якҷоя, аз ҷумла бо дигар кӯдакони ҳамсоли ӯ нақл мекунад. Зарур аст, ки хатарҳои эҳтимолӣ ба саломатии кӯдак, муҳимияти ташкили шароити бехатар барои кӯдак дар вақти фаъолияти ӯ дар хона, кӯча ва наздикии обанборҳо (масалан истифодабарии каллапӯш, оринҷакҳо ва зонупӯшакҳо дар мавриди ҳаракат дар дучарха/роликҳо, истифодабарии дастпӯшакҳо дар мавриди оббозӣ намудан ва ғайра) сухан ронда шавад. Дар хотир бояд дошт, ки имконияти гирифтани тавсияҳои муҳим ва ислоҳи саривақтии камбудиҳо шарти зарурӣ барои инкишофу афзоиши муътадили фарзанди Шумоба ҳисоб меравад.
- Муоинаи тиббӣ ва арзёбии инкишоф: табиб муоинаи муқаррарӣ гузаронида бо фарзанди Шумо ҳам сӯҳбат мекунад ва рафтори ӯро назорат менамояд; ӯ ковокии даҳон, бинӣ ва гӯшҳоро муоина мекунад; фаъолияти дилу шушҳоро тадқиқ менамояд; шикамро мепалмосад ва ба қомати кӯдак баҳо медиҳад. Дар вақти муоина Шумо метавонед назорат намоед ва савол дода дар ҳолати мавҷудияти ягон саволҳои шубҳанок пурсон шавед. Ин пурсишу посух имкон медиҳад, ки инкишофи кӯдак муҳокима карда шавад ва ҷараёни афзоиши кӯдак ҳамаҷониба баҳо дода шавад.
- Дар мавриди ин гуна муоина инчунин гузаронидани санҷиши биноӣ ва шунавоӣ низ имконпазир аст.
- Сӯҳбат оид ба тарзи ҳаёти солим: мавзӯи муҳими муҳокима бо кормандони тиб пешгирии зараровари дуди тамоку, таъсири зараровари бармаҳали телефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва телевизор дар мавриди истифодабарии онҳо зиёда аз 2 соат дар давоми шабонарӯз, иҷозат надодан ба хобидани хӯдак бо зарфи ғизохӯрӣ, махсусан зарфҳо бо омехтаҳои ширӣ ва дорои нӯшокиҳои ширин ва инчунин ташкили шароити бехатари фаъолияти ҳаётӣ дар кӯча, хона ва нақлиёт боқӣ мемонад. Ба ғайр аз ин, Шумо бартарии иштироки кӯдак дар истеъмоли ғизо бо аъзоёни оила, саволҳо оид ба гигенаи ковокии даҳону дандонҳо ва дигар масъалаҳо оид ба ташкили нигоҳубини кӯдак ва дастгирӣ аз ҷониби дигар наздикону аъзоёни оила муҳокима карда мешавад
Ваксинатсия
- Табиб/ҳамшираи оилавӣ тафтиш менамояд, ки оё фарзанди Шумо ваксинаҳои дар ин синну сол пешбиншударо вобаста ба ҷадвали ваксинатсия дар ташрифоти пешина қабул намудааст.
- Назорат карда мешавад, ки фарзанди Шумо дар вақти ваксинатсияи пешина чи аксуламал нишон додааст.
- Агар ҳолати саломатии кӯдак дар меъёр бошад ва ба вояи охирини ваксинаи воридкардашуда ба таври пешбинишуда аксуламал нишон дода бошад, он гоҳ дар ин маврид ваксинаҳои зерин ворид карда мешаванд: ваксина ба зидди бемории сил (БСЖ 2), ваксина ба зидди гулӯзиндонак ва кузоз (АДС) ва инчунин ваксинаҳо ба зидди сурча, баногӯшако ва гулафшон (СБГ 2) ворид карда мешаванд.
- Кормандони тиб пас аз гузаронидани ваксинаҳо оид ба нигоҳубину назорати кӯдак тавсияҳо медиҳанд: назорат кардани ҷои тазриқ ва дар ҳолати пайдоиши сурхӣ муроҷиат намудан ба табиб; дар давоми рӯзҳои аввали ваксинатсия эҳтимолияти пайдоиши аксуламал нисбат ба ваксинатсия бо намуди баландшавии ҳарорати бадан ҷой дошта кӯдак метавонад инҷиқ ва гирёнчак шавад, ки дар ин маврид бо мақсади беҳтар намудани ҳолати кӯдак ба кӯдак бо вояи таъиннамудаи табиби кӯдакона доруи парасетамол додан мумкин аст.
Хулоса
- Дар асоси иттилооти дар вақти муоина бадастомада табиби оилавӣ хулосаи худро дар борои инкишофи вазн, дарозӣ, дарачаи инкишофёбӣ ва ҳолати саломатии фарзанди Шумо иброз менамояд.
- Агар дар баъзе ҷиҳатҳои инкишофи кӯдак дастгирии фаъолу касбӣ талаб карад шавад, он гоҳ кӯдакро ба дигар мутахассис ва ё маркази машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои инкишоф равон мекунанд.
- Табиб давраи пешбинишударо барои муоинаи тиббии оянда хабар дода дар бораи таъмин намудани инкишофи мувофиқ тавсияҳои мувофиқ медиҳад ва метавонад маводҳои гуногуни иттилоотӣ-омӯзишии чопиро низ пешниҳод намояд.
Суръати инкишофёбии кӯдак тадриҷан суст мешавад ва барои ӯ чун пештара диққат, назорат ва дастгирии мувофиқ зарур аст. Барои он ки чизе ба саломатии фарзанди Шумо таҳдид накунад муоинаҳои нақшавиро қатъ накунед.